Ҳамраҳе аз мо равад як лаҳза ҳамроҳи дигар,

Мекашам бо рафтанаш аз синаам оҳи дигар.

Ӯ ҳавои мо надорад, лек моро нест, нест,

Ҷуз ҳавояш дар сару дар сина дилхоҳи дигар.

Гарчи охир мешавад ҳар роҳ дар бероҳае,

Гоҳ аз бероҳае сар мешавад роҳи дигар.

То ҷаҳонро ёд бошад шеваи огаҳдилӣ,

Ҳар дилогаҳро бубояд як дилогоҳи дигар.

Гар ба давронат сари сабзу ҷавоне орзуст,

Бар замин мерез чун дон ҳини дилхоҳи дигар.

Гар ту рӯҳи хештанро шод хоҳию ризо,

Шод бояд кард арвоҳи дуохоҳи дигар.

Бо умеде рӯ ба даргоҳи сухан меоварем,

Нест моро дар ду олам баски даргоҳи дигар.