Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Рояти шоҳони дӯзах сӯи мо
Мерасад, – гуфт устод, – ар метавон
Доданаш ташхис, бин рӯ бар фаро.
Шоми торику ҳилоли маҳ чунон
Рӯи дунёро гирифта буд ба бар;
З-осиёби дур, гӯ, дидам нишон.
7 Ман панаҳ бурдам ба пушти роҳбар
Аз шамоли тунду аз тарси ҳалок,
Чун набуд он ҷо панаҳгоҳи дигар.
10 Омадем он ҷо, ки васфаш бимнок,
Ҷумлаи арвоҳ буд пӯшидарӯ
Зери шиша чун пари каҳ, чун ситок.
13 Истода, хуфта дар пушту парӯ,
Сар ба поён, по ба боло ях зада,
Чун камон сарро ба по бурда фурӯ,
16 Рафтем андак, раҳнамо пеш омада
Рӯи онеро ҳамедодам нишон,
К-ӯ замоне мазҳари зебо буда,
19 Рафт аз наздам, ман истодам чунон,
Гуфт: «Ин Дитост в-ин ҷоест ту,
Ки далерият кунӣ бояд аён».
22 Аз табу тобам макун ту пурсуҷӯ,
Дигар, эй хонанда, зеро ҳар сухан,
Қосиру суст аст дар тавсифи ӯ.
25 Бас на мурда будаму на зинда ман,
Пас бидон, маҳрум аз он маҳрум аз ин,
Ман чӣ ҳоле доштам дар он заман.
28 Подшоҳи он диёри ранҷу қин,
Дошт ними синаро аз ях бадар,
Ҳеҷ ифрите набуд бо ӯ қарин,
31 Дар азимӣ, баски ифрити дигар;
То миён меомадаш, з-ин қисм ту
Кун қиёс ӯро, ки донӣ хубтар.
34 Хуб буд, акнун чунон бадрӯст ӯ,
Мояи зиштист ҳоло, беибо,
Бар илоҳӣ кард, охир, турш рӯ.
37 Ҳайратам афзуду гаштам бесадо,
Чун сараш дорои се сурат намуд,
Сурхрӯ буд сурати аввалнамо.
Пас ду сурат, ки бад-он пайваста буд,
Мебаромад аз миёни китфи он,
Ҳар се дар боло ба ҳам вобаста буд.
43 Рост рӯям буд сафеду заъфарон,
Ранги чап чун мардуми он сарзамин,
Ки дар он ҷо Нил мебошад равон.
46 Зери ҳар сурат ду боли саҳмгин
Руста буд шоистаи мурғи калон,
Кай ба дарё бодбон дидам чунин.
49 Ҳамчу боли шабпарак бепар буд он,
Чун ҳамеҷунбондашон аз зери бол,
Мешудӣ се риштаи боде вазон.
52 Кучито ях баста буд аз ин шамол,
Ашки он шаш чашму хуноби даҳан
Рехт бар се шонааш бо иттисол.
55 Дошт дар ҳар ком осӣ мумтаҳан
Ҳамчу чархе, ки кунад шаҳдона хурд,
Дастосе ранҷа медиду шикан.
58 Пешӣ аз дандон чунон ранҷе набурд,
Чун пасӣ, ки зарби шайтонаш забун
Карда пушташ, пӯст бо хун месутурд.
61 Гуфт раҳбар: «Ранҷи ин аз ҳад фузун,
Исхариюти Яҳудо аст ӯ,
Сар ба коми деву по андар бурун.
64 З-он дуи дигар, ки сар дорад фурӯ,
Ин- Бурут; аз фуки дев овехта,
Печутобе мехурад бегуфтугӯ.
67 В-он дигар – Кассий – ситабру рехта.
Лек шаб омад; бишуд ҳангоми рафт;
Дидаем арвоҳи нофарҳехта.
70 Дастро бар гарданам андоз, гуфт,
Интихоби вақт карду ҷойгоҳ,
Болҳо бикшуд чун деви бадафт,
73 Чанг зад паҳлуи пурпашми сиёҳ,
Аз сари мӯе ба зер овехт он,
В-аз миёни мӯю ях бигрифт роҳ.
76 Дар раҳи худ чун расидем мо ба рон,
Сар ба сӯи пои шайтон кард боз
Хастааҳвол устоди роҳдон.
79 Пас чу он кас ки равад сӯи фароз
Гашт овезон ба мӯ, кардам гумон
Бар ҷаҳим устод рӯ овард боз.
82 Мекашид усто нафас чун хастагон,
Гуфт: «Маҳкам дор, гардем мо бадар,
З-ин диёри зишт бо ин нардбон».
85 Рафт аз сӯрохи харсанги забар,
То нишонд андар канори он маро,
Сӯи ман омад ба иқдоми зафар.
88 Чун ба шайтон, ман назар кардам фаро,
Буд гумонам боз мебинам чунон,
Дидам, аммо сарнагун боло ду по.
91 Одаме, к-асло надонад ман чӣ сон
Роҳ рафтам, омадам ин ҷой низ,
Дилпарешонам кунад ин дам гумон.
94 Гуфт устодам: «Кунун бар по бихез,
Роҳи ноҳамвор дорему дароз,
Шамс аз ними саҳар карда гурез.
97 Ҷои мо буд ғор, на толори боз,
Буд ноҳамвор сатҳаш аз дарун,
Ҳам намеомад фурӯғе аз фароз.
100 Гуфтам: «Эй устод, по монам кунун
Ҳамраҳи ту зуд з-ин жарфи азоб,
Гӯ ба ман то аз хато бошам бурун,
103 Баҳри ях ку? В-ин чӣ дарди беҳисоб,
Ки биистад доимо вожуна ин,
Чун расид аз шом то бом офтоб?»
106 Дар гумонат, мо дар он сӯи замин, –
Ки ба кирм овехтам, он ҷо, – бигуфт,
К-ӯ замин сӯрох карда ҳамчунин,
109 То танам вожуна поин гашту рафт,
Будӣ он ҷо, пас, гузаштӣ з-он миён,
Ки ҳама анҷом рӯ он сӯ бихуфт.
112 Бар фарози туст тоқи осмон,
Моваро тоқи баланду хушк буд,
Дар таҳи он зод маъсуми ҷаҳон.
115 Зист маъсуму ҳамон сон кушта шуд.
Курраи хурд аст ҷои истод,
Ними дигарро Яҳудо хон ту худ.
118 Чун ғуруб он ҷост, ин ҷо бомдод;
В-он ки пашмаш сохт бар мо нардбон,
Дар ҳамон ҳол асту андӯҳи зиёд.
121 Дарфитод ӯ як замон аз осмон,
Ин замин, ки дошт дар ин сӯ қарор.
Кард дарёро ҳиҷоби худ пасон,
124 То бишуд дар кураи мо устувор
Ин замине, ки бубинӣ тори сар,
Худ ба боло рафт, карда з-ӯ фирор».
127 Буд зи Билизбут ҷое дуртар,
Дар дарозои дафина он макон
Ки ба осонӣ наояд дар назар.
130 Аз садои ҷӯйборон метавон
Лек пай бурдаш, ки зери санг буд,
Сангро бишкофту ҷӯ шуд равон.
133 Раҳнамою ман ниҳода пой зуд,
То ки бозоем бар дунёи нур,
Ҳеҷ ороме надода бар вуҷуд;
136 Ӯ зи пешу ман зи пас рафтем ҷӯр,
Дидем аз он сӯи равзан мо нишон
Оқибат аз паҳнаи зебои дур;
139 Ахтарони шӯъларези осмон.
ТАВЗЕҲОТ
Д Ӯ З А Х
СУРУДИ СИВУ ЧАҲОРУМ
Табақаи нуҳум. – Минтақаи чаҳорум. – Хоинон ба валинеъматон. – Лютсифер. – Хоинони бузурги Худованд ва одамият. – Маркази дунё. – Хурӯҷ аз Дӯзах.
10-15. Омадем он ҷо, – яъне минтақаи чаҳорум, маркази Дӯзах, пӯшидарӯ – яъне дар зери Ях.
45-46. Яъне чун сиёҳпӯстони Ҳабашистон.
55-67. Дар се даҳони Лютсифер, се гунаҳкори бузург сар дарун ва по дар берун азоб мебинанд. Яҳудо, ки аввал аз ҳавориюни Исо буд, вале пас ӯро ба фарисиён фурӯхт; Бурут, писархондаи Қайсар, ҷумҳурихоҳ чун донист, ки Бурут режими диктатурӣ ҷорӣ карданист, ӯро ханҷар зад. Кассий – ҳамдасти Бурут дар куштани Қайсар. Аз назари Данте, ки парвардаи асри ХIII буд, амали Бурут ва Кассий, ки барои озодии инсон мубориза кардаанд, ба мисли хиёнати Яҳудост, зеро ӯ режими импературиро иродаи Худовандӣ медонист.
76-81. Дар раҳи худ чун расидем мо ба рон... – То миёнаи шайтон фуруд омада, Верҷил сар ба сӯи пои шайтон мекунад, чунки ба нимкураи ҷанубӣ расидааст ва бояд сарболо берун ояд. Данте бошад, гумон мекунад, ки ӯ боз роҳ ба Дӯзах гирифтааст. Хастаҳолии Верҷил аз он аст, ки худ дар «Энейнома» ба ин маъно гуфтааст, ки ба Дӯзах поин рафтан осон аст, аммо фаро рафтан ба сӯи равшанӣ, ба боло ранҷи бисёр дорад. Аз назари тамсилӣ, яъне гуноҳ кардан осон асту тарки гуноҳ мушкил ва кӯшиши бисёр мехоҳад.
112-117. Аз рӯи ривояти «Таврот» баландтарин қуллаи маскун Урушшалим аст, ки дар он фарди маъсум, яъне Исоро ба салиб кашиданд. Ҷудко – қаламрави Яҳудо дар Дӯзах.
121-126. Яъне ҳамон вақт ки шайтони аъзам аз осмон бар замин партоб карда шуд, ба зарби фурӯ рафтани ӯ замин аз нимкураи муқобили ҷои фурӯ рафтани шайтон барҷаста баромад ва кӯҳи Барзах ба пайдо омад. Рӯи замине, ки ҷои зист буд, дар зери об монд ва зери замин, ки аз тарафи дигараш барҷаста буд, дар асл таҳи замин буд, ин ҳоло нимкураи мост.
Л У Ғ А Т
Авомуннос - гурӯҳи одамон; тӯдаи мардумон
Акин - нола, зорӣ, оҳу вовайло; оҳи вазнин ва дарднок
Ано - заҳмат, ранҷ, машаққат
Ашбоҳ - шабаҳҳо
Аъмоқ - умқҳо, чуқуриҳо
Ақил - оқил, доно
Аҷсом - ҷисмҳо
Асфал - поинтар, пасттар
Асаф - ғам, андӯҳ, ҳасрат
Бармало - ошкоро, бепарда, рӯирост
Баъид - дур
Базр - тухм, дона
Бирка - ҳавз
Багӣ - фармоннобардорӣ, саркашӣ, беитоатӣ
Бароат - покӣ, тозагӣ, бегуноҳӣ, беайбӣ
Билод - кишвар, сарзамин
Видод - дӯстӣ, муҳаббат
Вожунабахт - бадбахт, бахтбаргашта
Валав - лоақал, ақаллан, ҳеҷ набошад
Воруна - вожгун
Гӯшагир - гӯшанишин, хилватнишин
Гуроз - хуки нари ёбоӣ, хуки даштӣ
Дувол - ҳила, макр, фиреб, қаллобӣ
Дағо - макр, ҳилла, фиреб
Дамим - зиштрӯ
Зиндиқ - бедин, бехудо
Зуғол - ангишт
Зулминан - соҳиби миннатҳо, соҳиби эҳсонҳо; киноя аз Худо
Захим - ғафс, калонҷусса, тануманд
Забул - пажмурда, лоғар
Зиф - сохтакор, қаллобӣ
Истикок - ба ҳам расидан, ба ҳам задан ва молиш хӯрдани
ду чизи сахт
Инҷило - ошкор шудан, ҳувайдо шудан
Ихвон - дӯстон, ёрон
Ивор - айб, нуқсон
Илтиво - печидашавӣ
Илтиҳоб - асабонӣ шудан, оташин шудан, ғазабнок шудан;
ҷӯшу хурӯш
Иттисол - наздикӣ ба ҳамдигар, висол
Ибтино - табассум, лабханд
Канбур - ҳила, макр, фиреб
Кабр - навъе аз либоси ҷангии қадима
Кадир - тира, хира
Кайфар - ҷазо, сазо, подош
Касир - бисёр, зиёд, фаровон
Кизб - дурӯғ, фиреб
Канду - қуттии занбӯри асал
Кумез - наҷосат, палидӣ
Лажан - гили сиёҳ ва тира, ки дар таҳти ҳавз, ҷӯй ва
ғайра пайдо мешавад; лойқа
Луҷҷа - миёни дарё, ҷои чуқуртарини дарё ва ё баҳр
Музайян - зебу зиннат додашуда, ороста
Манкуб - бадбахт, ба сахтӣ дучоргардида
Муфтатан - ошиқ, мафтуншуда
Матрук - тарккардашуда, фурӯгузошташуда, аз байн
бурдашуда
Меҳин - калонтарин, бузургтарин
Мултасақ – часпида ба чизе
Масир - сайр, равиш, ҳаракат
Мамлу - пуркардашуда, оганда, пур
Мақҳур - дучори қаҳру хашмшуда
Мухтас(с) - махсус, хос
Масаб - ҷои охирин, нуқтаи охирин, мунтаҳо
Маъман - ҷои манъ, паноҳгоҳ
Мунтасиб - хешу табор
Муҳиш - ваҳшатовар, ғамгин ва андӯҳгинкунанда
Муртакиб - он ки аз вай гуноҳе сар задааст
Муншаиб - ба қисмҳо ҷудошуда
Маҷоз - маҳалли гузаштан, гузаргоҳ
Машид - баланд, устувор
Муоф - бахшидашуда, авф кардашуда
Муҷрим - гунаҳгор
Маъқад - сӯрохи поин
Маҳр - мувофиқи қонуни шариати ислом пули нақда ва
молу матоъ, ки дар вақти никоҳ барои
арӯс ба зиммаи домод муқаррар карда
мешавад; кобин
Маслуб - кашида гирифташуда, рабудашуда
Маҷзуб - ҷазб кардашуда, кашидашуда
Мазбут - банду бастшуда
Нузул - фуруд омадан, поён рафтан, поин омадан
Нафир - бонг, садо, фарёд, ғавғо, ғалоғула
Нудба - гиря, нола
Нафха - як бор дамидан, як бор бод додан
Нафӣ - инкор, рад
Ноқус - зангӯлаи калисо, зангӯлаи ибодатхонаи насоро
Озарм - ғам, ғусса, андӯҳ
Пуста - ҳарире, ки атторон дар он мушк мебастаанд.
Пуз - атрофи даҳон ва бинӣ, даҳон ва гирдогирди
даҳон, тумшуқ, фук
Раҳил - мурдан, вафот кардан
Сахра - харсанг, кӯҳпора
Саъб - душвор, мушкил
Судур - бузургон, раисон; пайдо шудан, содир шудан
Ситабро - ғафсӣ, кулуфтӣ
Сақил - вазнин, гарон
Сатл - зарф барои кашондани об, сатил
Софил - паст
Талал - ҷисм
Таноқуз - мухолифат, ба ҳамдигар зид будан
Таъвиқ - ба таъхир андохтан, таъхир, дермонӣ
Тарфа - канора, канор
Тардид - дудилагӣ, шакку шубҳа
Тааб - ранҷ, сахтӣ, азоб, хастагӣ, мондагӣ
Таъмид - қасд кардан
Таҷаммул - ороиш, шукӯҳ, дабдаба
Тафрит - кӯтоҳӣ кардан, бепарвоӣ кардан дар коре
Тафаръун - бедодгарӣ кардан, золимӣ
Уштулум - дуруштӣ, тундӣ, ҷанг
Утул - саркашӣ
Ур - бараҳна, луч, урён
Фалс - пулакчаҳои моҳӣ
Фарт - аз ҳад гузаштан, зиёдравӣ, аз ҳад афзун
Хайёт - либосдӯз, дӯзанда, дарзӣ
Хабир - бисёр доно ва кордон
Хулд - биҳишт, ҷаннат, фирдавс
Шед - шакли кӯтоҳшудаи хуршед
Шағаб - фитна ва фасод
Шеб - тозиёна, қамчин, тозиёнае, ки ба нӯги он чарми
борик васл мекарданд; нишеб
Шанг - зебо, хушрӯ
Шан - санги майда, рег
Эҳтимом - саъю кӯшиш ва ҳиммату ғамхорӣ ба кор бурдан
Эҳтизор - расидани аҷал
Ғариз - бурдборӣ, сабру тоқат
Қаир - чуқур
Қосир - оҷиз
Қирот - миқдори бисёр ками чизе
Қоҳир - қаҳркунанда, ғазабкунанда, хашмгин
Қуллоб - чангча, чангак, шаст, шасти моҳигирӣ
Ҳанзал - як навъ кадуи ёбоӣ, кадуи талх
Ҳуфра - замини кофташуда, чуқурӣ
Ҳисн - қалъа, паногоҳ
Ҷаҳим - дӯзах, номи яке аз ҳафт қисми дӯзах
Ҷадр - девор
Ҷоил - созанда, халқкунанда