Модаре пир, хору зору наҳиф

Ба дари маҳбас омад ин бегоҳ.

Ончунон буд нотавону заъиф,

Ки баромад ба зӯр аз лабаш оҳ.

 

– Кист, ин ҷой, эй бачам, сарвар,

Ба мулоқот, то диҳад рухсат

Ба мане, к-аз ду рӯз ҳам камтар

Монда аз умр шоядаш фурсат.

 

Хоб дидам, ки баст бояд рахт,

Омадам, то кунам васияти хеш

Бачаамро, ки кӯр гашташ бахт

Аз нифоқи замони кофаркеш.

 

– Аз мулоқоти кардаат ба писар

Нагузаштаст вақти бисёре.

Нест рухсат ба вохурии дигар,

Ҳеҷ узрат намекунад ёрӣ.

 

Рав аз ин ҷо, ки рӯз бигзашта,

Гуфту омир, дилаш бикард дуним.

Модари аз фироқ хун гашта,

Пушти дар монд бо азоби алим.

 

– Ман куҷо меравам, ки дар тани ман

Нест ҷоневу ҷойи рафтан ҳам.

На ба шаҳрам даре бувад маскан,

На ба дардам касе бувад марҳам.

 

 

Ҳар тараф бингарист, ҷое ҷуст,

Ки ба рӯз оварад шаби ялдо.

Субҳ шояд, ки кор гашта дуруст,

Рухсати вохурӣ шавад пайдо.

 

Субҳ диданд, дар гаҳе во шуд,

Зери сар монда борхалтаи хеш

Рафта буд хоб, лек хоби абад

Дар таҳи зина модари дилреш.

 

Ҷамъ гаштанд халқ гирди сараш,

К-ин чӣ маргеву ин чӣ ҳоле буд?

Ба замоне, ки кард хун ҷигараш,

Посухе буд ё суоле буд.

 

Яке аз омирон ду чашмаш баст,

– Рухсаташ, – гуфт, – буд кори савоб.

Ногаҳ омад садо, ки: – Рухсат ҳаст,

Модар аз марг хест гӯ аз хоб.

 

Омири пир ҷо ба ҷо шуд шах,

Гуфт: – Лоҳавлаву, – гиребон дошт.

Ин чӣ буд, пойбасти чарху ях[1],

Они дигар гурехт, то ҷон дошт.

 

Модар озод рафт сӯйи вуруд,

Ҳеҷ касро на эътиборе кард.

Муъҷизе, к-он набуд зи гоҳи вуҷуд,

Меҳри ӯ ё Худойи Борӣ кард.

 

Рафтани ӯ чӣ шӯр меангехт,

Ҳама дарҳо ба рӯ-ш во мешуд.

 

Қуфлу занҷиру панҷара мерехт,

Бандҳо канда, зери по мешуд.

 

То расид ӯ ба ҷойи хоби писар,

Дид ӯро ба бистараш бемор.

Ончунон нарм сила кардаш сар,

К-ӯ зи хоби саҳар нашуд бедор.

 

– Гуфта будам, ки пойи тобутам,

Эй ҷигарбанди ман, ту бардорӣ,

Гарчи дар ин умед мазбутам,

Ту чӣ сонаш, вале ба ҷой орӣ,

 

Ки дар ин ҷо туӣ худ андар банд

Ва ман он ҷо ҳалоки қисмати шӯр,

Ки на тобут мебарад фарзанд,

Ки на фарзанд мениҳад дар гӯр.

 

Дигар аз дасти ман чӣ меояд,

Рӯзу рӯзии ман ҳамин будаст.       

Донам, аммо, ки адл мебояд,

Ки Худояш ба банда фармудаст…

 

Ҷон бачам, шоми ҷумъа Қуръон хон,

Бифирист ояе ба раҳмати ман,

То бидонам, ки зиндаӣ ба ҷаҳон

Охирин мояи саодати ман.

 

Гуфту ҷон дод аз нав ӯ ором,

Чун набудаш ба дил ризои дигар,

Ки ба гӯраш барад паёму салом

Баъд аз ин аз писар дуои писар.

 

[1] кори номумкин, ғайриодӣ