«САНГИ МАН– АЛМОС»

 Манзума

 (с. 1997)

 Ман киям?

Шояд ангори дарахт,

Решаам рафта дар оби дили деҳ,

Шохаам сабз шуда дар тани шаҳр,

Ки бад-ин ҳол на шаҳрӣ, на деҳотӣ бошам,

Кандам аз хеш, чӣ сон бо дигаре пайвандам?!

 

Натавонам, ки барам

Панҷаи решаи заррини диламро бо хеш

Ва дар он хоки навин сабз кунам.

Шоху баргам, ки кунун бори патакреша бувад,

Бим аз ҳамлаи тӯфон дорам.

 

Лек ҳоло сухан аз тӯфон нест,

Гарчи дар ҳар нафаси зиндагиям тӯфонест.

 

Маданӣ гаштам,

            яъне ки шудам шаҳрзада.

 

Дӯстони бачагиям ҳама дар деҳ монданд.

Ман ба деҳ меоям,

Лек ҳамроҳи парастуҳо соле як бор,

То дароям ба канори токистонҳояш

Ташнаи меҳри канори модар,

Ҳамчу бо хоҳаракам ҳарф занам бо чашма,

Ба сафедори сарафрохта гӯям, ки:

                                          Салом, эй додар!

Гарм оғӯш кашам момаи пири тутам,

Сар ба санги сари сахти бачагиям ниҳаму

                                                    хоб равам.

 

Хезам,

            атроф маро фарши гули зардолуст

Ва парасту созад лона ба шифти хона.

 

Як замон бому дари хонаи мо

Боми кафтарҳо буд.

Бом пар мезаду кур-кур мекард,

Бом мехонд,

            ва бом

Боми оҳангу наво буд ба қонуни саҳар.

 

Хуш ба ҳолаш,

Ки паси он ҳавлӣ

Қитъаи сабзи замин буд,

                                ки чун шом ояд,

Осмонаш пури шабпар мешуд.

 

Кӯдаконе будем,

К-аз ҳавои дили худ

  тоқии худро ба ҳаво дода ҳаво,

Медавидем,

            ки дар тоқиамон шабпарае дармонад.

 

Ман, ки андохтам аз шавқ кулоҳам боре,

Рафту дар хӯшаи Парвин овехт.

З-он шабам худ ба замину кулаҳ аз моҳ

                                                    бувад болотар.

 

Дӯстдори суханам.

Сабз гардад ба кафам шохи қалам.

Баски ҳам ишқ ба шудгори хазонӣ дорам

Ва дар ин дам, ки маро нест замину испор,

Рӯи марзи варақи тоза қалам меронам,

Ки баногаҳ гияҳе сабз шавад,

                                гандум ё ҷав рӯяд

Ва аз он қитъаи шудгори қалам,

                                дасти кам,

Мӯр бар хонаи худ дона кашад. 

 

Дӯст дорам фаварони гули шафтолуро,

Ишқи занбӯри асалро ба арӯси гули себ,

Ки ба як бӯсаи ширин кунадаш обистан

Ва ман обистани гулро

                      ба қалам об диҳам,

То ки дар дафтари ман шохаи себ орад бор.

 

Хушам ояд,

Бӯсае, к-аз лаби гул бардорад,

Асали гул кунад охир ба муҳаббат занбӯр.

 

Ибрате ҳаст дар ин зумраи нӯшин ҳашара,

Ки занад неш фақат аз пайи нӯш.

На пайи нӯш агар неш ба иҷбор занад,

Дарнафас ҷон бидиҳад аз гунаҳи бегунаҳӣ.

 

Лек афсӯс, маро дар дафтар

Гоҳ-гоҳе на асал ҳасту на занбӯру на себ,

Фақат авроқи гули пажмурда-ст.

 

Хушам ояд,

Гар зулоли шабнам –

Ташнаи чашмаи нӯши хуршед –

Миннати барги гулеро накашад.

 

 

 

Хушам ояд,

Қатра донад, ки дар он ҳар дарёе дарёст,

Низ дарё, ки вай аз қатра бувад дарёе.

 

Чун шудам зода ба соли сагу бурҷи мизон,

Аз сагам меҳру вафо мерос аст

В-аз тарозуям дод асту адолатмандӣ.

 

Санги ман алмос аст.

 

Шишабозӣ набувад шеваи ҳеҷ алмосе.

Чун мураккаб бишавад санги ман аз дудаи дил,[1]

Гарчи гоҳ обию гаҳ сабзу сафеду сурх аст,

Лек шаффофу булӯрист ҳама.

 

Шӯълаи теғаи алмоси ман аз нури дил аст.

 

Дил ибодатгаҳи ман.

Ҳамди ислом аст

            он сура, ки ман мехонам,

Бо нафасҳои Масеҳ

Ва ба имони Яҳуд

Ва мудоро, ки расад аз Будо

Ва ба ҳар кас, ки ба дил маъбади имонаш ҳаст,

Оварам рӯйи намоз.

 

Ва дуо мегӯям,

Бехи имони маро дорад сабз

Он Худое, ки туро сабз нигаҳ медорад.

Рӯ ба абре, ки равон аст ба дарёи само, мезорам,

То барад хайру савобаш ба қабули хуршед.

 

 

Осмон дорад агар

                      панҷаи оби раҳмат,

На фақат бар сари сарву гулу райҳону тамишк,

Ба сари газна, шутурхору ғумой,

Ба сари хори хасак ҳам борад.

 

Хор худро ба чаман хор кунад,

То гуле ханда ба гулзор кунад.

 

Чашми бад дур зи хори сари кӯтаҳдевор.

 

Чашми бад дур,

Зоғ агар замзамапардоз шавад,

Чашми хаффош ба хуршед шиносо гардад,

Дом худро шиканад дар пайи озодии сайд,

Гургро раҳм ба бузғолаи гумроҳ ояд,

Заҳр агар дар даҳани мор шавад позаҳре.

Чашми бад дур.

 

Чашми бад дур,

Шаб зи вайрона ба ободӣ агар орад рӯй

Чуғзи вайронанишин.

Аз ҳаё санги раҳ аз раҳ фиканад худро дур,

Набзи худро шунавад хораи сарду хомӯш,

Гар ба болои шутур

Камбағалро нагазад

                      Саг

                            ва ё

                                соҳиби саг.

 

Чашми бад дур,

Агар арбоби сиёсат як субҳ

Дар пайи рафъи хумори абадӣ

                                лаб на ба ҷом,

Лаб ба сарчашмаи дониш ниҳаду додгарӣ.

 

Кафки дарё назанад лофи асолат

                                          ба сари гавҳари пок,

Ҷӯши мағзоба кунад шарм зи мағзи одам,

Хӯса гар Рустами дастон нашиносад худро.

Чашми бад дур.

 

Чашми бад дур,

Гар нагӯяд зи ҳасад душмани ту,

(Чун наёбад зи ту айб)

Каҷ бувад думби сагат.

Ва ҳар он кас, ки занад лофу гизоф,

Ки чу ӯ дар ду ҷаҳон нест башардӯст касе,

Натарошад ҳама шаб

            Лоақал сояи ҳамсояи хеш аз девор.

Чашми бад дур.

 

Чашми бад дур,

Гар ба ҳар кишвари гумкардашаҳе

                                          Бози давлат шинад

Ба сари кал, ки кунад соҳибтоҷ,[2]

Он калак лек ба фардои кулаҳгӯшагиаш

Калии хеш фаромуш накунад

Ва нагӯяд, ки барад фарти шаҳӣ аз Доро

Ва наомӯзад ӯ

Панду андарз ба Луқмони Ҳаким,

Мушкили фалсафаро бар Суқрот.

Чашми бад дур.

 

Чашми бад дур,

Гар ҳамоне, ки бигуфт:

Ин манам бораи подори диёр!

На фақат пораи девори диёр,

Балки девори ҷаҳонро як хишт

Ҷониби худ фақат ӯ, ҷониби худ н-афтонад,

Ки на девор бимонад ба ватан з-ӯ бар ҷо,

На дару дарвоза.

Чашми бад дур.

 

Чашми бад дур,

Гар нагӯяд зи пагаҳ то ба абад

Дар ҳама гирду канори кишвар,

Ҳамаи вирду намозат, эй халқ,

Номи ман пеш зи Бисмиллоҳ аст.

 

Чашми бад дур,

Гар сари тахти шаҳаншоҳи замон

Чоруқи кӯҳнаву фарсуда бувад овезон,

То бигӯяд, ки: «Аёз,

                      Чоруқат андар кос,

                      Ҳадди худро бишнос».[3]

 

Чашми бад дур,

Гоҳ агар бе хатари ҷон

                      ба думи шер

                                          тавон бозӣ кард.

 

Зиндагӣ чун на фақат ҷонбозист,

Зиндагӣ боз, ки бозӣ ҳам ҳаст.

 

Зиндагӣ нест, вале

            Бозии гурбаву муш.

 

Зиндагӣ гар бозист,

Бозии модари хирс аст ба хирсакбачаҳо

Дар варои ҷангал

Ё паси панҷараи боғи вуҳуш.

 

Зиндагӣ гар бозист,

Бозии барқ ба нафти шаби торик бувад,

Ки ба оташбозӣ,

            Бизанад бар дили зулмат оташ

Пилтаи каҷмакаҷи шӯълавараш.

 

Зиндагӣ

  бозии як лаҳза ҷаҳонафрӯзист.

 

Зиндагӣ аз кайҳон меояд.

Ҳамчу нурест, ки аз роғи даре мегузарад

Ва ба торикии долони дудар меларзад,

Кас мабодо ки дари хона ба рӯяш бандад.

 

Зиндагӣ

            ҳадяи нур аст ба ҳар як дари боз.

 

Нардбоне, ки барад ҷониби бом,

Агар аз шавқ бимонӣ ба сари тиру камон,

Барадат балки ба боми гардун.

 

Зиндагӣ расми нигаҳ доштани паймон аст,

Ки абад баста ба ҳам

                      булбулу гул

 

Хандаи сурхи шақоиқ ба баҳори борон,

Офтобу гули хуршед, ки бинад рухи он

Аз паси сад қабати абри захим,

Теғаи кӯҳу уқоб,

Ҷуфти мусичаву як шохи дарахт,

Камари уқдакушои

                      зану дастони гиреҳхӯрдаи мард.

 

Зиндагӣ

            ношикебоии абр асту шикебоии кӯҳ,

Зиндагӣ

            ҳиммати шеронаи шер,

Ҳилаву рӯбаҳии рӯбоҳ аст.

Гарчи камтар набувад

Шерии рӯбаҳу рӯбоҳии наршераш ҳам.

 

Зиндагӣ

            ҳеҷ на зишт асту на хуб,

Зиндагӣ

            бурҷи тулӯъ асту ғуруб.

 

Лек гоҳе аҷаб аст,

Ях кунад дил ба дами тафсонаш,

Ё зи бедодии сардаш сӯзад,

То яке зумраи нокора саворанд ба дӯши инсоф,

Ҳамчу бар пушти харе.

Дузду раҳзан ҳама якбора шуда «Ҷип»-савор.

Пои инсоф, ки ланг аст имрӯз,

Ланги инсоф нишинад бар «Ҷип».

 

Лек деҳқон –

            сияҳи сӯхта дар саҳроҳо, –

Осиёсанги гарони рӯзӣ

Бикашонад ба сари дӯши хаму обилахез.

Зиндагӣ ҳам, ки гаҳе беинсоф

            Ва намакхӯрда намакдоншикан аст,

Рӯйи ин захм намак мепошад.

 

Зиндагӣ

     дониши нодониҳост.

 

Бикунад дониши мӯраш ҳамаро дар ҳайрат,

Ки агар донаи арзан бибарад,

                                карда ду тақсим варо

 

Ва агар донаи гандум бибарад,

                                карда чаҳораш пора,

Бигузорад, ки нарӯяд ба баҳор.[4]

То намирад ба баҳорон гушна,

То баҳораш нашавад айни хазон.

 

Ва агар мӯр бад-ин сон доност,

Чӣ тавон гуфт зи донишварии инсонаш.

 

Дафтари дониши андӯхта шӯям дар об.

 

То зи нав фалсафаи обу алафро хонам,

Ҳикмати бастагии кӯҳу камарро ёбам.

Фарқи парвозу хазидан дар чист?

Гар паридан нарасонад ба савойи хуршед.

 

Чист дар ишқи ниҳони садафу марворид,

Ки чу санг аст, вале ҷон дорад,

Ҳаст ҷонзод, вале сангинтан,

Чӣ наботест, ки бораш ҳама гавҳар бошад.[5]

 

Дар баҳорони гулу бедорӣ,

Нисбати духтари деҳқону ниҳоле дар чист,

Ки ба сар карда сарандози арӯсӣ аз гул

Мешавад дар раҳи домоди чаман атрафшон.

Баъд ҳамтои зани ҳомилае ҳосили хеш

Дар таҳи пираҳани сабз ниҳон медорад.

 

Дар чаманҳо

Сари ҳар соқи алаф сад гираҳи роз бувад.

 

Ғунча хандида чӣ гуфтаст саҳар бо булбул,

Ки дигар булбули шӯрида бихонад

                                ҳама субҳу ҳама шом,

Кай тавонад, ки ҷавоби сухани гул гӯяд.

 

Дили ман мехохад,

Бонги мурғони чаман шӯъла кашад дар гулшан,

Сахт ношодам, агар шохаи гул,

Хушк аз ғунчаи овоз шавад.

 

Чун бубинам, шаби маҳтоб, ки як ҷуфти ҷавон

Чун ду саршохаи нур аст ба ҳам печида,

Бикушояд зи фараҳ баҳри дилам

Аз замин то маҳтоб,

Ё фарохотар аз уқёнус.

 

Ман надонам, ки чаро

                      бештар аз ҳар чӣ, ки ҳаст,

Кашадам ҷазбаи маҳ дар гардун

Дар замин паҳнаи дарёҳоям.

Ин магар ғуссаи ишқи ватани

                                аввалу сонии ман аст?![6]

 

Як замон хаймаи маҳ буд нахустин ватанам

Ва ба он пайраҳаи нур,

                      ки дар байни маҳу дарёҳост,

Як шаб аз зодгаҳи маҳтобам

Омадам бар ватани дарёям.

 

Маҳди маҳтобии ман

Қарнҳо пас ба ниҳонхонаи дарё ҷунбид,

То зи дарё ба замин по мондам.

 

Ман набудам, агар аз насли башар,

Бегумон

            моҳии дарё будам.

Моҳӣ,

  оё хабарат ҳаст, ки ояд аз моҳ.

Моҳӣ аз маҳ, яъне.

 

Духтарам, к-аввали бурҷи моҳӣ

                                ба ҷаҳон омадааст,

Рӯзе омад тозон,

(Он замон кӯдак буд)

Гуфт: Бобо, амакеро дидам дар кӯча,

Ба сараш лонаи кафтар мерафт

Ва ба оҳубара мегуфт сухан чун бо мо,

Моҳӣ аз рӯд ба ҳар як суханаш пар мезад.

 

Ногаҳон себи ҷавоне, ки ба зераш будем,

З-ин суханҳои шигифти кӯдак,

Шох афшондаву ларзиду шукуфт.

Зиҳӣ, он ишқи Худованди

                                ҷаҳонҳои ҷаҳонсоз,

                                                              зиҳӣ,

Ки саросар ба ҳама соҳати даҳр,

Ба ҳар оҳанги сабо,

                      Ларзаи барги дарахт,

Сари ҳар мавҷи равон,

Балки дар ҳар нафаси туғи биёбони ҳаҷир

Накҳати ишқи маҷозиву намозӣ ҷорист

Ва ба ҳар нахли шукуфта

                                чамани орзуи Лайлоест

Ва ба ҳар пайки навозишгари бод

Мавҷи дарё,

            таби саҳрои дили Маҷнунест.

 

Ман агар шохаи бед

Дар замини шафати боғчаам биншонам,

Ҳаргиз уммед надорам, ки бисабзад бодом.

Гар бикорам бодом,

Нағз донам, ки намерӯяд бед.

 

Лек агар буттаи газ рӯяд ҳам,

                                хушнудам.

То нарӯяд.

 

Нафареро медонам,

                      ки пагоҳи ҷумъа

Мехарад халтаи пур

                      Чормағз аз бозор.

Мефурӯшад ба ҳамон қимат боз.

Чун бипурсанд варо: Суд аз ин савдо чист?

Бо аҷаб мегӯяд:

            – Э, чунон мефорад,

            Чормағзо бикунан жағ-жағи жағ.

Метавон нон ба гадоӣ ҳам ёфт,

Натавон ёфт валекин номе.

 

Зиндагӣ як сафари дуру дарози абадист

Бо нигаҳдошти кӯтоҳтарин ҳангоме,

Ки бувад аз ту ба андозаи як ними нафас,

То расӣ зинда ба даргоҳи умед.

 

Падарам зинда зи ҷанги ватанӣ бозомад,

Модарам шуд, вале аз айби қаровул шабе

                                                ин ҷой шаҳид,

Ки ба сар дошт хумори бода

Ва ба каф дасти туфанг.

 

Баъд

  дар маҳкама

                      мегуфт ҳамон:

Чӣ кунам – айби арақ,

Чӣ кунам – ҷурми туфанг.

 

Шуд аз он рӯз яқин

                      Мастию тиру туфангам манфур.

 

Модарамро, ки ба гӯристон

                                бурданд чу бод,

Барфи ғам меборид,

Ончунон авҷкунон, печзанон меборид,

Ки дарахтону хиёбонҳоро

                                сару бар мепечид.

Оламеро ҳама бо печиши худ мепечонд

Ва таҳи бистари худ мепӯшид.

Барфи поиндарӣ аз бом баландӣ мекард,

Барфи бом аз гардун.

В-аз замин то ба само буд кафанпӯш ҷаҳон.

Мани навроҳ паси панҷара ҳайрон будам,

Модарамро, ки сари дӯш сабук мебурданд

Аз миёни ҳама он барфи бузург

Ба куҷое пурбарф.

 

Баъд аз он аст, ки мепиндорам,

Маргро роҳи сафеде ба ҷаҳони барфӣ.

Модару кӯдакиам монда паси барф,

                                          паси барфи азим.

 

Духтарамро, ки гаҳе

                      Нусхаи модари ман мегӯянд,

Мезанад ҳалқа ба чашмонам ашк.

 

Чист дар ҳасрати он мурғи қафас,

К-обу донаш бошад,

                      Амни ҷонаш бошад,

Лек бошад побанд

Ва дар озодии мурғе, ки набошад ба амон

Ва бувад ҳар нафаси зиндагиаш роҳ ба марг;

Ё ки аз хастадилӣ

Бурда аз ёд ҳавои парвоз,

Ва наёрад зи дарахте ба дарахте кӯчад

Ва само дар назараш деги фурӯ афтода-ст

Ва надонад ҳатто

Нашъаи озодӣ

            аз ситами побандӣ.

 

Ман, агар болам буд,

Дода будам ба шутурмурғ, ки парвоз кунад,

То шавад яксара озод зи бори таъна,

Ки шутур бошаду боре накашад,

Ки бувад мурғу наёрад бикунад парвозе.

 

Агар имкони сухан аз шаън аст,

Чӣ зарурат ба сухан аз таън аст.

 

Зиндагӣ рӯзу шаб аст,

Шабаш аммо чӣ дароз асту чӣ кӯтаҳ рӯзаш.

Ҳашт соат бошад гарчи шабаш,

Шонздаҳ соат рӯз.

 

Буд адибе, ки ба ҳар меҳмонӣ,

Сари минбар ҳатто

                      Ба ғанаб рафтаву хур-хур мекард

Ва гумон мекардӣ,

К-ӯ чӣ донад чӣ бувад бедорӣ.

Лек хонӣ агар имрӯз ту осорашро,

Ҳафт пуштат шавад аз хоби абад ҳам бедор.

 

Баъд аз он чун дарёбам, ки ба даҳр

Чанд сол аз умре шаб буваду чанде рӯз.

 

Рӯзро чун на фақат равшанӣ аз хуршед аст,

Шомро низ сиёҳӣ на фақат ҳасрати бехуршедист

Ва на ҳар дидаи боз

Муҳри тасдиқи дили бедор аст.

 

 

Ва Худоро чӣ санад буд, ки рӯзи хилқат

Рӯшноиро рӯз,

Зулмату торикиро шаб хонд.[7]

Балки буд ошиқи рӯз.

Тани шабро ба ҳарири сияҳи розу ниёзаш печид

Ва чу зан ҷогаҳи оромиш сохт.

 

Чашми сар менигарад,

                                дидаи дил мебинад.

 

Батни нахл аст ба ҳар хурмое,

Хуми хамр аст ба ҳар навдаи ток,

Раги савт аст гулӯи булбул,

Авҷи парвоз ба зери ҳар бол,

Равзаи ишқ канори ҳар зан,

Ҷовидон гарм,

            ки яксар диҳадат зиндагии ҷовидон.

 

Шӯри ҷанг аст ба ҳар бонги ситез,

Нури сулҳ аст ба ҳар ҳарфи салом,

Мавҷи сеҳр аст ба ҳар чашми сиёҳ,

Акси моҳ аст ба доғи рухсор,

Ҷойи хуршед ба ҳар сояи бед,

Ки зи чӯбе чамани зулфи таре рӯёнад.

 

Чашми сар менигарад,

                                дидаи дил мебинад.

 

 

Чашми дил боз шуду дидам ман,

Ки ҳамин мушти муҳаббат, ки варо Дил ном аст,

Дар қафасбанди ниҳони сина

По фаро мениҳад аз саҳроҳо,

Жарфтар аз дарё

            Ва фаротар аз арш

Ва ҳамон бори амонат, ки на дарёву на кӯҳ

Ва на афлок тавонист кашид,

Мекашад ин дили ошиқ бар дӯш.[8]

 

Ман диле дидаму дарё дидам,

Ва ба ҳар дил дарё

                      ва ба ҳар дарё дил.

Боз дидам, ки диле,

То нашуд об, нашуд дарёе

Ва касеро, ки дили дарёист,

Туф ба дарё накунад.

 

Об дар мазҳаби мо

                      Равшанӣ буду сафо,

Ки дилам соф шуду равшан шуд.

 

Бинам он мард, ки бо тӯбраи бозорӣ

Ояд аз пайраҳа рӯёрӯям,

Як қалам нусхаи кайҳон бошад.

Баски хаста-ст таҳи бори гарон

Ва кунад пок дамодам ба лаби рӯмолаш

Арақи пешониро, ки дарояд бар чашм,

Дар гумон аст, ки ёдаш ояд,

Асли кайҳониву дастури худовандии ӯ,

Ки миёнҷӣ бувад ӯ

                      байни Табиат ва Худо.

 

Арши аъло – Сари ӯ,

Синааш – баҳри Само

Ва Шикам маҳзи Табиат бошад.

 

Дили ман мехоҳад,

Санги асвад[9] шиканад шишаи хомӯширо,

Роз гӯяд боре,

            То ба такрор занемаш бӯса,

Ё ниёзи дили моро шунавад

Ва чу донад

            чӣ касему зи куҷо меоем,

Хезад аз ҷову занад бӯса ба хоки раҳи мо.

 

 

Дили ман мехоҳад,

К-одамӣ ҳамчу дарахте, ки пас аз боронҳо

Ғарқаи нур шавад дар хуршед,

Тозаву тар бошад

Ва тавонӣ, ки кунӣ хам ба замин шохашро

Ва гулашро буйӣ

Ва нагардад самари шохи баландаш ҳаргиз

Тӯъмаи зоғу заған.

 

Субҳдам ҳомилае сӯйи биҳизор ояд,

Ки: – Дилам бӯйи биҳӣ мехоҳад.-

– Ай Худо, медиҳиям тифлаки зеборӯе.[10]

 

Нисбате чист миёни биҳию

                      тифлаки зебо кардан?!

 

Дили ман мехоҳад,

Осмон шиша,

                      замин сабзаву

                                           дарё ҳама нилӣ бошад,

Побараҳна равам аз майсаи шабнамхӯрда,

Ҳамчу тифле, ки намедонад роҳ,

Лек мепиндорад,

Ки варо чор тараф шаҳроҳ аст,

Нест банде,

            санге,

                      Нест чоҳе дар роҳ.

 

Чоҳ – таҳхонаи об

Санг – бунёди бино

Банд – дар пойи вуҳуш

 

Дили ман мехоҳад,

Сухани шеър бувад сабзтар аз вожаи дашт,

Решаи фикр бувад жарфтар

                                аз бехи дусадсола чинор.

Савту ово шавад аз хонаи танбӯрии дарё ҷорӣ.

 

Гулпаракҳо сари зулфони алафро гиранд,

Ғук бар об ҷаҳад,

                      тоза барояд ба канор,

Сари ду пой нишинад сари санг,

Бидамад сурнайи ҷӯю бихонад овоз,

Ки бубин,

            зиндагӣ аз сар чӣ қадарҳо зебост

Ва чӣ андоза сахист,

Ки ба ҳар ғук диҳад ҳанҷараи довудӣ.

 

Мурғи пӯпак, ки ба сар тоҷи арӯсӣ дорад,

Ба тани тут занад минқоре

Ҳамчу чангӣ, ки занад химчаи ангушти наво

Ба сари хонаи чанг

В-аз раги тути ғанабрафтаи пир

Нағмаю шӯри ҷавонӣ хезад.

 

То нахонам пас аз ин

Хасу хошоки суханрезаи хеш,

Ҳамшумори сухани сабзи алаф,

                                шеъри равону тари об.

То надонам пас аз ин

Шоире ҷуз дарё,

                      Шеър ҷуз оби равон,

Сафҳа ҷуз сафҳаи сабзидаи дашт.

 

 

Дили ман мехоҳад,

Чор ҳангоми табиат, ки замони ишқ аст,

Ҳама ошиқ бошем.

 

Накҳати бодияи ишқ баҳорон ба димоғ,

Гармии бӯсаи хуршед ба лаб тобистон,

Зулфи заррини муҳаббат ба хазон дар гардан,

Дар зимистон шунаҳи барфи сафед

Ҳамчу покии муҳаббат дар чашм

Ва ба ҳар фасл –

                      баҳорону даю тирамаҳу тобистон

Ҳама ошиқ бошем.

 

Ҳама дар кӯйи муҳаббат мирем,

Ҳама дар шаҳри муҳаббат абадӣ зинда шавем.

 

Хоса шаҳре, ки хиёбонҳояш

Ҳама сабз аз армон,

Ҳама алвон аз шавқ,

Ҷӯйҳояш пури ширу асал аст,

Нимкатҳо ба канори раҳҳо

Ҳаҷлаи авлонҷакҳоянд

                                овехта аз шохаи бед.

 

Нафаси сабзи дарахтон ба ҳаво печида,

Хандад аз ойинаи равзанаҳо

Сӯйи хуршед ҳазорон хуршед,

Ки рухи ойинаҳо шуста сиришки найсон.

Хезад аз ҳанҷараи фохта

                                оҳанги булӯрини саҳар.

 

Хонаҳо – чашмаи нур,

Кӯчаҳо хурраму саршор аз ишқ.

Мӯсафеде ба сари гӯши гарон, лолаи сурх,

Сӯйи кампири навадсолаи хеш

Мепаронад абрӯ.

 

Хоса шаҳре, ки ба вақти дидор

Рӯйи ду дасти дароз

Гул кунад шохаи гулҳои гулобии «Салом»

Ва касеро набувад

Санг дар зери бағал.

 

Хоса шаҳре, ки гадояш

                      гули бобунаи тар хоҳад хост,

Баргро хоҳад хонд:

– Дӯст дорад, ё на,

Дӯст дорад, ё на...

Дӯст дорад,

Дӯст дорад,

Дӯст дорад!

 

Ку шаҳаншаҳ, ки биёяд ба гадоӣ зи дарам,

Ки ҳама шавкати шоҳаншаҳияш

Камтар аз арзиши як барги гул аст.

 

Хоса шаҳре, ки хиёбонҳояш

Каҳкашоне ба замин густардаст,

Ахтаровезу чароғон чу шаби базми арӯсӣ

                                                    ҳар шаб.

Ҳотаву боғчаву гулгашташ

Ҳама чун духтараки омада бар шаҳр зи деҳ,

Абрувон сабз зи нози вусма,

Гунаҳо сурх зи шарми лола.

 

Хоса шаҳре, ки баҳорон

                      ба шабонгоҳи бунафш

Дар тaҳи чодари рангини сипеҳр

Рахти хоб андозанд

Ва ба овози чаковакҳо хезанд аз хоб

Ва ба чашми оламбине

                                оламро бинанд,

                                          одамро бинанд,

Осмонро бинанд,

Ки фуруд омада то зинаи пойини дар аст,

Ки фаро рафтани мо

                                сӯйи худ

                                          осон бошад,

Ҳар куҷое

            Осмон бошад.

 

Осмоне, ки дар он

Ҳасти дигар набувад ғайри Худо

Ва дар он боргаҳи Борияш

Солҳоест, ки ӯ

                      чашм ба раҳ доштаву дил нигарон,

Ки ниҳоят ба канораш ояд,

Он, ки салсоли варо

                                чанд ҳазорон соле

Аз муҳаббат,

                      аз садоқат бисиришт.

Дар Заминаш ба халифӣ бигумошт,

Бинишонид сари тахти ҳама эҷодаш

Ва ҳама ишқу умеди худро

Дар ниҳонхонаи қалбаш ҷо дод.

 

Ҳамчу моҳӣ, ки варо ҳастии бедарё нест,

Ҷумла занбӯри асалро, ки ҳаёти бегул,

Шохи гулро, ки набошад нафасе бе гулбод,

Пас чӣ инсон битавонад, ки бувад дар дунё

Бе муҳаббат ба Худо?!

 

Ишқи маъшуқ, ки аз ошиқи худ созад худ,

Ҷумла моҳӣ шавад аз ишқи чу дарё дарё,

Ҷинси занбӯр ҳам аз ишқи гуле гул гардад,

Ишқи бодаш бикунад ғунчаи гулро гулбод.

 

Пас Халифиллаҳи Олам кӣ шавад,

Гар нагардад зи муҳаббат ба Худо,

                                                    ёри Худо,

То кунад дар ду ҷаҳон кори Худо.

Ло Илоҳа Иллаллоҳ!

 

[1] Таркиби санги алмос аз дуда аст.

 

[2] Ишора ба афсонаҳои халқӣ.

 

[3] Аёз, ғуломи Султон Маҳмуди Ғазнавист, ки ба мартабаи вазирӣ расида, чоруқи кӯҳнаашро дар рӯ ба рӯяш овехта нигоҳ медоштааст, ки мабодо гузаштаашро фаромӯш карда, пой аз ҳад берун наниҳад.

[4] Мӯрча вақте дони арзанро ба хонааш мебарад, ду тақсим ва гандумро чаҳор тақсим карда мегузорад, ки дар баҳор неш назанад. Дар ҳолати ду тақсим накардани арзан ва ё чаҳор тақсим накардани дони гандум, он неш мезанад, ки мӯрча инро савқан медонад ва барои он ки беғизо намонад, маҳз ҳамин тавр қисмат мекунад.

[5] Садафу марворид, ки дар зери дарё мерӯяд, хосияти сегона дорад: сангӣ, ҷонзодӣ, наботӣ.

[6] Дар қисмате аз фалсафаи Ҳинд оид ба пайдоиши инсон гуфта мешавад, ки ҳастии инсон аз ҳафт давра иборат буда, он аввал дар моҳ пайдо шуда, баъд ба дарё фуромадааст. Замин ҳоло давраи сеюми ҳастӣ ва ватани сеюми ӯст. Ҳамон муҳаббат ва ғуссаи ватани пешини азёдрафта аст, ки инсон ба моҳ ва дарё ба шефтагӣ ва дӯстдорӣ соатҳо бе хастагӣ метавонад назар дӯзад.

[7] Ишора ба «Китоби Муқаддас», ба ояҳои 3-5, боби «Сифри пайдоиш»: «Ва Худо гуфт рӯшноӣ бишавад ва рӯшноӣ шуд. Ва Худо рӯшноиро дид, ки некӯст ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо сохт. Ва Худо рӯшноиро рӯз номид ва торикиро шаб номид ва шом буд ва субҳ буд рӯзе аввал». Қуръони Маҷид, ояҳои 1,73 сураи «Анъом»: «Ситоиш аз они Худованде ҳаст, ки осмонҳо ва заминро биофарид ва торикиҳо ва рӯшноиро падидор кард...Ва ӯст, он ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки бигӯяд: мавҷуд шав, пас мавҷуд мешавад».

[8] Ишора ба Қуръони Маҷид, сураи «Азҳоб», ояи 73: «Мо ин амонатро бар осмонҳо ва замину кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он сар боз заданд ва аз он тарсиданд. Инсон амонат ба дӯш гирифт, ки ӯ ситамкор ва нодон буд». Амонат ишқ аст, ки Худованд танҳо ба инсон бахшидааст, мавҷудоти дигар аз он бебаҳраанд. Мурод аз офариниши инсон бурдани амонат, яъне маърифат аст, ки инсон онро ошиқона ба дӯши ҷон мекашад. Дар «Бӯстон-ул-орифин» ва «Тӯҳфат-ул-муридин», зимни баёни ин ки дили ориф бузургтар ва фарохтар аз ҳафт табақаи замину осмон ва аршу курсӣ аст, иллати онро нигаҳдории бори амонати ҳақ медонад. «Ҳазқил пайғамбари алайҳиссалом дуо кард, гуфт: Бор Худоё! Ҳафт табақи замин маро бинамой. Бад-ӯ намуд. Аҷаб омадаш. Гуфт: Илоҳо чӣ офаридаӣ аз ин бузургтар ва фарохтар ба ҷуз биҳишт? Ҷабраил омаду гуфт: Гуфт офаридаам. Гуфт: Илоҳо, он чист? Гуфт: Дили ориф. Гуфт: Чаро? Гуфт: Зеро ки амонат арз кардем бар осмонҳо ва заминҳо ва кӯҳҳо чунонки андар насс танзил аст,... напазируфтанд ва тоқати ин надоштанд, дили ориф пеш омад, амонат пазируфт, далел омад, ки дили ориф аз ин ҳафт табақа фарохтар аст. «Ишора – фақеҳ Аҳмади Хайр гӯяд: Дили ориф аз ин ҳафт табақи замин фарохтар аст ва аз кӯҳҳо сарбарафрохтатар аст ва аз осмонҳо бузургтар аст, ки осмону замин тоқати бардоштани амонат надоштанд, ӯ бардошт. Худои таъоло ба кӯҳ нигоҳ кард, пора-пора шуд. Дар шабонарӯзе сесаду шаст назар ба дили ориф кунад, ҳеҷ нуқсоне андар дили ориф наояд».  Иқтибос аз Дуктур Аҳмад Алии Риҷоии Бухоройӣ. Фарҳанги ашъори Ҳофиз. Чопи шашум. Интишори илмӣ. Теҳрон, соли 1370, саҳ. 83-84. Муфассалтар нигаред ба боби «Бори амонат, ишқ.»

[9] Санги маълум дар Каъба

[10] Дар китобҳои тибби қадим гуфта мешавад, ки агар зани ҳомила биҳӣ бештар хӯрад, тифли зебо таваллуд мекунад.