Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Абр хушкид аз гиря, то чӣ бар тори ман гиряд,
Боми афлок нам гирад, абри озори ман гиряд.
Рӯҳи бедор – афсурда, дилҳашивор – дилмурда,
Наъш бар хок наспурда, ҷони бемори ман гиряд.
Аз баландии кӯҳистон он қадар лофҳо гуфтем,
К-ин замон дашт бар ҳоли зори куҳсори ман гиряд.
Субҳ хуршед хунолуд, шом хуршед хунполо,
Деви хунхори шаб хандад, ҳури хуншори ман гиряд.
Дил нахоҳад дафу карнай, ғулғулу шӯр дам дарбанд,
Ғижжаку най бикаш нола, то дили зори ман гиряд.
Ман, ки дар ҳаҷр мегирям, дурам аз ёру мемирам,
Гар насибам шавад дидор, ӯ ба дидори ман гиряд.
Шохи умри ҷавон машкан, бишканӣ,
кай шавад сарсабз,
Гар зи шохе канад барге, решаи хори ман гиряд.
Чун кунад пуштибониям, пуштибоне, ки ҷӯёнам,
Чун ниҳам пушт бар девор, пушти девори ман гиряд.
Баъд аз ин лаб фурӯ бандам,
к-ин чунин гиря то чандам,
Лек ҳар гаҳ, ки ман хандам,
шеъри хундори ман гиряд.