Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Эй Анӯширвон, ки то имрӯз ҳам
номи Шумо одилтарин
шоҳи шаҳаншоҳони сосонист,
Ман ҳазорон бор маъзурам,
агарчи пурсише аз Зоти Олӣ
н-аз адаб ҳасту на осонест,
Лек водорам кунад
рӯҳи ҳазорон марди қурбонӣ,
ки то ин дам
Ҷойи нафринҳои
нобарҷойи
садҳосолае аз мо –
Ворисонаш,
чашмдори
як дуои хайри инсонист.
З-ин сабаб акнун
мани шоир
Шуморо мекашам
бар додгоҳи адл,
То бубинам ман
чӣ сон буданд эшон
подшоҳи адл.
Эй Анӯширвон,
Шумо дирӯз,
яъне
понздаҳ садсола аз ин пештар
шоҳаншаҳӣ кардед?
Ҳо, бале,
дирӯз
ҳарфам иштибоҳе нест,
Баски кори неку бад
дар эътибори вақт
маҳфуз аст,
Чун Шумо
аз хусравони даҳр
гӯё боз гӯйи
одилӣ бурдед,
Пас
на дирӯз аст
аъмоли Шумо,
имрӯзи имрӯз аст.
Узр орам,
гар бигардам
ранҷаи хотир,
Лек ҳол аз Зоти Олӣ
пурсишеро
посухе хоҳам:
Як Шумою
даҳ ҳазору
ду ҳазори дигаре зан
дар ҳарам ҳозир,
дуруст аст ин?
Пас югурдакҳоятонро ҳам
яқин аст ин ки
садҳо буду камтар на
В-аз барои пешкории занон
садҳо ҷавонро
ахта кардан ҳам,
То баногаҳ
дар чарогоҳи шумо
як шаб начаррад
моли бегона.
Ҳазрато,
ин аст оё
шеваи
як шоҳи адлоин?!
Ё шуморо
хирмане аз Каҳкашон
паҳновару пурбор,
Халқҳоро
бори андӯҳу
пари коҳе.
Ё шуморо
синаи мурғу
дили кабку
шароби ноб,
Дигаронро
ин ҳама дар хоб,
ё аз синаи сӯзон
фaқат оҳе.
Хуб,
з-инҳо бигзарем,
аммо чу омад Маздаки беҳдин
ба оини мусовоташ,
К-аз забони
Зардуҳишти Хуррагон
мегуфт:
Эзиди олам,
ки олам сохтасту
банда парвардаст,
То адолат
будаву бошад,
Замин,
Обу Ҳавои хеш
Аз азал дода
баробар
бар шаҳу дарвеш
Ҳам ба ҳар марде
фақат як зан
ато кардаст.
«Ман,
Анӯширвон,
ки аз пушти Қубод астам,
- Шумо гуфтед,-
Мешиносам
хубат, эй Маздак,
ки бар дини ҳақ астӣ ту.
Чун падар моро
ба кешат
эътиқод овард,
Пас,
биё бо мо,
ки дар роҳи Худо
бошем ҳампаҳлу.
Ман
ба ҷойи ҷаддам акнун
мекунам коре,
ки бояд кард,
То мусовоти
зану моли ҷаҳон бошад
ба ҳар кас,
завҷа бар ҳар мард.
Ту кунун,
эй Маздаки бедору хуррамдин,
Сафҳае баргиру
номи маздакиёнро
рақам бинмо,
К-аз ҳамон ҳуҷҷат шиносем
иҷтимои
маздакиён мо.
То аз онон
баргузинам ман
вазирони
нави кишвар,
Ҳам ту бошӣ
дар барам
марди худоҷӯеву
донишвар».
Мекушоям хон канори
Даҷла пас гуфтеду
Маздакро бифармудед,
То тамоми
маздакиёни мусовотӣ
фаро оянд,
К-ин замон
ҷашни бузурги
Меҳргони мост.
Пас биёед,
эй ҷавонмардони
адлу дод,
То диҳам мансаб
ба ононе,
ки мешоянд.
Маздакиён
гирди хони хусравӣ
дилшод,
На ба каф
теғу синон,
на дар бағалҳо
санг,
Бас ба дил
ҳарфи адолат
доштанду
нанг.
Дар Шумо аммо
муҳайё
нақшаи бедод,
Бо тамоми
лашкаре, ки
дар таҳи ҷома
силоҳе дошт,
Маздакиёнро
гирифта
ҳалқа танготанг.
«Ин ҳама ёрони ту,
Маздак,
ту худ андар
канори ман,
Бингар акнун
дар мусовоти
замину мол
кори ман»
В-аз камар боло
табарзин рафту
истибдод,
То сари боло
ба хони шоҳ
аз гардан
ҷудо уфтод.
Сар шуд он шӯре,
ки мебоист,
сар мешуд,
Дар сари хони
шаҳию
Меҳргон
он рӯз
Як саду панҷоҳ ҳазор
аз маздакиён
каллапар мешуд,
Адл
сар мебохт,
бедоду разолат
тоҷвар мешуд…
Ин Шумову
адлатон,
эй Шоҳи Одил,
эй Анӯширвон?!
Бояд амри
қатлатон,
худхоҳи қотил,
эй Адӯширвон!
В-арна охир
хунбаҳои
он ҳама куштори беҳад
ку?
Боз қатли ду бародар,
ду бародарзодаву
моми ғариби хештанро
ҷад,
Ҳам Анӯшакзод
пури хешро
ду чашм кардан кӯр,
Як диҳед инсоф,
охир,
дар кадомин чорчӯби адл
мегунҷад?!
Хуб,
ин ҳам равшан аст,
асло муаммо нест,
Ку ҳамон золим,
ки чун одил
мусаммо нест?!
Ҳар қадар
золимтар ӯ будаст,
номаш
он қадар
одилтар оварданд,
Он ҳама
пасмондахӯрҳое,
ки аз хонаш
намак хӯрданд.
Дар ҳарамҳо
ронда шаҳват
хешро хонданд
некоин,
Маздаку
маздактариқонро
валекин
фосиду баддин,
К-ӯ занонро
сар ба сар мехост
гӯё
муштарак кардан,
Баҳри ин бӯҳтон
шуморо ҷо ба ҷо бояд
задан гардан,
К-ӯ фaқат мегуфт
ҳар як мард
танҳо
як зане гирад,
На яке чандин саду
чандин сади дигар
надида рӯйи зан мирад.
Лек,
эй зоти Анӯширвону
маддоҳони қотилҳо,
Як ҳазору панҷсад соле
гузашта
гарчи з-он айём,
Гарчи қотилро
ба суди хештан кардед
Одил ном,
То дурӯғ асло нагардад
бар ҳақу
бар ростӣ
пирӯз,
Меканад
дасти адолат
он ниқоб
аз рӯятон
имрӯз.
То замоне
дар ҷаҳон
зулму тааддӣ
ҳаст,
Маздаке
дар батни модар
нутфа хоҳад
баст!
Мешавад акнун,
ки ойини адолат
ғолибу таъйин,
Шод бодо, шод,
рӯҳи маздакиёни
ҳама давру замон
Омин!