То ба ҳар байте ба мазмуне ишорат кардаам,

Ман ба шуғли шеър ҷонамро иморат кардаам.

Гарчи шоир бардаи шеъри худ аст, аммо чӣ хуш,

Баҳри озодии дил кори асорат кардаам.

Гар зи байти норавоне бишнавидам бӯйи дил,

Шоири дилро умед аз он башорат кардаам.

Дар замонҳое, ки тахту тоҷҳо дар ҳам шикаст,

Дар дили дилбастагони ишқ аморат кардаам.

Пеши мардум дардро иқрор кардан мушкил аст,

То кунам онро даво, бо он ҷасорат кардаам.

Талх бошад баски дар коми замон доруи шеър,

Ман варо бо ҳарфи ширине иборат кардаам.

То шиносам манзалат инсони бахшояндаро,

Хобгоҳи хокпошонро зиёрат кардаам.

Лаҳзае гар зистам танҳо ба суди хештан,

Хештанро ман ба дасти хеш ғорат кардаам.