Эй уқоби гардунсайр, аз чӣ ҷони ту хаста-ст,

Ё ки осмон паст аст, ё ки боли ту баста-ст.

Ё ки хоҷаи парвоз ришта баста дар поят,

Бар ҳаво сарат дода нӯги ришта дар даст аст?!

Ин чӣ гуна озодӣ, сарбаландиву шодӣ,

Ин чӣ ҳафт гардуне, к-авҷаш аз замин паст аст.

Кай ба марзи бедодӣ руста нахли озодӣ,

Баски ҳар табардасте андар он забардаст аст.

Ҳар кӣ гӯяд озодам, ман аҷаб аз он дорам,

Чун ба пой завлона ношикаста, вораста-ст.

Мурғ пар занад бояд, сина бар само сояд,

То шиносадаш гардун ҳеҷ нест ё ҳаст аст.

Дар само чӣ хоҳад кард раҳрави заминпаймо,

Гар уқоби гардунсайр сархамида, побаста-ст?!