Сухани ифтитоҳӣ дар ҷаласаи якҷояи садорати Иттифоқҳои эҷодӣ бо ҳамроҳии Академияи улум ва Вазорати фарҳанг

  Дӯстони азиз, дар хусуси суханронии Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ Э.Ш.Раҳмонов аввало ҳаминро бояд бигӯям, ки дар давоми чанд даҳсола ҳамин гуна суханронӣ аз ҷониби сарвари давлати Тоҷикистон оид ба фарҳанг ва тамаддун нашуда буд. Ин суханронӣ барои тамаддуни мо таърихӣ ва сарнавиштсоз аст.

  Акнун, сари он биандешем, ки заминаи ин суханронӣ чист ва он аз куҷо ба вуҷуд омад? Бояд гуфт, ки асри ХХ бо ҳамаи созандагӣ ва сӯзандагиҳояш, фарозиҳо ва нишебиҳояш барои мардуми Тоҷикистон асри эҳё буд. Дар ин аср адабиёт тоза шуд, насри реалистӣ, драматургия ба вуҷуд омад. Театр, кино, телевизион ва компутер пайдо шуд…

Мо ин ҷо ба он мақсад ҷамъ омадем, ки ақидаҳоямонро гӯем ва нақшаи корҳои ояндаамонро якҷоя тарҳрезӣ кунем. Ҳамаи навъҳои маънавият, рӯҳоният ва илм аз даврони қадим бо ҳам иртиботи сахт доранд. Ва инҳо инсонро барои инсон шудан, барои ба Худо наздиктар шудан даъват мекарданд. Дар «Китоби муқаддас» гуфта мешавад: Пас аз он ки Худованд ҳамаи мавҷудоти рӯи заминро офарид, инсонро офарид. Аммо чӣ тавр? Худованд инсонро бо сурати худ, ба сифати Худо офарид. Дар Қуръон бошад, гуфта мешавад, ки Худованд одамро ҳамчун халифаи худ дар рӯи замин офарида аст. Ҳамаи фарҳанги гузаштаи мо асос бар ҳамин дошт, ки волою олӣ буд. Ва инсонро ба сӯи камолот, ба сӯи маънавияти бузурге роҳнамун месохт. Китобҳои муқаддас мегӯянд, ки инсон ба Худо шабеҳ аст. Назарияи моддигароёна гуфт: – На! Маймун ҳастем, аз маймун офарида шудем… Ман ин ҷо бо олимон баҳс карданӣ нестам. Танҳо гуфтаниям, вақте фарҳанг онро ба асос мегирад, ки инсонро ба Худованд пайванд созад ва ба авҷи аъло бибарад, барои инсоният муҳимтар аз он аст, ки насаби онро ба маймун бипайвандад.

Дар телевизионҳои Ғарб бештар филмҳо ва намоишҳои зӯроварӣ, куштор ва фисқу фуҷурро намоиш медиҳанд. Ҳамаи ин ибтидо мегирад аз ҳамон назарияе, ки инсон аз маймун пайдо шудааст ва мушобеҳ ба ҳайвон аст. Ин дард имрӯз табобат мехоҳад. Дардҳои зиёде ба мисли СПИД, нашъамандӣ тамоми сайёраро фаро гирифтааст. Мо ҳам гирифтори дардҳои сахте шуда будем. Аммо бо сарварии муҳтарам Э. Ш. Раҳмонов ва хизмати фарҳанги ҷомеа ба сулҳу ваҳдат расидем. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар Афғонистон, ки мо ҳамфарҳанг ҳастем, сулҳу салоҳ нашуд? Гап сари он аст, ки мардуми тоҷик босавод ҳастанд ва ҳамин соҳибмаълумотӣ, соҳибфарҳангӣ ташвиқ бар он кард, ки мо сулҳ бандем.

Дар асри ХХI, ба андешаи ман, ташакулли миллат шурӯъ мешавад. Мо акнун ба қадри фарҳанги миллӣ мерасидагӣ шудаем. Акнун соҳиби давлати миллӣ шудем. Аввалин бор аст, ки сарвари давлати Тоҷикистон бо чунин муфассалӣ суҳбат мекунад дар бораи фарҳанги қадимаи мо, таъриху адабиёту забони мо. Ва мо зиёиён, аҳли илмро даъват бар он мекунад, ки ҷасуронатар масъалаҳоро баррасӣ кунем. Ин аломати ба вуҷуд омадани давлати миллӣ ва шакл гирифтани миллат аст. Имрӯз дар Тоҷикистон 230 рӯзномаю маҷалла ба қайд гирифта шудааст, ин хуб аст ва аломати демократӣ будани ҷомеа мебошад, аммо ба мо зарур аст, ки рӯзнома ва маҷаллаҳои саросарӣ дошта бошем. Рӯзномаҳое дорем, ба мисли «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», вале мутаассифона, онҳо ба ҳамаи ноҳияҳо намерасанд. «Адабиёт ва санъат» замоне бо теъдоди 100000 нашр мешуд. Ин нашрияҳоро пурқувват гардонидан лозим. Дар ноҳияҳо ва вилоятҳо телевизионҳои хусусӣ бисёр амал мекунанд. Ман намоишҳои онҳоро дидаам. Дар сатҳи паст манзури тамошобинон мегарданд, ки як зарра маънавиёти инсонро баланд намебардоранд. Ба масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷомеаи мо ҳаст, касро мутаваҷҷеҳ намесозанд. Хеле хуб мебуд, ки барномаи телевизиони марказии мо пурққувват шаваду дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш дода шавад. Мутаассифона, минтақаҳои мо аз ҳам ҷудо ҳастанд, аммо хуб аст, ки воситаҳои технологӣ имконияти ба ҳамдигар наздикшавиро ба вуҷуд меоранд. Инро барои инсонгароӣ, муташакилии миллат бояд истифода кунем.

Инсоният чизҳои бисёре офарид, вале аз китоб чизи болотаре офарида натавонист. Таъсире, ки китоб ба инсоният дорад, аз ҳама бештар аст. Зеро вақте ки инсон китоб мехонад, ӯ рӯ ба рӯ бо ҳамон фарҳангу маънавият аст, таҳлил мекунад, фикр мекунад, андеша меронад. Агар мо китоб мехонем, ташаккули миллати мо боло меравад.

Вақтҳои охир кори чопи китоб суст аст. Агар солҳои пеш нашриёти «Адиб» дар як сол 200 номгӯй китоб чоп мекард, ҳоло ин рақам хеле кам аст. Аммо дар ҳар ҷо китобҳои зиёде чоп мешаванд. Ташаккур ба онҳое, ки барои китоб маблағ медиҳанд. Вале агар ин гуна маблағ барои китобҳои ба ҷомеа манфиатнок сарф мешуд, хуб мешуд.

Мо хеле гузашт кардаем, нисбат ба онҳое, ки китоб менавиштанд. Бояд гуфт, онҳое, ки аъзои Иттифоқи нависандагон шудаанд, ба ҳар ҳол, асарҳояшонро худашон менависанд. Касони заҳматкаш ҳастанд ва меҳнаташон бояд қадршиносӣ шавад. Аммо касоне ҳастанд, ки унвонҳои илмӣ гирифтаанд, вале дар як ҷумла панҷ-шаш хато доранд…

Тоҷикистон имрӯз майдони сохтмонҳои азим аст. Роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Қароқурум-Қулмаро месозем. Нақби Анзоб меканем ва роҳи оҳан месозем. Дар замонҳои гузашта дар бораи ин гуна иншоотҳо асарҳо офарида мешуданд. Агар имрӯз ин анъанаро давом дода асар нависем, мо ташаккули миллати тоҷикро нишон медиҳем. Мо бояд барои саломати маънавӣ ва ҷисмонии ҷавононамон асар биофарем. Бо ин мақсад якҷоя бо Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Ҳукумати Тоҷикистон конкурс барои беҳтарин асарҳои зидди маводи мухаддир эълон кардем. Зеро хатари бузурге на танҳо халқи моро, балки тамоми дунёро таҳдид мекунад. Адабиёт метавонад дар ин роҳ кореро ба анҷом бирасонад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни фарҳангро қабул кардааст. Ҳамчунонки гуфтам, касони бисёре ҳастанд, ки барои фарҳанг пул харҷ мекунанд. Оё имкон ҳаст, масалан, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як фонде ташкил карда шавад, ки корхонаву ташкилотҳо ё шахсони алоҳида фоизе аз даромади худро ба ин фонд гузаронанду он барои баландшавии сатҳи фарҳангии миллати мо харҷ гардад. Агар ҳамаи маблағеро, ки барои фарҳанг харҷ мешавад, дар як ҷо ҷамъ карда, мақсаднок истифода кунем, манфиати бештаре медиҳад.

Соли 1992