Имрӯзҳо ҳар яки мо бештар дар бораи авзои рӯз ва мавқеи нависанда дар он андеша мекунем. Бинобар ин, мехоҳам, ки як лаҳзае аз имрӯз дуртар равем ва фарохтар бар ин асре, ки мо дар он ҳаёт ба сар бурдем, бо чашми таҳқиқ назар афканем, то бидонем, дар ин аср чӣ воқеаҳои муҳиме рӯй доданд, ки бар ҳаёти имрӯзии мо таъсири калон доранд.

Чунонки ба ҳамаи мо маълум аст, даҳсолаҳои аввали асри бист оғози инқилобҳои шадид барои озодӣ ва истиқлолият буд. Дар охири ин аср боз чунин ҳаракатҳо авҷ гирифтанд, ки намояндагони ин ҳаракатҳо низ аз номи озодихоҳону истиқлолпарастон ҳарф мезаданд. Аз шунидаву дидаҳо пайдост, ки чунин ҳаракатҳо ҳамеша қурбониҳои зиёде меоранд. Кунун ки боз чунин шароит фароҳам омадаасту мардум аз озодиву ҳақиқат лаб мекушоянд, боз бар он таассуф мехӯрем, ки ҳазорон-ҳазор ҷавонону кӯҳансолон қурбони ақидаҳои бепоя гаштаанд.

Дар авҷи ин ҳодисаҳо, ки бархе онро инқилоб меномему баъзе табаддулот мегӯем, як интиҳои ҳузноваре ба чашм мерасад, ки аксаран миллатҳои кӯчак қурбон мегарданд.

Баъди инқилоби Октябр тавассути хизматҳои шоистаи миллатҳои гуногун дар ҳақиқат як адабиёти бузурге ба миён омад. Ин адабиёт дорои хусусиятҳои хосаи худ буд, ки онро то ҳол илми адабиётшиносии мо гоҳе ҳамчун адабиёти навин, гоҳе ҳамчун адабиёти асри 20 ва гоҳи дигар чун адабиёти иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба забон мебарад.

Ин адабиёт асосан дар натиҷаи аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти тозатару аз ҷиҳати иҷтимоӣ мукаммалтари иқтисодӣ рӯ овардан ба вуҷуд омада буд. Дар баробари ҳамаи бурду бохтҳояш ин адабиёт як бартарии фаромӯшнашавандае дошт ва барои ривоҷу равнақи намояндагони адабиёти миллатҳои гуногун хизмати арзандаи хешро ба анҷом расонид. Ин бартарӣ дар он дида мешуд, ки намояндагони зиёда аз 100 миллат дар эҷоди ин адабиёт фаъолона ширкат меварзиданду намунаҳои беҳтарини он дар муддати ду-се сол дастраси халқу миллатҳои зиёди ҷамоҳири Шӯравиву хориҷи мамлакат мегашт. Албатта, ин воқеаи чашмнорасидае буд барои башарият, ки ҳатто намояндагони адабиёти тоҷик аз он истифода намуда, адабиёти тоҷикро серпаҳлуву ғанӣ гардониданд.

Гумон мекунам, ки як рӯз давраи тааммул ва дарёфти ин адабиёт мерасад. Яъне он чизҳое, ки адабиётҳо аз ҳамдигар баҳра бурданд, фарз кардем, баҳрабардории адабиёти тоҷик аз адабиёти рус, белорус, украин ва дигар халқҳо, дар охири ин аср ва ё аввалҳои асри 21 ҳазм мегардад. Мо онро дар рӯҳияи халқ ва зеҳни нависандагонаш баралло бармало ҳис карда метавонем.

Ё худ синтези он акнун ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, мо бо вуҷуди норасоиҳояш маҷбурем, ки аз асри бисту инқилобҳое, ки дар он ба вуҷуд омадаанд, ёдовар шавем. Ва хурсанд ҳам гардем, ки адабиёт бурд кардааст. Зеро имрӯзҳо, ҳангоме ки мо дар бораи адабиёти тоҷик сухан меронем, дар он метавонем беҳтарин хусусиятҳои адабиёти гурҷӣ, адабиёти арман, адабиёти литвонӣ, адабиёти қазоқ ва ё дигар халқҳои бародарро дарёфт кунем.

Ин нуктаро олимону мунаққидони мо низ дар бисёр мақолаҳои худ гуфтаанд, мо худ ҳам медонем, ки адабиёти ин ё он миллат ба эҷоди мо чӣ таъсире расонидааст ва ё он адабиётҳо аз адабиёти мо чӣ баҳрае бардоштаанд.

Ҳаракатҳое, ки дар оғози аср ба вуҷуд омада буданд, албатта, ба адабиёти дигар халқу миллатҳо бетаъсир намонданд. Аз таҳлили ҳодисаву воқеаҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар оғози аср ҳаракатҳо барои сохтани як ҷомеаи нави дунявӣ сар зада ва дар ин асос бархӯрдҳо дар ҷомеа сурат гирифта бошанд, мутаассифона, дар охири аср, ба хусус дар Тоҷикистони азизамон, чунин ҳаракату бархӯрдҳоеро мебинем, ки қисме барои ҷомеаи нави дунявӣ ва қисми дигар барои ҷомиаи мазҳабӣ мубориза мекунанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ин бархӯрдҳо аз ҳама шадидтар дар сарзамини мо ба вуҷуд омад. Аз ин ҷо, ба хулосае омадан мумкин аст, ки инкишофи савияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании мардуми тоҷик нисбат ба мардуми ҷумҳуриҳои ҳамсояву дигар халқу миллатҳои бародар дар сатҳи поин меистад. Шаҳодати ин гуфтаҳоро дар созиши қувваҳои ба ном демократӣ бо қувваҳои мазҳабӣ дидан мумкин аст, ки чунин воқеаро таърихи башарият ёд надорад.

Албатта, дар ин ҳаракатҳо наметавон мавқеи шахсиятҳои алоҳидаро, ки фаълияти хоса доштанд, инкор карду ҳамаи кушторҳоро ба гардани онҳо ҳамл намуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки шахсиятҳо низ гунаҳкоранд, вале фаромӯш набояд кард, сабаби дигари сар задани чунин носозгориҳо пастии сатҳи сиёсиву иқтисодӣ ва мадании мардуми мо мебошад.

Аммо ин ҳам ҳақиқат аст, ки халқи авом дар ҷумҳурии азизи мо фронти халқӣ ташкил карду барои навсозии ҷомеаи демократии дунявӣ дар хоки ин сарзамин мубориза намуд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо он куштор ва задухӯрдҳое, ки дар саросари Тоҷикистон буданд, анҷом мепазиранд ва ҳукумат аз нав ба фаъолият сар мекунаду низоми давлатдориро ба даст мегирад.

Дар авҷи он задухӯрду ҳаракатҳо эҷодкорони мо ҳамеша суханҳои носазову танқидҳои беҷо мешуниданд. Онҳоро ҳам намояндагони давлат ва ҳам намояндагони оппозитсия бар он гунаҳкор мешумориданд, ки тарафдории онҳоро ба ҷо намеоранд. Аммо адиб ва ё равшанфикре, ки қадри худу мавқеи хешро дар ҷамъият медонад, ҳеҷ гоҳ тарафдори давлати фалаҷ ва ё оппозитсияи иртиҷоӣ шуда наметавонад. Чунки нависандаву равшанфикр ҳамеша тарафдори ободии диёру осудагии мардум аст. Ӯ дар ҳолате метавонад ба ин кор даст занад, ки халқаш аз он дастбурде дошта бошад.

Имрӯзҳо, вақте ки ҳокимияти навтаъсиси қонунӣ ба сари қудрат омадаасту нақшаҳои амалии он барои беҳрӯзии мардум аст, акнун нависанда бо он ҳамроҳ хоҳад буд ва барои пуштибонии ӯ садояшро баланд хоҳад кард.

Дар он рӯзҳо аз тарафи қувваҳои иртиҷоӣ танқид шудани эҷодкорон маънии дигарро ҳам дошт. Мансабталошон барои пайдо намудани нуфуз бар он талош доштанд, ки адибонро ба тарафи худ кашанду вассофи ақидаҳои хеш намоянд. Бефаъолиятии адибон дар он рӯзҳои хунин, гуфтан ҷоиз аст, ки эътирозе буд бар қувваҳои иртиҷоӣ. Аз ин рӯ, гурӯҳе аз адибон зери фишору таъқиби намояндагони ҳизбҳои сарватхоҳу давлатхоҳ буданд. Албатта, боиси таассуф аст, ки дар он фишору таҳдидҳо баъзе аз адибони мо низ ба сафи қувваҳои иртиҷоӣ шомил гардиданд.

Иттифоқи нависандагон аз оғози сарзании воқеаҳои хунин то ба охир мавқеи солимашро нигоҳ дошта тавонист. Ин буд, ки дар яке аз суҳбатҳояш ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев бо рӯзноманигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори ақида намуда, гуфта буд, нашрияе, ки дар он рӯзҳо мавқеи устувори ҳақиқатнигорона ва одилона дошт, ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» буд. Барои чунин баҳои баланд, албатта, шукргузорӣ мекунем ва илова ҳам намуданием, ки дар ин мавқеи одилона, ки нашрияҳои Иттифоқи нависандагон доштанд, хизмати раёсат ва садорати он низ кам нест.

Кайҳост, ки мо муносибати худро бо сиёсат муайян намудаем. Дар Иттифоқи нависандагон фаъолияти ҳама гуна ҳизбу созмонҳо манъ карда шудааст. Аз ин рӯ, мо танҳо ба хотири такомули падидаҳои касбиамон ҷамъ меоем. Аммо мо наметавонем, ки дар бораи сиёсат суҳбат накунем. Зеро як шохаи сиёсати давлат сиёсати маданист, ки мавҷудияти Иттифоқи нависандагон, мавҷудияти нашрияҳои он ва мавҷудияти ташкилотҳое, ки пуштибони адибону эҷодиёти онҳоанд, ба ин сиёсат вобаста аст. Мо танҳо аз ҳамин назар ба сиёсат дахл менамоем, то ки он бар манфиати ҳар як адиб ва инкишофи ҳаёти мадании ҷомеа бошад.

Яке аз сабабҳои аз дигар миллатҳо қафо мондану ба куштор рӯ овардани ҷамоаи мо агар ҷанбаи иҷтимоӣ дошта бошад, ҷанбаи дуюмаш паст рафтани ҳаёти маданӣ ва бештар хароб гардидани маънавиёт аст, ки ин на дар як ду сол, балки дар давоми даҳсолаҳо ба вуҷуд омадааст. Ва мутаассифона, ба таназзул рӯ овардани маданияту маънавиёти халқи мо чунин як бори талху хунин овард.

Аз ин хотир мо имрӯз аз ҳукумати нави Тоҷикистон бо сипосгузорӣ ва эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ба масъалаҳои мо амиқтар сар фурӯ баранд, то он ҷое, ки имкон доранд, кумаки хешро дареғ надоранд. Зеро ҳеҷ кор дар ҷомеа бе заминаи иқтисодӣ сурат намегирад. Ва ҳатто фикр мекунам, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши нависанда ё ин ки равшанфикр маблағи муайяне ҷудо кардан лозим аст, ки ӯ аз дигар ташвишҳои рӯзгор фориғтар гашта, ба масъалаҳое, ки сар мезананд, на сатҳӣ, балки амиқан сар фурӯ бурда тавонад. Барои исботи ин фикр ГЭС-и Роғунро мисол овардан мумкин аст. Агар сатҳнигарии равшанфикрони тоҷик, манфиатҷӯии шахсӣ ва ё шуҳратталабии онҳо намебуд, имрӯзҳо ин иншооти бузург барои ҷумҳурии мо миллиардҳо сӯм даромад меовард ва халқи мо имкон пайдо мекард, ки дар чунин рӯзҳои сахт аз ҷиҳати иқтисодӣ вазъи хубтаре дошта бошад. Ҳоло ҳам дар байни нависандаву равшанфикрони мо ақидае вуҷуд дорад, ки тоҷикон метавонанд бо пахтаву тилои хеш сарватандтарини мардумони дунё гарданд. Вақте ки кас бо мутахассисони соҳаҳои номбурда гуфтугӯ мекунад, бепоя будани чунин ақидаҳоро дарҳол дармеёбад. Мутахассисон чунин ақидаҳоро ба шахсоне муносиб медонанд, ки аз воқеияти кишвар, ҷаҳон ва дастовардҳои илми муосир бехабаранд.

Дар ин ҷо бояд изҳори ақида намоям, ки ҳамкории адибон бо Академияи улуми ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҳар чӣ бештар зарур аст, то он дастовардҳое, ки дар муассисоти илмӣ ҷамъ омадаанд, пешкаши мардум гардад, ин метавонад барои пешрафти савияи ҷаҳонбинии халқу ҷамоаи мо хизмати арзандаеро ба ҷо орад.

Ба наздикӣ мо як тадқиқоти иҷтимоӣ, ё худ сотсиологӣ гузаронидем. Даромади солонаи 40 нафар адибро, аз ҷумлаи ононе, ки моҳонаи баланду миёна мегиранд ва ё умуман моҳона намегиранд, ба ҳисоб гирифтем. Хулосаи тадқиқоти мо нишон дод, ки даромади миёнаи моҳонаи як адиб ба 1320 сӯм рост меояд. Ин, албатта, бо чунин беқадрии пул, чизе нест. Зимнан, бояд хотирнишон намоем, ки қисми зиёди адибони мо дар натиҷаи ихтисорсозии нашрияҳоямон бекор мондаанд. Чунонки ҳоло дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҷои 20 нафар кормандони эҷодӣ 4 нафар кор мекунанд. Дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бошад, ба ҷои 12 нафар ҳамагӣ ду нафар кори маҷалларо пеш мебаранд. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, ки давлат барои пуштибонии адабиёт маблағ ҷудо кунад.

Дар давоми ду соли охир, бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиҳо, Иттифоқи нависандагон тавонист, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Мо ду маҷмӯаи дастаҷамъиро бо номи «Наврӯзӣ» ва «Паймон» бо ҳуруфоти форсӣ аз чоп баровардем. Бо нашрияи байналмилалии «Алҳудо» шартнома баста, се китоб барои чоп ҳозир намудем, ки мунтахаби наср, назм ва адабиёти бачагона мебошад. Аз рӯи қарордод ин китобҳо дар Эрон зуд ба чоп расида, дар кишварҳои Олмон, Инглистон, Амрико, Эрон, Покистон, Афғонистон паҳн хоҳанд шуд.

Дар ин байн шеъру мақолаҳои зиёди адибони мо дар нашрияҳои бисёр кишварҳои дунё ба табъ расиданд, ки ҳамаи ин самараи меҳнати адибони тоҷик буда, барои шуҳрат ёфтани адабиёти Тоҷикистон хидмат хоҳанд кард. Ғайр аз ин, мо бо нашрияҳои муътабари «Килк» ва «Фасли китоб», ки яке дар Теҳрону дигар дар Лондон фаъолият мекунад, ҳамкорӣ дорем. Онҳо ҳозир ҳастанд, ки барои чопи осори адибони мо кумаки хешро дареғ надоранд.

Бояд ёдрас шавем, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон дар Анҷумани нуҳуми адибони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар шаҳри Маскав моҳи июни соли 1992 баргузор гардид.

Аз ҷумла кормандони Иттифоқи нависандагон тавонистанд, ки дар ин ду соли бениҳоят буҳронӣ асарҳои баъзе адибонро муҳокимаву баррасӣ намоянд. Дар ин қисмат баррасии эҷодиёти Равшани Ёрмуҳаммад, Адаш Истад, Кароматулло Мирзоев, маводи яксолаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро мисол овардан мумкин аст.

Дар солҳои охир робитаи адабиёт ва, аз ҷумла, шеъри мо бо шеъри кишварҳои ҳамзабонамон густардатар гашт, ки барои баландтар бардоштани савияи бадеиву ҳунарии он хидмати арзандаро ба ҷо овард. Аз мутолиаи шеърҳои шоирони ҷавонамон Фарзона, Сиёвуш, Салими Хатлонӣ ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо аз баҳамрасии фарҳангҳои миллатҳои ҳамзабонамон ба хубӣ истифода карданд. Эҷоди онҳо баъзан дар пояи эҷоди шоирони қудратмандамон меистад, ки ин, албатта, барои пешравии шеъри мо аҳамияти хоса дорад. Агар чунин бархӯрдҳои хунине, ки дар ҷумҳурии мо ба амал омад, намебуд, равобити фарҳангии мо бо давлатҳои ҳамзабонамон бештар густариш меёфт ва фарҳанги мо аз он бештар бурд мекард.

Дар ин муддат ашъори беҳтаринро боз ҳамон шоирони қудратманди мо Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Саидалӣ Маъмур, Низом Қосим, Алимуҳаммад Муродӣ ва Зиё Абдулло гуфтанд.

Ҳоло дар ин давра гаравиш ба шеъри сиёсӣ ва иҷтимоӣ зиёд шуд, ҳарчанд мо даъво мекунем, ки мундариҷаи шеъри асил аз сиёсат баландтар меистад. Мутаассифона, як силсила шеърҳое, ки бо даъвои сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ будан, дар рӯзномаҳо дарҷ гардиданд, бо доштани вазну қофия аз шеърият дур буданд. Онҳо баъзан таҳқир ва ё мазаммати ашхоси ҷудогонаро ҳадаф қарор медоданд, ки ин, албатта, шеъри сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ нест.

Аз ашъори писандидаву дилнишин, ки дар муддати ин солҳо ба вуҷуд омад, идомаи силсилаи дубайтиҳои Лоиқ Шералӣ «Резаборон»-ро метавон ном бурд. Чунончи, шоир дар яке аз байтҳои дубайтиҳояш, ки маънии хубу серпаҳлу дорад мегӯяд:

 

Чу як шамшерзан сар барфарозад,

Дусад кафгирзан кӯбад сарашро.

Аз ҷумла, шеърҳои хуби Низом Қосим «Лолахун» шеърҳои кӯтоҳ-кӯтоҳу нишонраси Алимуҳаммад Муродӣ, шеъри «Девори Горбачев»-и Саидалӣ Маъмур, шеърҳои Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло фоҷиаҳои солҳои охир ба сари мардуми мо омадаро ба дард ифода намудаанд. Чунонки Камол Насрулло мегӯяд:

 

Эй худованд, куҷоиву куҷо шуд ватани ман,

Узв аз узв ҷудо гашту ҷудо шуд бадани ман.

Аз Ватан ёд, фақат ёд, фақат ёд ба ман монд,

Шуд дили поку сафедам кафани ман, кафани ман.

 

Дар ин муддат як идда шоирон ба жанрҳои анъанавӣ, аз ҷумлаи ғазал, рубоӣ, дубайтӣ рӯ оварда бошанд, қисми дигарашон ба офариниши шеъри сафед пардохтанд, ки беҳтаринаш дар ин шеъргунаҳо силсилаи шеърҳои Гулназар, Фарзона ва Сиёвуш буданд.

Шоироне, ки барои бачаҳо шеър мегӯянд, Убайд Раҷаб, Гулназар, Алӣ Бобоҷон, Юсуф Аҳмадзода, Ҷӯра Ҳошимӣ шеърҳои хубе эҷод карданд, ки хазинаи ин навъи шеърро ғанитар сохтанд.

Насри бачагона низ асарҳои хуби хонданӣ дошт, ки бо заҳмати Раҷаб Амонов («Қиссаи арӯс»), Баҳром Фирӯз («Гирдоб»), Болта Ортиқов («Магнитофон») Шодон Ҳаниф («Уқоби захмӣ») ба даст омад. Умед аст, асарҳои номбурда барои тарбияву такмили ҷаҳонбинии насли навраси мо ҳиссаи худро мегузоранд.

Насри мо дар ин ду сол тамоюлеро, ки аз устодонамон оғоз гардида буд, идома медод. Мо таҳқиқи масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиро дар насри тоҷик дар назар дорем. Ва ин як падидааст, ки дар насри мо даҳсолаҳои охир густариш меёбад. Кунун, ки муносибатҳо дар ҷомеа тезутунданд, барои нависандагони мо маводи эҷодии зиёде медиҳад. Онҳо имкон доранд масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи моро ҳамаҷонибаву амиқтар таҳлил намуда, ба тасвир гиранд.

Дар ин ду сол мо соҳиби чанд роман шудем. Романи «Гули бодом»-и устод Ҷалол Икромӣ, романи «Зарафшон»-и Сорбон ва романи «Кӯҳ бе варта нест»-и Муҳиддин Хоҷаев.

Романи Сорбон серпаҳлу буда, оббразҳои гуногун дорад. Дар симои қаҳрамонҳояш хонанда хислатҳои мардумонеро, ки дар сарзамини мо умр ба сар мебаранд, дармеёбад. Романи Муҳиддин Хоҷаев «Кӯҳ бе варта нест» дар мавзӯи сохтмони иншооти барқӣ буда, нисбат ба романҳои пештарааш аз ҷиҳати банду баст ва ҳам тасвир мукаммалтар аст.

Ғайр аз ин, бисёр қиссаҳои хуби хонданиеро нависандагон Кароматулло Мирзоев («Нишони зиндагӣ»), Фотеҳ Ниёзӣ («Пахта ва гул»), Абдумалик Баҳорӣ («Умеди ягона» ва «Дили гумҷӯ»), Иноят Насриддин («Як рӯзи хазонрез»), Зулфия («Ғамро намефурӯшанд») эҷод намуданд.

Ин қиссаҳо аз ҷиҳати мавзӯъ ва ғоя гуногунанд. Яке дар бораи масъалаҳои маорифу мактаб, дигаре дар бораи низои истеҳсолӣ, сеюмӣ дар бораи меҳру муҳаббат буда, ақидаҳои гуногунро оид ба ин мавзӯъҳо баён менамоянд. Албатта, дар бораи ин асарҳо дар ояндаи наздик нақду адабиётшиносии мо фикри худро баён мекунад.

Дар ин муддат қиссаи Абдулҳамиди Самад «Маҳбус» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дарҷ гардид. Ин як асари мазмунан тозаест, дар адабиёти муосири тоҷик. Дар маҷалла боз ҳикоёти ҷолиби Саттор Турсун бо номи «Пахта» ва «Хазон», ҳикояи Ӯ. Кӯҳзод «Ҳарзамараз», ҳикояи Ш. Ҳаниф «Даҳмарда» ва дигар ҳикояҳои дилангези Адаш Истад, Сорбон, Гулназар, ҳамчунин адибони ҷавонамон Муҳаммадраҳим Сайдар, Неъматуллои Худойбахш, Нозирҷон Ёдгорӣ, аз ҳаҷвнигорон ҳикояҳои Аҳмадшо Маҳмадшо, Наҷмиддини Шоҳинбод ва дигарон ба чоп расиданд.

Ҷоиз аст таъкид кунем, ки дар солҳои ошкорбаёнӣ мунаққидони мо мавқеи худро аз даст доданд. Маълум аст, ки қонуниятҳои адабиёт худ ба худ асар ба вуҷуд намеоранд, танҳо барои таҳқиқ кардани асар восита мешаванд. Аммо ин ҳам ҳаст, ки онҳо дар ҳар асари асил аз нав офарида мешаванд. Асаре, ки аз рӯи қонуниятҳо офарида мешавад, асари қолабӣ ҳисоб меёбад. Аз ин рӯ, ҷовидонии ҳар асари асил дар он дида мешавад, ки қонуниятҳои пешинаи адабиро шикаста, қонуниятҳои худро ба вуҷуд меорад. Вазифаи муқаддаси мунаққид ҳам дар он аст, ки маҳз ҳамон қонунияти асарро кашф кунад. Ба гумонам, дар солҳои охир беривоҷ мондан ва кам ба назар расидани нақди адабӣ дар ҷуброн надоштани меҳнати мунаққид, яъне пардохи муносиби пулии кори ӯ мебошад. Боиси хурсандист, ки дар давоми ин солҳои мудҳиш дар бораи адабиёти бачагон асарҳои нақди адабӣ ба табъ расиданд, дар бораи соҳаҳои дигари адабиёт қариб ки мақолае чоп нагаштааст.

Як бахши калони адабиёти моро адабиёти русизабон ташкил мекунад. Дар давоми солҳои охир ин шохаи адабиёти мо рӯ ба таназзул ниҳод. Чунки бисёре аз адибони русизабони мо аз сабаби бад будани вазъи сиёсӣ аз ҷумҳурӣ кӯч бастанд. Беҳтарин асарҳои мансуре, ки дар давоми ду соли охир маҷаллаи «Помир» чоп кардааст, повестҳои Череднеченко («Матрос»), адиби марҳум В. Демидчик, Макаров, ҳикояҳои Анвар Тавобов мебошанд.

Дар шеъри русиамон мавқеи шоирон Алишер Қиёмов, Виктор Полещук ва шоираи ҷавон Олга Хвастова қобили қайд аст.

Дар охир, бар он умед мебандам, ки роҳбарони нави давлати мо, ки сухансанҷанд, адабиёти моро пуштибонӣ намуда, барои рушду такомули он ҳиссагузор мегарданд.

 

Марти соли 1993, рӯзномаи «Ҷумҳурият»