Паём аз ишқ мехоҳад дили шайдои ман имшаб,

На танҳо дил, ки мехоҳад ҳама аъзои ман имшаб.

Дилу ҷонам ҷудо мехоҳаду ҳам даст, ҳам бозу,

Ки худ пайдо чӣ мехоҳад зи нопайдои ман имшаб.

Кунад сад шоми зулматро шаби ёдаш чароғистон,

Чароғон гардад аз ёдаш на як дунёи ман имшаб.

Ду дарё дар уфуқ пайвандаду маҳтоби заврақрон

Равон ояд зи гардун дар дили дарёи ман имшаб.

Манам зинда ҳамин ҳоло, вале уммеди фардо ӯст,

Агар меояд имшаб, мерасад фардои ман имшаб.

Чу матлаб матлаби ишқ аст ҷонҳою ҷаҳонҳоро,

Ҷаҳон ошиқ намеёбад яке ҳамтои ман имшаб.

Зи бас умре ба шукри ишқ сар дар пойи дил мондам,

Ҳамин дил мениҳад аз ишқ сар дар пойи ман имшаб.