Дӯзахӣ бас кард хӯрдан, пок кард

З-он ғизои нафратангезаш даҳон,

Бо муи он сар, ки хӯрду чок кард,

 

Гуфт: «Хоҳиям аз он ранҷи гарон,

Лаб кушоям ман ба гуфтори муҳиш,

Ки хаёлаш мефизояд ранҷи ҷон.

7 Гар сухан базре бувад, ки мевааш

Нанги хоинест, к-ӯро мехурам,

Гирярӯ мегӯямат бо дарду ғаш.

 

Аз куҷою кистӣ мебингарам,

10 Мениюшам чун туро ҳарфу сухан

Тускание буданат пай мебарам.

 

13 Будаам Кунт Угулан ман як заман,

Дигар усқуф Руҷирӣ андар канор,

Гӯям аз ҳамсоягони хештан.

 

16 Эътимодаш доштам дар рӯзгор,

Лек зиндонам бикард ин бадниҳод,

Пас ба коми марг додам ихтиёр,

 

19 Моҷарои талхи  маргам ёд бод,

То ту донӣ, чун надонад ҳеҷ кас,

К-ӯ маро чун ранҷу озоре бидод.

 

22 Танг девори шикофи он қафас –

Ном пас бигрифт Бурҷи Гушнагон,

Дигаронро мешавад зиндон сипас.

 

25 Шаб зи равзан дидаам маҳро нишон,

То шабе кобус дидам, ногувор;

Пардаи ояндаро бидрид он.

 

28 Буд ӯ сардастаи аҳли шикор,

Пушти Луко, теппаи аз чашм дур

Кард сайди гургу насли ширхор.

 

31 Аз паси сагҳои мода, чусту зӯр,

Говаланди, Сисмундиҳо давон,

Низ Лонафрокиёни носабур.

34 Ҷони фарзандон, падар кай монд амон,

Аз таоқиб хаста гаштанду халид

Тез дандоншон ба лаҳму устухон.

 

37 Норасида субҳ, гӯшам мешунид

Сӯги нонхоҳии фарзандон ба хоб,

Гушнамон медошт бас он мустабид.

 

40 Бесиришк орӣ чу бар ин қисса тоб,

Гар нагирйӣ, з-он чӣ бар ҷонам гузашт,

Пас бигирёнад чӣ сон дарду азоб?

 

43 Бачаҳо бедору шаб ҳам рӯз гашт,

Вақти хӯрок омад аз мо ҳар нафар

Хоби худ дар ёд бар дар менигашт.

 

46 Лек овоз омад аз зерина дар;

Мехкӯбаш менамуданду ба ғам

Ман ба рӯи ҳар писар кардам назар.

 

49 Ман набигристам, бишуд сангин дилам;

Гирявар фарзандҳо; Анселмучо:

«Эй падар, – гуфто, – чӣ бинӣ бо алам?»

 

52 Ман тамоми он шабу рӯзи  Худо

На сухан гуфтам, на ашкам омада,

То бизад сар шоми дигар дар само.

 

55 Чун шуое тофт бар он ғамкада,

Дида рӯи чор тан фарзанди хеш,

Ёфтам ман низ ҳолам чун буда.

 

58 Даст бо дандон газидам, гашт реш,

Ҳар яке пиндошт хоҳам хӯрданӣ,

Як писар аз дигаре мегуфт пеш:

61 Гар падар ту кам ғами мо карданӣ,

Ҳар яки моро бихӯр, азбаски ту

Додӣ ин танро, тавонӣ бурданӣ».

 

64 То наозорам шудам оромхӯ,

Дар хамӯшӣ шуд ду рӯзи бемазод,

Эй замин, аз чӣ набурдимон фурӯ!

 

67 Рӯзи чорум зери пои ман фитод,

Бехабар Годду: «Падарҷонам мадад

Кун ба ман!» гуфту ба ҳасрат ҷон бидод.

 

70 Ҳамчуноне чашми ту бар ман бувад,

Дидаам ман марги боз он се писар,

Рӯзи панҷум ҳам шашум бо чашми худ.

 

73 Тира шуд чашмону кардам ламс сар,

Боз ман бо ном хондамшон ду рӯз,

Гушнагиям кард пас ранҷуртар.

 

76 Ин бигуфту бо нигоҳи кинатӯз

Чун саги гушна, ки хояд устухон

Хаст дандонаш ба мағзи тирарӯз.

 

79 Оҳ Пизо, нанги ин зебомакон,

Ки дар он гӯянд, «си!», дар ҳукми ту

Гар тааллул дошта ҳамсоягон,

 

82 Копроё, Гургуно ҷунбанд, бӯ,

Дар масабби Орно созанд сад,

То дар он ғарқанд халқи зиштхӯ!

 

85 Кунт Угулан зуд гар бо дасти худ

Хоинони қалъаро бар хасм дод,

Ранҷи фарзандони ӯ ҷоиз набуд.

88 Эй Тиба, дорӣ ҷавонишон ба ёд,

Ҳам Угуччуна, Баригото надошт

Чун дуи дигар гуноҳе дар ниҳод.

 

91 Ҷониби пеш устодам по гузошт,

Назди худ дидем халқеро, ки он

Тан саропо зери ях вожуна дошт.

 

94 Аз гиристан боз дорад ашкашон,

Раҳ наёбад бар бурун дарду ано.

Таҳ равад, афзун кунад ранҷи гарон:

 

97 Дар замон ях баста ашки дидаҳо,

Чун ниқоби шишагин буд дар назар,

Зери мижгон пур  намуда чоҳро,

 

100 Рӯй ях кардам зи сармо бехабар

Ҳамчу захми кабрабаста ногувор

Гашта буд маҳруми эҳсосе дигар.

 

103 Гӯиё боде вазон буд аз канор,

Гуфтамаш: «Устод ин бод аз куҷо?

Чунки хомӯш аст ин ҷо ҳар бухор?».

 

106 Ӯ бигуфтам: «Меравӣ ҳоло фаро,

Чашми ту бар пурсишат гӯяд ҷавоб,

Аз куҷо ин бод гардад ибтидо».

 

109 Дӯзахие кард аз яхҳо хитоб:

«Эй шумо, арвоҳи асфалсофилин,

Рафта он ҷо, ки кашед аҷзу азоб,

 

112 Парда бардоред аз рӯи ҳазин,

Пеш аз он ях бандад ашки чашми ман.

Дил тиҳӣ созам даме з-он дарду қин».

115 Гуфтамаш: «Хоҳӣ чунин, мегӯ сухан,

Хеш бишносон, таҳи ях меравам

Гар дурӯғе гӯямат бешакку занн!»

 

118 «Роҳибам, – гуфт – Албариго мешавам –

Мевае аз шохи зиштию бадӣ,

Киштаи худ ман дар ин ҷо бидравам».

 

121 «Эй шигифто! – гуфтамаш, – мурда будӣ?»

Посухам дод ӯ: «Намедонам чӣ ҳол

Бар сари ҷисми ман он ҷо омадӣ,

 

124 Баски андар Тулама беқилу қол

Пеш аз он ки рӯҳи касро Атрупус

Даст гирад, гардад ин ҷо интиқол.

 

127 То зи рӯям пок созӣ бефусӯс

Ашки яхро, дон, ки рӯҳи муртакиб

Гар чу ман ҷурме кунад сахт обнус.

 

130 Меравад шайтон ба ҷисми муншаиб,

Мезияд он ҷисм бо фармони дев,

Бигзарад то умри бар тан мунтасиб.

 

133 Рӯҳ меафтад ба луҷҷа боғирев,

Ҷисми хокии яхинрӯҳ эҳтимол

Мекунад он ҷо ба мардум макру рев.

 

136 Тозаомад бошӣ, огоҳӣ зи ҳол:

Ин бувад рӯҳи Баронко Д-урё:

Бастаи зиндони ин ҷо чанд сол».

 

139 «Ришханде мекунӣ, – гуфтам, – ба мо,

Бас Баронко Д-урё бошад ҳаёт,

Нӯшаду хобад, хурад, пӯшад қабо».

142 Гуфт: «Мишел Зонча, ҳоло з-ихтилот

Тан дар он гудоли пурқатрон надошт,

Буд зи бадчанголҳо андар наҷот,

 

145 К-ӯ тани хокӣ ба шайтоне гузошт,

Омад ин ҷо: ҳамқарини ӯ дигар

Низ кард ин сон, ки ҷурм ин гуна дошт.

 

148 Даст пеш ору маро бишко назар!»

Ҳеҷ накшудам ба каф чашми варо,

Чун набудаш хайр, мекардам-ш шар.

 

151 Эй ҷануиҳо, разоил – ошно,

Аз фазоил бенасибу бехабар,

Ин замин кай мешавад пок аз шумо?

 

154 Аз бади рӯмониёрӯҳе батар

Аз шумо рӯҳе ба чашми ман намуд,

К-ӯ ба яхҳои Касит шуд ғӯтавар.

 

157 Ҷисмаш аммо рӯи дунё зинда буд?

ТАВЗЕҲОТ

Д Ӯ З А Х

СУРУДИ СИВУ СЕВУМ

Табақаи нуҳум. – Минтақаи дуюм (Антунура). – Хоинон ба ватан ва ба ҳамҳизбон (давомаш). – Минтақаи севум. Хоинон ба валинеъматон ва дӯстон.

13-15. Кунт Угулан- Угулан делла Гарордеско, яке аз роҳбарони шаҳри Пизо ва дастаи гивелфҳо, ки бо бародарзодааш Нину Висконти ихтилофи назар дошт, бо усқуф Руҷерри делли Уболдинни гибелин пинҳонӣ забон як карда, ӯро аз миён бардошт. Пас усқуф аз ин истифода карда мардумро бар зидди Угулан шӯронд ва ӯро бо ду писару ду наберааш соли 1289 дар бурҷи маъруфи Говаланди маҳбус карда, аз гуруснагӣ кушт.

28-31. Буд ӯ. – Руҷерри. Гург – Угулан. Насли ширхорафарзандон ва наберагони Угулино.

32-33. Говаланди, Сисмундиҳо, Лонафранкиён – ҷонибдорони усқуф Руҷерри, ки барои аз байн бурдани Кант Угулан ҳамдастӣ карданд.

  1. Ишора ба хоби бад диданашон.
  2. Фарзандон – Угулино ду писару ду набераашро дар назар дорад.
  3. Дар он гӯянд «си» - дар кишвари Итолиё мардум бисёр «си» - (ба маънои бале, чаро, худ) мегӯянд ва Данте сигӯён забони итолиёвиро дар назар дорад.
  4. Копроё, Гургуно – ду ҷазирае дар назди рӯди Орно, ки дар тасарруфи шаҳри Пизо буд.

85-90. Кунт Угулан дар соли 1284 яке аз қалъаҳои Пизоро ба Флуронс бахшид. Аммо Дантеро бегуноҳ кушта шудани фарзандони ӯ ором намегузорад. Угучуна, Баригото – лақабҳои наберагони Угулино. Дуи дигар – Гаддо ва Анселмучо.

  1. Ҷониби пеш устодам по гузошт.

Минтақаи севуми табақаи нуҳум, Толомио ном дошта, ки дар он хоинони меҳмонкуш азоб мебинанд. Унвони ин минтақа аз номи Толомея, ки падарзани худ, рӯҳонии яҳудро ба зиёфат хоста, ӯро бо ду писараш аҳдшиканона куштааст (соли 135 то солшумории мо), гирифта шудааст.

  1. Роҳибам... Албариго – аз хонадони Монфардӣ, аз раисони шаҳри Фойинтосо, ки соли 1285 хешовандони худ Монфард ва ду писари ӯро барои оштӣ ба зиёфат хоста, дар охир ба хидмадгорон «Акнун мева биоваред» гӯён ба қатли онҳо ишорат кард. Аз ин рӯ, Данте ӯро «мевае аз шохаи зишту бадӣ» мегӯяд.
  2. Атрупус – ниг. ба тавзеҳи суруди 21 «Дӯзах».
  3. 137. Баронко д-Урё – ниг. ба тавзеҳи суруди 22 «Дӯзах»
  4. Аз бади рӯмониёрӯҳе батар. – Ишора ба Албариго деи Монфардӣ, аҳли Фаинтосо.
  5. Рӯҳе ба чашми ман намуд. – Яъне Баранко д-Орё.