Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
–Устоди азиз, аз оғози фаъолияти эҷодии Шумо нақду шеър ҳарду баробар ҷараён гирифтаанд. Ақидае ҳаст, ки вақте шоир ба нақди адабӣ машғул мешавад, нақди саратару огоҳонатар ба миён меояд ва боз дар муқобили ин андешае ҳам ҳаст, ки нақди шоирон ғолибан завқист ва камтар касбӣ. Шумо ҳамчун ноқиди шоир ва шоири ноқид дар ин маврид чӣ мегўед?
–Гуфтугӯ дар бораи ин масъала бисёр назокат дорад ва баҳсбарагез аст, зеро агар ба яке аз ин тарафҳо бартарӣ дода шавад, тарафи дигар ҳатман норизо хоҳад буд, вале дар баҳс дар мавриди ҳар ду тараф мувозинат нигоҳ доштан мушкил аст. Вале, ба ҳар ҳол, ақидаамонро мегӯем, қазоват бар хонандагони муҳтарам аст. Воқеан, ин масъалаест, ки сари ҳар чанд вақт дар мақола ва ё суханрониву суҳбатҳои олимону шоирон рух менамояд ва ба назар чунин мерасад, ки олимон бар нақди шоирон нукта мегиранд, ки нақдатон завқисту пояи мустаҳками илмӣ надорад, шоирон бар олимон хӯрда мегиранд, ки дар нақди шумо завқи шинохти шеър нест ва аҷаб ин аст, ки баъзан ҳар ду ҳам ҳақ ҳастанд. Фаромӯш накунед, ки ман “баъзан” гуфта истодаам, на ҳамеша. Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳае нест, ки барои нақду баррасии илмии шеър тахассуси касбӣ зарур аст, ҳам донистани назарияву амалия ва ҳам назокатҳои бадеии шеър, дар баробари доштани завқи комил, ки, мутаассифона, дар баъзе олимони мо нарасидани яке аз ин сифатҳои зарурӣ, камӣ ё нарасидани завқ, мушоҳида мешавад. Дар натиҷа вақте шахсони соҳибзавқ ин гуна нақдро мехонанд, махсусан шоирон, ки соҳибзавқанд (зеро бе завқи шеър шоир шудан имкон надорад), табиист, ки онро қабул намекунанд. Ман ин гуна ҳолатҳоро бисёр мушоҳида кардаам. Боре дар баррасии солонаи шеър дар Иттифоқи нависандагон яке аз олимони муътабари мо маърӯза мекард ва барои тасдиқи фикраш мисолҳое аз шеър меовард, вале баъзеи онҳо ба он ситоише, ки мекард, созгор набуданд, бинобар ин, яке аз шоирони хуби мо, ки ба шоири хубу завқи расо доштани вай шакку шубҳае нест, ба тарафи маърӯзачӣ садо дардод: – Он мисолҳое, ки шумо ҳамчун шеъри хуб меоред, дар асл шеър нестанд, – ва ҳарфаш дуруст ҳам буду шоирон ин чизро медонистанд, вале аз рӯйи ҳикмати “изои бандаи муъмин ҳаром” хомӯш менишастанд. Ҳоло дар робита бо ин масъала воқеаи дигар ба хотирам расид. Солҳое пеш, ҳангоми ҷавониям, ман соқии базми арӯсие будам ва дар барам яке аз олимони муътабари мо менишаст, ки даҳҳо шогирди номзаду доктори фанни адабиёт тарбият карда буд. Ман мехостам ба меҳмоне барои сухан гуфтан навбат диҳам ва пеш аз он ин рубоии устод Рӯдакиро хонданӣ будам, ки мисраи саввумаш ба ёдам намеомад:
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бо ишқи ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Ва аз он олими устод пурсидам, ки мисраи саввуми ҳамин рубоӣ чӣ буд, оё ба ёдатон мерасад? Ӯ ҷавобе дод, ки ман тамоман дар ҳайрат шудам: – Ман умуман ҳеҷ шеъре аз ёд намедонам, – ҳол он ки ӯ дар бораи Рӯдакӣ чанд таҳқиқоту мақола ва ҳатто китобашро ҳам нашр карда буд. Баъди чанд соле бо ҳамин олим боз як воқеаи аҷибе рух дод. Ман ҳамеша шеърҳоямро пеш аз аз чоп ба чанд нафар медиҳам, ки хонда фикрашонро гӯянд. Шеъри муфассале навишта будам бо номи “Эй шумо, даъвигарон!..” ва чанд нусха чоп карда бо утоқи кори Раҳмат Назрӣ даромадам, ки як нусхаашро ба ӯ барои назардиҳӣ бидиҳам, ки он олим ҳам он ҷо ҳузур дошт, ман ба он олим ҳам барои эҳтиромаш як нусха додам. Баъди чанд рӯз он олим нусхаро бо эродҳояш ба ман баргардонд, вақте варақро кушодам, ҳуш аз сарам парид, эродҳое буданд чунон аҷибу ғариб, ки таҳаммулашон душвор буд. Ман ҳангу манг шудаму ба назди Раҳмат Назрӣ даромада пурсидам, ки: – Оё шеърро хондааст? Нусхаи хондаашро дод, ки як-ду пешниҳод дошт, ман ҳамон шеърро ба Гулназар ҳам дода, пас гирифта будам, ки як пешниҳоди хубе дошт, ки худам ҳам дар он бора фикр карда, аммо ба хулосаи охирин наомада будам. Шеър ба шакли озод навишта шуда буд, гап дар бораи як байт мерафт, ки суръати инкишофи фикрро каме бозмедошт, онро бояд хат мезадам, ки Гулназар ҳам онро ишора карда буд, ва ман беихтиёр зери лаб “офарин” гуфтаму онро ҳазф кардам. Пас нусхаи олим хондаро ба Раҳмат Назрӣ дода гуфтам, ки: – Инро як бор бубин. Ӯ эродҳоро бо диққат хонду гуфт: – Дилгир нашавед, ӯ рӯҳияи шеърро тамоман нафаҳмидааст, шумо дар мегӯеду ӯ девор.
Бинобар ин, агар олим завқи шеърфаҳмии шоирро дошта бошад, бо он донише, ки аз назарияву илми он дорад, дар таҳқиқу нақду баррасии асар ба беҳтарин натиҷаҳо комёб мешавад. Дар гузашта қариб ҳамаи олимон, ноқидони шеъри мо шеър ҳам мегуфтанд, ё завқи салими шеър доштанд, ки таҳқиқашон муътамад ва воқеъбинона аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар Эрону Афғонистон имрӯз ҳам аксари муҳаққиқони шеър шоир ҳам ҳастанд, ё шоирон дар айни ҳол муҳаққиқони ҳирфаии шеър ҳам мебошанд. Ҳоло мо ҳам чанд нафар ҳамин гуна шоирони олиму мунаққид ва ё шоирони олиму мунаққид дорем, ки Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ (равонаш шод бод), Нуралии Нурзод, Муҳриддин Сабурӣ аз ҷумлаи беҳтаринҳои онҳо мебошанд. Нақди онҳо ҳам аз ҷиҳати назариву илмӣ ва ҳам завқиву зебошиносӣ дар ҳадди камол аст. Ҳамчунин мақолаҳои шоиронамон Низом Қосим, Камол Насрулло, Баҳром Раҳматзод бо шинохт ва баррасии ҷиҳатҳои зебошинохтии шеър қобили таҳсинанд.
Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса метавон гирифт, ки ба олимони мо зарур аст, ки завқи шеър дошта бошанд, ҳарчанд завқ фитрист, яъне худодод, агар як зарра ҳам бошад, онро ба роҳи бисёр хондану азёд кардани шеър то андозае ба камол расонидан мумкин аст, ки шеър дуруст шинохтаву шиносонда шавад ва ба шоирон, ки бо нақд машғул мешаванд, назарияву илми шеърро омӯхтан зарур аст, ки пояи тахассусии нақд мустаҳкаму устувор бошад. Ҳар ду ҳам заҳмат мехоҳад, заҳмат, ва аз як касе, ки ба ҳар дуи ин пеша машғул асту муваффақ шуданист, заҳмати дучандон талаб дорад.
– Агар ба шеърҳои аз даврони ҷавонӣ то кунун сурудаи Шумо ба диққат назар андозем, ду гуна сабк дида мешавад; сабке, ки дар замони шўравӣ маъмул буд ва сабке, ки аз ашъори ҳамзабононамон обишхур дорад ва шоиронатару зеботар аст. Сабки дувуме, ки гуфтем, махсусан дар манзумаи «Санги ман – алмос» ба камоли матлуб расидааст. Ин гардиш ва дигаргунӣ дар шоирии Шумо аз куҷо маншаъ дорад?
–Ҷавоби ин савол маро ба давраи донишҷӯиям дар Донишгоҳи ҳоло миллии Тоҷикистон ва аспирантиам дар Донишгоҳи Ломоносови Москва бармегардонад. Ман аз солҳои охиртари донишҷӯиям ба ёфтану хондани шеъри ҳамзабононамон шавқ пайдо карда будам, вале дастрас кардани онҳо муҳол буд, дар шуъбаи китобҳои хориҷии Китобхонаи он вақт ба номи Фирдавсӣ ҳам ба ғайр аз як ду китоби шеъри муосири Эрон дигар чизе набуд. Ёдам меояд, ки яке аз онҳо китоби Кору ном шоири эронӣ буд, ки ман гирифта хонда будам. Вале ҳангоми аспирантиам дар Москва ба ин кор имкони бештаре пайдо кардам, зеро дар Китобхонаи ба номи Ленин, ки яке аз китобхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, намунаҳои шеъри муосири Эрон бештар буданд. Ман, ки кори илмиамро асосан дар он ҷо нишаста менавиштам, ҳамеша рӯи миз китоби шоирони Эронро доштам, онҳоро мехондаму баъзеашонро ба хатти сириллик барои худ рӯнавис мекардам, аз ҷумла китоби ашъори Нодир Нодирпурро, яъне ман аз давраҳои аввал бо ин шеър ошноӣ доштам, аммо дуруст аст, ки нуфузи ин равия дар ман баъдтар боло гирифт, он ҳам, албатта, дар натиҷаи ҷустуҷӯи роҳҳои тозаи баёни андешаву эҳсосот. Ба наздикӣ дар ҳамин ҳафтавор мақолаи Муҳриддин Сабурӣ “Дар қаламрави шеъри нав” дар бораи шеъри инҷониб чоп шуда буд, ки сарчашмаи худии ин тозаҷӯиро бо мисолҳо собит мекард.
Дар мавриди манзумаи “Санги ман – алмос” ҳарфатон дуруст аст, ки дар он сабк ба сабки тозаи шеър, ки дар шеъри нави Эрону Афғонистон бештар роиҷ аст, ҳамоҳангӣ дорад. Аммо ҳамин ҷо бояд қайд шавад, ки он соф вежагии миллии тоҷикӣ дорад, ки ҳангоми баррасии он дар шӯрои шеъри тоҷик дар Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон дар Москва ҳам таъкид шуда буд. Ба ғайр аз ин, фикри Муъмин Қаноат дар ин бора барои ман муҳим буд, ки баъди хондани он ба ман баён карда буданд ва ман онро бо иҷозаи эшон дар кадоме аз навиштаҳоям истифода карда будам. Устод гуфта буданд, ки: – Ман баъди хондани баъзе аз шеърҳои нави муосири Эрон эҳсоси бегонагӣ мекунам, вале ин манзума, ки бо сабки нав навишта шудааст, барои ман комилан миллӣ, тоҷикии тоҷикист. Ин ҳарф барои ман бисёр муҳим буд, зеро ман огоҳона ба ҳамин чиз кӯшида будам, ки унсурҳои андешаву омоли зиндагии милливу мардумии тоҷик дар он бозтоби равшан дошта бошад.
Шеър, мехоҳем, намехоҳем, зодаи муҳити иҷтимоист, бинобар ин, шеъри мо аз шеъри кишварҳои ҳамзабонамон, ки дар муҳити иҷтимоии дигар мезистанд, тафовут дошт. Масалан, аввалан мафкураи иҷтимоии зиндагии мо дар асри гузашта аз кишварҳои ҳамзабонамон фарқ мекард, мафкураи мо аз зиндагӣ хушбинонаву рӯҳбаландона, бо нақши дурахшони ҳизби коммунист, қувваи пешбарандаи таърих будани табақаи коргару деҳқон, баробарии иҷтимоии мардум ва монанди инҳо сурат мегирифту ифода мешуд. Аз ин ҷост, ки шеъри мо нисбатан кам шиор намезад, зиндагиро бе мушкилоти гарон ва фоҷиа нишон медод, ҷаҳони ботинии мураккаби инсонро ҳам содаву безиддият бозгӯ мекард, аммо дар кишварҳои ҳамзабони мо, ки дар сохти дигари иҷтимоӣ мезистанд, талаботи дигар амал мекарданд, ки, бешубҳа, ба шеърашон низ акс меандохт. Аммо ман ҳамеша бар он ақида будам, ки бар асари пешрафти ҷаҳони имрӯз хоҳу нохоҳ тарзи зиндагии мардум ба ҳам наздик мешавад, зеро ҷараёни таърихро, ки ба сӯйи пешрафт аст, боздоштан имкон надорад, ва азбаски меъёри адабиёт ҷовидонист, аз рӯйи ҳамин меъёр бояд эҷоду баррасӣ шавад. Ана ҳамин ақидаро ман аз солҳои ҳафтоди асри гузашта, дар ҷаласаҳои гуногуни Иттифоқи нависандагон – ҷаласаҳои шуъбаву садорату раёсат борҳо баён мекардам, ҳарчанд ҳамчунонки қайд шуд, мо он вақтҳо бо ин кишварҳо ба ҷомеа назарҳои мафкуравиву сиёсии мухталиф доштем, аммо назари ман оид ба адабиёт бар фарои онҳо қарор дошт. Ҳатто боре вақте ман ин фикрро дар яке аз ҷаласаҳои раёсат баён кардам, яке аз шоирони насли бузурги мо, ки бо шеъри шоирони ин кишварҳо ошно буд, маро ба гӯшае хонда, гуфт, ки: – Аскар, ту ин гапҳоро, ки мегӯӣ, шояд дуруст бошанд, вале баъд шеърҳои мо чӣ мешаванд? Аз ин ҳарф хеле маъно бардоштан мумкин аст, ки яке аз онҳо ин аст, ки онҳо ҳам барои мондагории шеъри муосир ҷустуҷӯву пайдо кардани дидгоҳ ва воситаҳои навро эҳсос мекарданд, ки дар наслҳои ҷавонтар ин кӯшиш қавитар буд.
– Андешае ҳаст, ки мегўянд, имрўз шеърро содаву бепироя бояд гуфт, то барои омма қобили фаҳм бошад. Аммо Абдураҳмони Ҷомӣ мегўяд:
Шеър, к-афтад қабули хотири ом,
Хос донад, ки суст бошаду хом.
Роҳи дурусту матлуб, ба назари Шумо, кадом аст: аз дунболи авом рафтану ба табъу завқи онҳо наздик гуфтан ё пайгирӣ кардани марҳалаҳои рушди шеър ва ба талаботи ҳунарии он посухгў будан?
–Аввал, биёед, саволро каме дақиқтар кунем, зеро ба назари ман, сода кардани шеър бепироя кардани он нест, пирояи шеър сувари хаёл – ташбеҳу истиораву муболиғаву маҷозу киноя..., яъне саноеи бадеист, ки бе онҳо умуман адабиёт вуҷуд надорад, бинобар ин, дар ин ҳолат дар бораи бо пирояи муносиб гуфтани шеър бояд сухан гуфт. Бале, ҳоло сабке бо номи зулол амал мекунад, ки мурод аз сухани шумо ҳам ҳамин сабк бояд бошад. Ба назари ман, ин гунаи тозаи ҳамон сабки хуросонист, ки дар шеъри Рӯдакӣ буд. Дар асл шеър ҳамин тавр бояд бошад, яъне саҳли мумтанеҳ, аммо ба ин даст ёфтан мушкил аст, зеро маънии бузургу олиро сода баён намудан осон нест, баёни сода баёни одӣ нест, бепироя нест, балки бо пирояи муносиб аст. Масалан, аз Рӯдакӣ:
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам, ҷуз мардуми чашм,
Як қатраи об бар лабам кас накунад.
Ин рубоӣ содаи содааст, аммо магар бепироя аст, дар он чандин сувари хаёл, аз ҷумла ташхис, тавсиф, маҷоз ва монанди инҳо бисёр устодона ба кор бурда шудаанд, ки тамоман табиӣ ба назар мерасанд. Ин аст пироя, ин аст устодиву маҳорат.
Акнун дар бораи завқи авом. Дар ин ҷо ҳам дар назар бояд дошта бошем, ки авом ҳам яктаркиба нест, дар байни он касоне ҳастанд, ки завқи заруриву хуби шинохти шеърро доранд, агар манзуратон, ҳамчун Ҷомӣ дар он байташ, завқи пасти ом бошад, дар он ҳолат вазифаи шоир ҳаргиз ба он ҳад поин рафтан нест, балки онро ба дараҷаи худ боло бурдан аст, ки ин сахт мушкил корест, аммо ҳамеша ба он бояд кӯшид. Ин фикрро тавзеҳ медиҳам. Ҷойи шакку шубҳае нест, ки шоири муқтадир ҳамеша на танҳо аз хонандагони худ, балки аз ҳамсафону ҳамзамонони хеш ва умуман аз сатҳи мавҷудаи мафкураву эҳсосоту андешаи замонаш ҳам пеш меравад, зеро ӯ ҳамеша дар тафаккуру такопӯву ҷустуҷӯст, ки меҳнати сахтест ва на ҳар кас қобили он аст. Масалан, беҳтарин шеърҳои Пушкин, ки дар асри Х1Х бунёди шеъри вуқӯъгарои русро мегузоштанд, дар охирҳои умраш эҷод шуданд, вале ӯро барои “Руслан ва Людмила” ва дигар асарҳои давраи ҷавониаш ситоиш мекарданд, ки ӯ он марҳаларо кайҳо паймуда, ба марҳалаи баланду ҷиддитар ворид шуд буд, ки он қариб баъд аз сад сол шинохтаву арҷ гузошта шуд, яъне тафаккури бадеии замон аз дараҷаи тафаккури шоир қариб сад сол бозмондагӣ дошт. Ҳамин тариқ, дар шеъри порсӣ ҳам, вақте Нимо дар аввали асри ХХ “Афсона”-и худро навишта, роҳи нави рушди шеъри порсиро боз намуд, дар аввал ӯро девона мехонданд, ҳоло баъд аз гузашти сад сол мебинем, ки он ба роҳи асосии инкишофи шеъри порсизабонон мубаддал гаштааст. Имрӯз ҳам ин қоида ҷорист. Бинобар ин, шоир ҳамеша бояд дар дараҷаи тафаккури худ кор кунад, расидан ба он кори ҷомеа аст, на ин ки баръакс. Ба замми ин, як чизи дигарро дар назар дошта бошед, ки талаботи ҳунарии шеър аз талаботи муҳтавову мундариҷа ҷудо нест, балки дар пайи он аст, яъне муҳтавову мундариҷаи тоза ҳунари тозаро ба вуҷуд меорад, на баръакс.
–Ба назари Шумо шеъри мо ҳоло кадом марҳаларо тай мекунад ва аз ҷиҳати забону баён ва ҳунари шоирӣ бо чӣ тағйироте рў ба рў шудааст?
–Шеърро ба марҳалаҳо ҷудо карда суҳбат кардан, як андоза тақрибиву иҷмолист, зеро дар як марҳала чанд сабк ва ё равишу вежагии муҳим метавонад вуҷуд дошта бошад, ки дар таърихи рушду такомули шеър ҳам ҳамеша ҳамингуна будааст. Масалан, ҳангоми роиҷии сабки хуросонӣ дар доираи он кам-кам сабки ироқӣ ба вуҷуд меомад, дар замони густардагии сабки ироқӣ сабки ҳиндӣ шакл мегирифт. Ба ғайр аз ин, дар як марҳалаи шеър шоирони бисёре эҷод мекунанд, ки пайрави равияҳои гуногун буданашон мумкин аст. Вале, ба ҳар ҳол, ба таври куллӣ дар бораи як ҷараёне, ки бар дигарон афзалият дорад, сухан гуфтан мумкин аст, ки маъмулан ҳамин тавр ҳам мекунанд. Бинобар ин, агар аз дидгоҳе, ки шумо дар назар доред, – забону баёну ҳанари шеър, ба марҳала нигоҳ кунем, мебинем, ки забон сарватмандтар, фахимтар, тавонотар баён шоиронатар, хушобурангтар, бадеътар, фасеҳтару балеғтар шуда, ва ҳунар, яъне маҳорат, ки ҳамаи ин ва ба замми ин боз интихоби мавзӯъ, сохтор, муносибати фарди шеър бо он, тарзи ифода, рангу бори эҳсосот, таассурот, аксандозии таҳтушшур барин чизҳои дигарро низ дар бар мегирад, ба дараҷаи баландтар баромадааст.
–Оё шеъре, ки имрўз шоирони тоҷик мегўянд, метавонад ба майдони шеъри имрўзи форсӣ вориди «сабқат» шавад?
– Дар намунаҳои беҳтарини худ метавонад, аммо бояд дар назар дошт, ки шеър инъикоси авзои зиндагии ҷомеа ва шоир аст ва масъалаҳои зиндагии мо бо кишварҳои ҳамзабонамон дар баъзе маврид фарқ дорад, аз ин рӯ таваҷҷуҳ ва бардошти шуаро низ ба ин гуна масъалаҳо гуногун мебошад, аммо он чиз ҳам дуруст аст, ки дар ин маврид ба дараҷаи ифодаи бадеии он масъалаву мавзӯъ аҳаммият дода, дараҷаи камоли шеър муайян карда мешавад. Бинобар ин, дар ин ҷода боз бештар заҳмат кашидани мо зарур аст, то дар ҳар соҳа баробарӣ карда тавонем. Ба назари ман чунин мерасад, ки шеъри ҳамзабонони мо дар намунаҳои беҳтаринаш аз ҷиҳати бадеъ пурбортар аст, дар онҳо муҳтаво, эҳсосоту таассурот ба воситаи қиёсҳои фаровоне аз табиат ва ашёи ҷаҳони моддӣ тасвиру ифода карда мешавад, ки дар хонанда дар баробари ҳаррангӣ асари пуропурии ҳастиро ба вуҷуд меорад. Аз ҷиҳати дигар, масалан, дар фанни шеър – вазну қофия ҳам мо дар қиёс бо онҳо камбуд дорем. Ман дар шеъри ҳамзабонон вайронии ин чизро қариб надидаам, аммо дар шеъри мо, на танҳо дар ҷавонон, балки дар устодон ва ҳатто ба таъбири нав “абарустодон” фаровон аст, ки шоирону ноқидони ҳамзабони мо онро ҳаргиз қабул надоранд. Танҳо як мисол меорам. Солҳои навадуми асри гузашта Ройзании фарҳангии Эрон дар Москва маҳфили шеъре доир кард, ки дар он аз Тоҷикистон як устод, банда ва ду шоир аз Эрон, яке Муҳаммадризо Абдулмаликиён (номи дигареро ба хотир нагирифтаам), ширкат доштем. Дар толор тақрибан 250-300 нафар форсизабонон ва донандагону мутахассисони забону адаби форсӣ ҳузур доштанд. Дар он маҳфил сухани аввалро ба ман доданд, банда пеш аз шеърхонӣ, барои он ки эҳтироми устодамонро ба ҷо биёрам, дар бораи эшон чанд ҷумлаи ситоишӣ гуфтаму баъд шеърхонӣ кардам. Вақте навбати шеърхонии устод расид, эшон шеърҳое хонданд, ки вазнҳояшон хароб буд, на танҳо сактаву имола дошт, балки хароб буд. Ҳоли ман дар ҷойи нишастаам аз он харобтар шуд, зеро ҳеҷ шоири эронӣ вазнро ин гуна хароб намекунад, ба хусус Абдулмаликиён, ки шоири муқтадир буду онро мешунид. Хуллас, дар охир гардонандаи маҳфил ба толор муроҷиат кард, ки оё касе чизе хондану гуфтан мехоҳад. Як нафар баланд шуду ба минбар баромад. Либоси сиёҳ ба тан ва саллаи сиёҳ ба сар дошту шофи дарози саллааш пеши синааш овезон буд. Ӯ аввал як ғазали муфассале аз Мавлоно хонду ба самоъ рафт ва пас аз он ба хондани қасидае аз худ шурӯъ кард, ки хубу маҳкаму қавӣ буд. Бо ҳамин маҳфил ба охир расиду ба як пиёла чойи саримизӣ (фурше) рафтем. Он мард назди ман омаду гуфт: – Оқо, шумо дар суханатон он мардро, – ба тарафи устод ишора карда (устод дар сари мизи дигар буданд), – устод гуён ситоиш кардед, шумо эшонро мазоҳ мекардед, ё ҷиддӣ мегуфтед? Ман дарҳол фаҳмидам, ки гап ба куҷо меравад, бинобар ба суол суол додам: – Оё сухани ман оҳанги мазоҳ дошт? Гуфт, ки: – На, барои ҳамин мепурсам, шумо чӣ тавр метавонед, касеро, ки дар вазни шеър хато мекунад, шоир ва ҳатто устод гӯед? Шумо, мисли ин ки вазнро медонед, ман гӯш кардам, шеъратон бехато буд. Азбаски ин суол ҷавоб надошт, банда гуфтам: – Эшон воқеан устоданд, бинобар ин ба худ ин гуна иҷоза дода метавонанд, мо ҳам ки устод шавем, ин корҳоро мекунем. Ӯ гуфт: – Ман бо шумо ҷиддӣ суҳбат мекунам, шумо ба шӯхӣ мебаред. Гуфтам: – Илоҷи дигар нест.
Барои он ки хонандагон гумон накунанд, ки ман ин ҳарфҳоро дар бораи зарурати омӯхтани фанни шеър, аз ҷумла вазну қофия, ба ҳама, ҳатто ба устодон ҳам, танҳо ҳамин рӯз мегуфта бошам, ёдрас мекунам, ки ман онро ҳанӯз соли 1996 дар яке аз ҷаласаҳои садорати Иттифоқи нависандагон дар маърӯзаам “Равандҳои шеър ва худогоҳии шоир” муфассал бо мисолҳояш нишон дода, таъкид кардаам, ки пасон дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва китобҳоям ба нашр расидааст. Вале то ҳол ин нуқс ба назар мерасад, хушбахтона, фақат камтар.
–Пас, иллат чист, ки нақди мо ғолибан аз меъёру милокҳои нақди шўравӣ, ки дигар ба дарди шеър ва шоири имрўз намехӯранд, кор мегирад ва аз тарзу шеваҳои тоза ва дархури замон камтар суд меҷўяд?
–Дар аввал бояд бигӯям, нақд дар даврони шӯравӣ, на танҳо дар мо, дар кишварҳои дигар низ яктаркиба набуд, дар он равияҳои гуногуне мавҷуд буданд, ки баъзеи онҳо дар ниҳояти воқеъбинӣ ва асолатшиносӣ буданд, ки агар имрӯз ҳам давом меёфтанд, боиси пешрафти бешакки нақди мо мешуданд. Масалан, баъзе нақдҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз ҷумла мақолаи “Сухан аз лирика ва мазмуни ҳаётии он”. Ман мефаҳмам, ки шумо милокҳои замони шӯравӣ гӯён, як навъи нақди иҷтимоъгароёнаи дурушту сатҳии онро дар назар доред, ки воқеан имрӯз ҳам дида мешавад. Сабабашро ман дар болотар гуфтам, ки агар мунаққид ҳамарӯза дар пайи омӯзишу навиштан набошад, ҳатман қафо меравад ва он навиштаҳову муаллифон, ки шумо дар назар доред, аз қабили ҳаминҳоянд.
Вазъи нақд аз дигар анвои адабӣ – шеъру насри бадеӣ фарқ мекунад, агар шоиру носир аз бачагӣ ба ҳамин шуғл меҳр пайдо кардаву қонуниятҳои онро омӯхтаву омода мешуда бошанд, кам касе ҳаст, ки аз бачагӣ ба кори нақд машғул бошад, ин хоҳиш маъмулан баъдтар, дар натиҷаи аз адабу адабиёт донишу фаҳмиши зарурӣ пайдо карда, қобилияти шинохти неку бади онро ба даст овардан пайдо мешавад. Бинобар ин, рушду нумувви нақд кори ташкилӣ мехоҳад, яъне заминаи онро бояд тайёр кард. Аввалан, дар донишгоҳ аз ҷумлаи донишҷӯёне, ки ба он алоқа доранд, баъд дар магистратураву докторантура. Нашрияҳои адабӣ бояд шуъбаҳои махсуси нақд ва кормандон дошта бошанд, бо ҳаққи қалами хуб ва ё маоши арзандаи кор, вагарна пешравие ба даст омаданаш муҳол аст. Давраҳое, ки нақди адабӣ рушд дошт, масалан, дар асри Х1Х дар Россия ва дар асри ХХ дар Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан ҳамин гуна буд. Маҷаллаҳои махсуси нақд “Вопросы литературы”, “Литературное обозрение” нашр мешуд, маҷаллаҳои марказии адабӣ ва ҳафтаворҳо “Дружба народов”, “Новый мир”, “Литературная газета”, “Литературная Россия” ва ба ҳамин монанд дар ҷумҳуриҳо дар нашрияҳои адабӣ шуъбаҳои нақд ва кормандон мавҷуд буданд. Нақди адабӣ ҳамчун як василаи пурзӯри таъсир ба шуури иҷтимоӣ шинохта мешуд, созмони байналмилалии ноқидони адабӣ (МАЛК) ҳам амал мекард. Дар кишварҳои дигари хориҷӣ, ки нақд ривоҷ дошт, низ ҳамин гуна замина мавҷуд буд. Масалан, Эдгар Аллен По, шоири машҳури амрикоӣ, дар ҷавониаш, ки дар маҷаллаи “Мессенҷер” кор мекард, вазифааш ин буд, ки ҳар моҳе барои он нуҳ-даҳ нақди муфассал нависад, маҷаллаҳои адабии дигар ҳам ҳамин гуна равиши кор доштанд, ки боиси ривоҷи нақд мешуд. Нақд худ ба худ ривоҷ пайдо намекунад, аз ин гуна орзу бояд даст кашид. Шубҳае нест, ки ман дар бораи нақди ҷиддиву асил суҳбат мекунам, на дар бораи навиштаҳои саросар ситоишномаи ҷӯрабозӣ ва ё тавҳиномези ғаразноки душманона.
Дар ин росто бояд иқрор кунем, ки ҳамин ҷавобҳои ман ба суолҳои ту ҳам, ки як навъи диологии нақд аст, бо пофишории сахт ва ба ҷону ҳолам намондани ту (ба ҳар ҳол кори хубе кардӣ) навишта шуд, вагарна ман сари ин корро надоштам, яъне ин ҳам ҳамон як навъи ташкили нақд аст, вале дигарон шояд ба ин розӣ нашаванд, зеро ҳаққи қалами арзанда дода наметавонед. Чизи дигар ҳам бояд қайд шавад, ки баъзан вазифаи нақд то ба дараҷаи кори пеш аз чопи асар паст фуроварда мешавад. Маълум аст, ки асари чопшуда бенуқси фаннӣ, агар шеър аст, бе хатои вазну қофияву таносуби сухан ва агар наср аст бехато дар ҷумласозӣ, истифодаи калимаву таъбир ва монанди инҳо бояд бошад, аммо, мутаассифона, ки ин талабот дар мо на ҳамеша иҷро мешавад, баъзан нақд ҳам вазифаи худро танҳо дар нишон додани ҳамин нуқсҳо мебинад, ки ин асосан вазифаи муҳарриру мусаҳҳеҳони китоб аст.
–– Шояд ноқидон қафо мондаанд ва аз навтарин дигаргуниҳои шеъри имрўз хабар надоранд?
–Дар бораи оё аз шеър қафо мондани нақд. Дар худи ҳамин суол зимнан маъние ҳаст, ки нақди мо аз шеърамон қафо мондааст, ки дуруст аст, зеро сабаби ривоҷ надоштани нақдро ман дар ҷавоби боло гуфтам ва то замоне ки барои ривоҷи нақд ҳамон заминаҳо ҳозир нашаванд, он баробари шеър рушд карда НАМЕТАВОНАД. Ба ғайр аз ин, ман дар болотар боз гуфта будам, ки ҳар шоиру нависандаи бузург, на танҳо аз хонандагону ҷомеа, ҳатто аз ҳамқаламони худ пеш меравад, ки моҳияти кори ӯ баъзан баъд аз чанд даҳсола ё ҳатто садсолаҳо шинохта мешавад, бинобар ин, аз нақди адабӣ пешрав будани адабиёти бадеӣ, аз ҷумла шеър, амри табиист. Мисолҳояш дар адабиёти ҷаҳон фаровон аст. Чизи дигарро ҳам бояд бигӯям. Ҳангоми дар аспирантура хонданам яке аз устодон, Роберт Бекмуҳаммадов, ки адабиётшиносу мунаққиди забардасте буд, мегуфт: – Дар ёд дошта бош, ки дар замони мо агар як моҳ худро аз ҷараёни нақду адабиётшиносӣ дур бигирӣ, яъне асарҳои онро нахониву нанависӣ, як сол қафо мемонӣ, ва ҳамин тариқ давомаш. Нақду адабиётшиносӣ заҳмати ҳамешагиро талаб дорад, зеро сахт ҳассос аст ва ҳар рӯз шаклу равияҳои тоза пайдо мекунад, ки аз он бояд огоҳ буд. Ва ҳар касе ки мехоҳад ба сифати ноқиду адабиётшинос эътироф шавад, ба ин талабот бояд ҷавоб дода тавонад, ҳадди ақал дар назди виҷдони худ.
–Шеъри ҷавони тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед: рў ба қафо оварда ё ба пеш?
–Шеъри ҷавони тоҷик бе ҳеҷ шакку шубҳа рӯ ба сӯйи рушд дорад, дигар тавр буда ҳам наметавонад, зеро ҳоло ҷавонон тамоми дастрасиро ба шеъри муосири ҳамзабонон, ба мероси ғании классикиамон ва ба воситаҳои техникии замон бо шеъри ҷаҳон ҳам доранд, ҳамаи ин заминаҳои омӯзиш онҳоро ба дараҷаи баландтар мебардорад, танҳо ҳиммати омӯзиш бояд дошт. Агар ҷавонони мо Толиби Луқмон, Фирдавси Аъзам, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳром Раҳматзод, Мафтуна Қосимзода, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким... бошанд, онҳо рушду такомули ҳамарӯза доранд. Чизи дигари мақбул боз он аст, ки онҳо қариб ҳар яке ба сабку равиши хоси худ менависанд, ки шеъри моро гуногунранг менамоянд.
– Солҳои охир Шумо бештар ба корҳои илмӣ машғул шудед (рисолаи докторӣ дифоъ кардед) ва бештар шеър гуфтед. Мисли ин ки дар қиёс ба солҳои пешин ба нақди ашъори ҳамзамонон камтар рўй овардед. Ин дар ҳолест, ки майдони нақди адабӣ имрўз қариб холӣ ба назар мерасад ва ба мунтақидони варзидаву пуртаҷрибае чун Шумо бештар аз пештар ниёз дорад. Сабаб чист?
–Ҳарфат дуруст аст. Ман, ки аз соли 1974 дар доираҳои Иттифоқи нависандагон кору фаъолият доштам, бо ҷараёни адабӣ, на танҳо аз берун, аз дарун ҳам огоҳ будам, ва табиист, ки ба он бетафовут набуда, бо нақду мақолаҳои худ дахолат мекардам. Ин як навъ вазифаи ман ҳам буд. Вале бояд бигӯям, ки ба аспирантура рафтани ман ҳам аввал ба хотири шеър буд, гумон карда будам, ки се сол вақт меёбам, ки шеър нависам, баъд ки талаботи аспирантураро фаҳмидам, дигар ба нақду адабиётшиносӣ машғул шудам, ки он маро чанд сол раҳо накард, зеро ҷазбаш камтар аз шеър набудааст. Вале ҷазби азалии шеър ва доираи адабӣ боз кори худро кард ва ман баъд вақти бештари худро ба шеър бахшидам. Аммо дар ин замон ҳам мехостам дар бораи масъалаҳои шеъри муосир асари бунёдие нависам, зеро бе худбинӣ мегӯям, гузаштани мактабе, ки дар донишгоҳи Ломоносови Мовсква ба ман даст дод, ба каси дигар муяссар нашудааст, бинобар он, ман боздеҳи онро бояд ба ҷо меовардам. Ҳамин тариқ, ман кам-кам навиштани таҳқиқоти худро оид ба вежагиҳои анвои шеъри ғиноии тоҷик шурӯъ карда будам ва вақте ки ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба кор рафтам, ин вазифаи хидматиям қарор гирифт. Ман оид ба ин масъала чанд мақолаи муфассал ва ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ як таҳқиқоти қариб шашадсаҳифагӣ навиштам, ки дар он вежагии ашъори ғиноӣ аз Мирзо Турсунзода то Фарзонаи Хуҷандӣ ба таҳқиқ омадааст. Умед аст, ки ин таҳқиқот ҷойи худро дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ пайдо кунад, зеро дар он дар баробари назария, таҳқиқи равияҳову анвои шеъри ғиноӣ нақди он ҳам вуҷуд дорад. Боиси хушнудист, ки он дар ҳоли ҳозир аз ҷониби донишмандони соҳибтахассуси варзида, аз ҷумла академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчун “... як асари фарогири ҳамаи ҷанбаҳои назарӣ...” ва “... дар ҳақиқат падидаи нодири адабиётшиносии тоҷик” шинохта шудааст. Ҳоло банда ба навиштани очеркҳои шеъри муосири тоҷик машғулам, ки хонандагони маҷаллаи “Садои Шарқ” якеи онро, ки дар бораи Садриддин Айнист, хондаанд. Навиштани ҳамин гуна очеркҳо дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Фарзона ва дигарон дар нақшаи кории банда ҳаст. Ин ҳама, албатта, вақт мехоҳад ва дасти маро дар навиштани нақд ба китобҳое, ки имрӯзҳо чоп мешаванд, кӯтоҳ мекунад, аммо дар ҳолати зарурати сахте шояд барои иҷрои ин кор ҳам имкон пайдо шавад.
– Орзуманди онем, ки боз солҳои дароз хонандагон аз ашъори дилнишин ва нақдҳои пурмояатон мустафид шаванд. Саломат бошед, устоди гиромӣ!
–Сипос аз Шумо!