Қофия буд пурниҳебу ҷонгазо,

Гар чунон, к-ин вартаро боистӣ,

К-он бувад такя ба дигар сахраҳо,

 

Фикри худ суфтан чунон шоистӣ;

Чун надорам ман пасованде чунин,

Ҳарфи ман ҷуз тарсу ваҳме, чистӣ?

 

7 Бохабар, тавсифи асфалсофилин

Нест коре, ки сабук пиндорияш,

«Момаю» «бобо» бигуфтан нест ин.

 

10 Дорад арзон, кош, Бону ёрияш,

К-Амфиюнро дошт, то созад Тиба,

То кунам мадҳу сано ҳақкорияш.

13 Ҷумла малъунон, ки бо ҳоли табаҳ,

Сокин ин ҷоед, аз рӯзи азал

Гӯсфанду буз агар будед беҳ!

 

16 Хешро дидем дар чоҳи ақал;

Умқи зулмонию ифрити тиҳӣ,

Гирди чаҳ буд ҳайратафзо бебадал,

 

19 Дод ногаҳ одамиям огаҳӣ:

«Зери по бингар! Ки бар сарҳои мо –

Додарони тирарӯзат по ниҳӣ!»

 

22 Пушти сар баргаштаму дар зери по,

Кӯли яхбандӣ бидидам чун булӯр,

Ях на обӣ, шишагун будӣ варо,

 

25 Дар Дунаб, Утришу, Тоноиси дур

Нест ҳатто дар зимистонҳои сард

Қишри ях ин сон захиму сахту зӯр;

 

28 Томбирник, Питрапоно нест хурд

Ҳардуро якҷоя, лек орӣ фуруд,

Рӯи ях асло нахоҳад қирсӣ кард.

 

31 Хушачиниҳои зан дар хоб буд,

Ғукҳо ҳам пӯзашон монанди он

З-об бардоранд баҳри бонг зуд,

 

34 Ҳамчунон арвоҳи осӣ буд ниҳон

Зери ях то ҷилвагоҳи шарму ор

Рӯи ҳам мехӯрд дандонҳояшон

 

37 Ҳамчу нӯли лаклакон, бо ҳоли зор

Дар даҳон буд ҳисси сардӣ сахтасар,

Дар ду чашм эҳсоси ранҷи бешумор.

40 Дида ҳар сӯ, зери по кардам назар,

Дӯзахӣ дидам ду тан ҷафсу қарин,

Ки ба ҳам печида будшон мӯи сар.

 

43 «Синаафшорон ба ҳамдигар чунин

Кистед, охир, – бигуфтам, – рӯ ба мо

Кардаву гардан кашида бас ҳазин,

 

46 Аз ду чашм афтод чун ашки ано,

Дар замон аз фарти сармо ях бубаст,

То ба ҳам часпид пилки чашмҳо,

 

49 Ки ду чӯб ин гуна ночаспидааст.

Лоҷарам гаштанд хашмин ду нафар,

Чун ду қӯчи шох бар шохею маст.

 

52 Гӯшсармобурда осии дигар

Гуфт бо ман: «Ин чӣ густохист, ҳон,

Ки барандозӣ ту моро сар ба сар?

 

55 Гар ту мехоҳӣ шиносӣ он ҳамон

Даррае, к-аз Биснузу сар мешавад,

Буд зи эшон, Олбарто – ҷаддашон.

 

58 Ин ду додар зодаи батне бувад,

Ҷӯӣ ар Қобилро ҳам ҳар тараф

Нест рӯҳе мислашон, ки ях бизад.

 

61 На ҳамон, к-Артур шаҳ шуд чун ҳадаф,

Сояву ҳам синааш бишкофтаст

Ин Фукаччо, на дигар он бешараф,

 

64 Ки сараш пеши нигоҳамро бубаст,

Ном-ш Сосул Мускурунӣ буду ту

Гар ту Тусконӣ бувӣ, донӣ, кӣ ҳаст.

67 То нахонӣ дигарам бар гуфтугӯ,

Ман Камисуни де Путзи интизор

Корланоро, кам шавад ҷурмам аз ӯ».

 

70 Рӯкабуд дидам зи сармо бешумор,

З-ин сабаб ҳар кӯл яхбаста бувад,

Созадам дар ларзаву дилбеқарор.

 

73 Раг ба раг ларзон зи сармои абад,

Раҳ ба сӯи марказе бурдем зуд,

К-он чӣ дорад вазн, рӯяш оварад.

 

76 Буд тасодуф, амд ё тақдир буд,

Ногаҳон по кӯфтам ҳини гузар

Ман ба рӯи он ки андар зер буд.

 

79 «Аз чӣ мекӯбӣ лагад, – нолид сар, –

Мунтапартиро кашӣ ё интиқом,

Аз чӣ ранҷам мекунӣ бисёртар?»

 

82 Гуфтам: «Эй устод, лахте дор гом,

То ки аз тардиди ин оям бурун;

Меравам пас бошитоби бардавом».

 

85 Раҳнамо истод, бо сӯзи дарун

Гуфтам онеро ки гуфтӣ носазо,

«Кистӣ, ки мезанӣ таъни фузун?»

 

88 Дод посух: «Кистӣ худ, беибо

Бигзарӣ, к-аз Онтанурою чунон

Сахт мекӯбӣ лагад бар рӯи мо?»

 

91 Посухаш додам, ки: «Ҳастам зиндаҷон,

Гар туро номоварӣ бошад умед,

Сабт хоҳам кард номатро, бидон».

94 Хоҳам акси он ки ду гӯшам шунид, –

Гуфт, – рав з-ин ҷо, наёзорам ту беш,

Чораи таълифи мо н-ояд падид».

 

97 Ман варо бигрифтам аз мӯи пареш,

Гуфтамаш: «Андар сарат як тор ҳам

Мӯ намонад, то нагӯӣ номи хеш!»

 

100 В-ӯ ба ман гуфто: «Агар мӯи сарам

Меканӣ ҳар тор, кай гӯям ҷавоб,

Гар занӣ лак-лак лагад ҳам дам ба дам».

 

103 Ҳалқаи мӯяш ба дастам дода тоб,

Ман ба зӯрӣ кандамаш аз тори сар;

Сар ба зер ӯ зӯза мезад аз азоб.

 

106 Дӯзахие бонг зад: «Буко дигар

Буд дондонсоиҳоят ҷонгудоз,

Боз аккас мезанӣ, ҷин зад магар?»

 

109 «Посухатро, – гуфтамаш, – набвад ниёз –

Зиндагонро ман хабар бидҳам зи ту,

Хоини малъун, шавӣ шарманда боз».

 

112 Гуфт: «Гум гав, ҳарчӣ мехоҳӣ, бигӯ,

Гар аз ин ҷо пои ту берун шавад,

Ёд кун з-ин лаққию аҳволи ӯ.

 

115 Ранҷаш аз пули фаронсуён бувад,

Гӯй: «Дуиро бидидам, мекашид

Дар яхистон кайфару ранҷи абад».

 

118 Боз пурсандат, киро чашмат бидид,

Дар канорат Бикриё дорад азоб,

Ки фулуронӣ гулӯяшро бурид;

121 Ҳоли Ҷони ди Суландонир хароб

Дар канори Голинул, Тобалдулоҳ,

К-ӯ дари Фоин кушудӣ айни хоб.

 

124 Мо ба дур аз дӯзахӣ бурдем роҳ,

Дида андар чаҳ ду рӯҳи яхзада,

Ки якеро сар ба дигар буд кулоҳ.

 

127 Ончунонки гушна бар ҷон омада

Нон хурад, болосараш дандон занад,

Бар буни гардан, ба мағзи  таҳ буда.

 

130 Тида гоҳи хашм, хашми беҳудуд

Чаккаҳои Монилипурро чунон

На ҷавида аз ғазаб, нагзида буд.

 

133 Гуфтамаш: «Ӯро ки ҳамчун душманон

Мехурӣ бо кинаи сахте, бигӯ,

Аз чӣ ин сонаш кунӣ озурдаҷон,

 

136 Шикваи ту гар ба ҷо бошад аз ӯ, –

Чун бидонам кистӣ, ҷурми ту чист,

Рӯи дунёят диҳам музди накӯ.

 

139 То забонам аз сухан вомонда нест».

 

 ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ СИВУ ДУВУМ

Табақаи нуҳӯм. – Хоинон ба волидайн ва хешон. – Хоинон ба ҳамфикрон ва ба ватан.

  1. Амфиюн – аз рӯи асотири юнонӣ барои сохтани девори атрофи шаҳри Тиб гумошта шуд ва нағмаю созаш чунон хуш буд, ки худи сангҳо аз кӯҳҳо фуруд омада, дар деворҳо қарор мегирифтанд.

16-18. Шоир ба он ишора мекунад, ки ифрит Антуус худ ҳаракат карда наметавонад, аммо онҳоро ба дастонаш ба табақаи охирини Дӯзах гузоштааст.

  1. Гӯянда Дантеро яке аз дӯзахиёне гумон мекунад, ки нав ба ин ҷо омадааст.
  2. Тоноис – номи юнонии дарёи Дон.
  3. Томбирник – кӯҳе, ки ҳоло ҳам кадом ва дар куҷо будани он маълум нест.
  4. Питрапоно – қаторкӯҳҳое дар Итолиё дар байни рӯдхонаи Саркию ва Мадитарона.
  5. Ҷилвагоҳи шарму ор – чеҳра.
  6. Дӯзахӣ дидам ду тан ҷафсу қарин. – Инон аз рӯи хабари бародарон Александро ва Наполеоне делли Олберто ашрофзодаҳои Мангон, писарони Олберто ҳастанд, ки дар асри ХIII соҳиби қалъаи Бизенсо буданд ва аз душмании шадид дар охир ҳамдигарро куштанд.
  7. Гӯшсармобурда осии дигар – ин дӯзахӣ Камичон де Путси мебошад.
  8. На ҳамон... – Ишора бо подшоҳи Инглис, ки аз қасди хоинонаи писари номашрӯҳаш Мордрек хабар ёфта, ӯро ба як зарбаи шамшер нобуд кард. Аз рӯи ривояте, ки дар романи оид ба Ланчелотта карда мешавад, аз ҷои захми Мордрек нури офтоб гузашта, сояи ӯро аз замин бардошт.

Мордрек пеш аз мурдан Артурро захмӣ кардааст, ки ӯ ҳам мурдааст.

  1. На Фукаччо – Фукаччо деи Кончелри, аз маъруфони шаҳри Пистуё, ки ӯро ба хешовандкушӣ гунаҳкор кардаанд.
  2. Сосул Мускурунӣ – аз аҳли Флуронс, ки писари амаки худро кушта, ба молаш соҳиб шудан мехост, вале овоза паҳн шуд ва пас худи ӯ ҳам кушта шуд.
  3. Ман Камисуни де Путси – аз хонадони Путсӣ, яке аз хешовандони худро ноҷавонмардона кушт.
  4. Карлано – аз аҳли хонаводаи Путсӣ, маъмури қалъае дар Валдарону буд, вале ришва хӯрда, онро ба «дастаи сиёҳҳо» таслим кард, ки чанд хешованди худаш ҳам кушта шуд.
  5. Раҳ ба сӯи марказе бурдем зуд. – Ишора ба нуқтаи ниҳоии Дӯзахи Данте, ки маркази вазнини дунёст.
  6. Мунтапарти – номи биёбоне, ки дар он 1260 ҷанги хунин миёни гибелинҳо ва гивелфҳо шуда буд.
  7. Онтануро – номи қисмати дуюми табақаи нуҳуми Дӯзах аст, ки дар он хоинон ба Ватан ҷазо мебинанд. Номи қисмати аввал, ки бародару хешовандкушон дар он азоб медиданд, аз номи Қобил сохта шуда, номи ин қисмат аз номи Онтану, шоҳзодаи Таруё, ки шаҳр ва муҷассамаи маъруфро ба юнониён фурӯхта буд, гирифта шудааст.
  8. Буко – Буко делли Оботӣ, аз гивелфҳои барҷаста, хоин, ки дар ҷанги Монтапарти дасти байрақбардори гивелфҳоро шамшер зада бурид, ки дар сафи саворон парешонӣ афтода, ҷангро бой доданд.
  9. Дуеро-Буозо ва гибелинҳои маъруф, хоин, ҳокими ноҳияи Кармуно, ки ҳангоми ҳуҷуми қувваҳои Шарл де Анжу ба хотири пуле, ки аз ӯ гирифта буд, роҳро кушод.
  10. Бикриё – Тезуаро де Бикриё, намояндаи поп дар Тускониё. Пас аз ронда шудани гибелинҳо гивелфҳо ӯро ба хиёнат ва қасди таслим кардани шаҳр айбдор карда бикуштанд.
  11. Ҷонни ди Суландонир, аз раисони гибелинҳо, ки ба дастаи худ хиёнат кардааст.

122-123. Голинул, касе ки дар набарди Рулон бо мусулмонони Андалус хиёнат кард, ки боиси қатли Рулон ва шикасти масеҳиён гашт. Тобалдуо Мубаррозӣ – аз аҳли Фаинҷо, гибелин, ки соли 1280 барои қасосгирӣ дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи гивелфҳои Булуниё кушод ва шаҳрашро ба душманон таслим кард.

  1. Тида – яке аз шоҳоне, ки шаҳри Тибро муҳосира карда, ба дасти Моналиппу захмӣ шуд ва ҳангоми наздикии марг аз Капонеу дархост, ки сари Моналиппуро ба ӯ биёранд, то онро шикасту аз мағзаш бихӯрд ва пас бимурд.