Қимати коло баланду ҳиммати воло шикаст,

Дар ҷаҳони пастроён қомати боло шикаст.

Чун фузун шуд эътибори роҳбанд аз раҳкушо,

Муътабар шуд санги роҳу пойи раҳпаймо шикаст.

Ҳар касе бар санг зад гар шишаи номусро,

Шишаҳои нанги мо дар олами дилҳо шикаст.

Ёрро ҷоми мае додам, ки дил саршори туст,  

Зад ба санги нӯшхандаш, ҳар дуро якҷо шикаст.

Дар ду олам гарди роҳеро наозурдему лек

Ҳар кӣ чӯбе дошт, аз «ҳиммат» ба фарқи мо шикаст.

Дар масофи даҳр агар бишкаст хоро шишаро,

Бемасоф ин ҷо вале ҳам шиша ҳам хоро шикаст.

Иддае гар бори имрӯзаш намеёрад кашид,

Қомати мо зери бори заҳмати фардо шикаст.