Чӣ кунам ба номи ҷовид, ки зи худ нишон гузорам,

Ки ман аз ҷаҳони ҷовид ғами ҷовидона дорам.

Чӣ ҷаҳон, ки ормонаш сари дор дидани мост,

Ва хуш аст, агар чу Ҳаллоҷ бикашад ба ҳалқа корам.

На табиби ҳушёре, на ҳабиби ғамгусоре,

На давои ҷисми бемор, на илоҷи ҷони зорам.

На маҷоли зуд рафтан, на тавони дер мондан,

Ба кӣ бори тан гузорам, ба кӣ нақди ҷон супорам.

Ба масал агар дарахтам зи барои кирми айём

Бизананд шоху баргам, ки чу тути гурмдорам.

Бирасад баҳори гулшан, бишавад хазон гули ман,

Ба баҳори бехазонӣ чу хазони бебаҳорам.

Надамад сапедаи субҳ ба сипеҳри тирарӯзон,

На ситорае дурахшад ба шаби дарози торам.

«Ба тавофи Каъба рафтам», ки Худо ба хона ёбам,

Чу Худо зи хона рафта, манат аз чӣ хонадорам.

Чу Худоям офарида ба замин вакили мутлақ,

Зи Худо ба ин ваколат, бахудо, ки шармсорам.

Сухане зи рози Одам чӣ сареҳу фош гӯям,

Ба чӣ узр худ ба айём ҳама ҳарфи мустаорам.

Сари сабзи ҳар суханвар ба нишони сад нишонзан,

Чу суханварон шикоранд, ба суханварӣ шикорам.

Нафаси фароғате нест, ки туро нафас набанданд,

Магар ин чӣ зиндагонӣ, ки ҳама нафас шуморам.

Набувад зи рӯзи шодӣ асаре ба сафҳаи умр,

Ғазалест, балки монад шаби ғусса ёдгорам.