Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Он забон, ки захм зад оғози кор,
То бишуд аз шарм рӯям пуршарар,
Боз он марҳамниҳӣ кард ихтиёр.
Найзаҳое, ки Ашиллу ҳам падар
Доштанд ин гуна буд, бишнидаам,
Дард медод аввалу дармон дигар.
7 Монда аз деворҳо боло қадам,
Рафтем аз он дарраи ранҷу тааб,
Бе сухан, хомӯш ҳарду пушти ҳам.
10 Дар назарҳо буд на рӯзу на шаб,
Дур пинҳон буд аз ҳадди нигоҳ;
Хест аз шайпур бонги пуршағаб.
13 Раъд ин гуна нағуррад ҳеҷ гоҳ,
Шӯри тундар дар қиёсаш ҳеҷ буд,
Сӯи он дидам мани ҳайратпаноҳ.
16 Хайли поки Шарл нобуд гашт зуд,
Наъраи шайпури Урланду чунон
Раъша кай овард дар ҷону вуҷуд.
19 Рӯ ба он сӯ кардаму рифъатнишон
Дидам он гаҳ бурҷҳои бешумор,
Гуфтам: «Эй устод, чӣ шаҳр аст он?»
22 Гуфт: «Дар ин дури торикиасар
Ту ба нури чашм хоҳӣ рахна зад,
Фанд хоҳӣ хӯрд, бошӣ бохабар,
25 Мерасӣ наздику мебинӣ ту худ,
Чун ҳавоси мо кунад моро фиреб,
Пас каме биштофтан лозим бувад».
28 Дасти ман бигрифт устоди наҷиб,
Пеш аз он ки пештар оем мо,
Гуфт: «Хоҳӣ дид афроди аҷиб
31 Ин қатори бурҷ не – ифритҳо;
Ними болошон биёяд дар назар,
Ними поин аст зери чоҳ ҷо».
34 Соф гардад дудаи маҳ бештар,
Он чӣ пинҳон буд дар зери бухор,
Мешавад дар дидаи мо ҷилвагар.
37 Дур гаштам аз фазои пурғубор
Бар лаби чоҳ омадам, дидам аён
Саҳви худ, ваҳшат бикардам беқарор:
40 Чун ҳисори Мунтараҷюнӣ, ки он
Сар ба сар бурҷ асту дар дохил варо
Чоҳ гирдогирд бошад ҳамчунон,
43 Аз ғиреви «Ҷува», к-ояд аз само,
Карда боло ними аъзои вуҷуд
Ҷумла ифритон ба мисли бораҳо.
46 Он якеро рӯю шона менамуд,
Дидамаш ман синаю ними шикам,
Аз бараш овехта дастон-ш буд.
49 Кард некӯ, чун Табиат дам ба дам
Н-офарид аз ин дадон бисёртар,
То физояд лашкари Миррих ҳам.
52 Зод филону наҳангон бешумар,
Ин бувад мақбули ҳар равшаннигоҳ,
Баски суде ҳаст бар навъи башар,
55 Нест аз зӯроварӣ бадтар гуноҳ,
К-он бувад гар бохирад омехта,
Нест мардумро амон з-он ҳеҷ гоҳ.
58 Рӯи шайтон – коҷи баргаш рехта,
Чун зи кохи Пир назди Рум буд,
Устухонҳояш бало ангехта,
61 Зери девори чаҳе, ки менамуд,
Буд ними дев аз поин ниҳон,
Буд рӯи хок ниме аз вуҷуд;
64 К-он баланд аз се «фаризӣ» бегумон,
Аз гиреҳи зери боронии мард
То лаби гудол буд сӣ шибр аён.
67 Дев бикшода даҳон фарёд кард
Бас муваҳҳаш: «Рофили майи амак
Зобиат алмӣ», ки гӯш омад ба дард.
70 Раҳнамо гуфтам, ки: «Рӯҳи бедарак,
Карнаятро каш, агар дорӣ ғазаб,
Медиҳӣ худро тасалло кам – камак.
73 Боз ҷӯ дар гардани худ он канаб,
То биёбӣ, рӯҳи сарсон, карраной
Бар ба даври синаат дасти талаб».
76 «Мекунад худ бо забон маҳкуми рой, –
Ҷурми Намруд аст, – гуфто устод, –
Ки набошад якзабона ин сарой.
79 Мо ба пешу ӯ ба ҳоли хеш бод:
Баски лафзеро нафаҳмад, ҳамчунон
Дигаронро ҳарфи ӯ набвад ба ёд».
82 Лоҷарам гаштем сӯи чап равон,
Буд ифрите ба ҷои тиррас
Тундхӯ, пурхашмтар аз он дадон.
85 Чун варо дар банд овардаст кас?
Буд бозуи чапаш занҷирбанд,
Рӯи сина, росташ баста ба пас.
88 Ӯ зи гардан то ба поин дар каманд,
Ними пайдои танашро панҷ бор
Буд гирдогирд печонида банд.
91 Раҳнамоям гуфт: «К-ин ифрити ҳор
Бо «раб-ул-арбоб» – он болонишин,
Панҷа зад, муздаш бувад бар ин қарор.
94 Ин Фиалтис; чун худоёнро зи кин
Дар ҳарос афканд бо ифритҳо,
Даст ҷунбондан натонад баъд аз ин».
97 Ман бад-ӯ гуфтам: «Агар бошад раво
Шакли Барёра бидидан аз қариб,
Нохушандоми варо бо ман намо».
100 «Дидани Онта туро гардад насиб, –
Дод посух, – нест дар занҷир ӯ,
Таҳ ниҳад моро дар ин ҷойи муҳиб.
103 Он ки хоҳӣ дуру андар зер ӯ,
Мисли он ифрит дар банду намуд,
Лек аз он ҳам ваҳшию даррандахӯ».
106 Зилзила ҳаргиз наларзонида буд,
Бурҷро он сон, ки медодӣ такон
Ин Фиалтис бо ғиреваш зуд-зуд.
109 Беш тарсидам ман аз марг он замон,
Гар надидам бар тани ифрит банд,
Буд он вақти ҳалокам бегумон,
112 Рафтем аз он ҷо ба роҳи хеш чанд,
Дидем Антуро зи чаҳ ниме бурун,
То сараш тан буд панҷ аршин баланд.
115 «Эй ки дар дашти саодатбахш чун
Зистӣ, Сипюнаро пирӯз сохт
Сарнавишташ, карда Ҳонибал забун, –
118 Шери бисёре зи дастат ҷон бибохт,
Гар дар он пайкор, пиндорад башар,
Бо бародарҳош дӯшодӯш тохт,
121 Зодагони Хокро будӣ зафар,
Зери Қӯшитуи яхбаста фурор
Беғазаб моро кунун ту зудтар.
124 Тисусу Тифу намеоянд кор:
Ин ки бинӣ, бидҳадат бахше гарон,
Хам бишав, аз рӯйтӯршӣ даст дор.
127 Созадат номовари номоварон.
Баски дер ӯ зиндагӣ хоҳад намуд,
То нахонад эзидаш аз ин ҷаҳон».
130 Гуфт устод; он дигар биштофт зуд,
То варо бардошт бо даст аз замин,
Он тавон Ҳаркӯл худ ҳам дида буд.
133 Верҷил шуд дар кафи ӯ ҷогузин,
«Пештар о, – гуфт, – баргирам ба бар»,
Кард оғӯшам ба дасти оҳанин.
136 Ҳамчу Корисинда ояд дар назар,
Ки сараш гоҳи убури абру дуд,
Хам намояд андаке сӯи дигар,
139 Ҳамчунон Онта ба тори сар намуд,
То бидидам, кардам аз тарс орзу,
Кош роҳи дигаре буд бар фуруд.
142 Ӯ сабук бинҳод бар асфал фурӯ,
Ки Яҳудо, Лусифар буданд ҷо,
Пас дубора қоматаш бардошт ӯ,
145 Аз хамӣ чун тири киштӣ бар фазо.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ СИВУ ЯКУМ
Чоҳи ғӯлҳо.
4-6. Найзаҳое, ки Ашиллу ҳам падар. – Найзаҳое, ки ба Ашилл аз падараш Пелеу расида буд, гӯё хосияте доштанд, ки дар зарбати аввал захмӣ мекарданд ва дар зарбати дуюм даво.
16-18. Ишора ба «Достони Рулон»-и фаронсавӣ, ки дар он Рулон фармондеҳи дастаи сарварони шарламонӣ ба ҳуҷуми мусулмонони Андалусия гирифтор шуда, шайпури худро бо тамоми қувва чунон навохт, ки аз ду фарсанг ба гӯши Шарламонӣ расид.
43-46. Ифритон – (титанҳо, девҳо) мехостанд, ки осмонро мусаххар кунанд, вале Зевс онҳоро бо барқҳои хашмаш торумор кард.
46-81. Он якеро рӯю шона менамуд. – Ишора ба Намруд, нахустин подшоҳи Бобул, ки аз ӯ дар «Таврот» ҳикоят шуда. Мехост кохи баланде то осмон бисозад ва дар он ҳангом мардум забони ягонаи худро гум карданд.
58-60. Баргаш рехта – ишора ба меваи коҷи фулузии калоне, ки дар муқобили калисои Сан-Петру насб шуда, бештар аз чаҳор метр буд.
113-121. Анту – писари Позейдун, Худои дарё ва Толус, раббулнавъи замин имтиёзе дошт, ки чун пушташ бар замин мерасид, қувват нав мегирифт, зеро модараш замин буд ва аз ин рӯ, ҳеҷ кас ӯро кушта наметавонист, то Ҳаркул, паҳлавони мағлубнопазир ӯро бардошт ва он қадар дар осмон нигоҳ дошт, ки хафа шуда мурд.