Ин ҳама байту сухан, к-аз дили ман мегузарад,

Як замоне зи даҳоне ба даҳан мегузарад.

Гар сабо дар бағали сабзи дарахтон биравад,

Он чу борон зи сари дашту даман мегузарад.

Дил ба рӯйи гули хандида супурдан саҳл аст,

Ҳушу ёдам ба сари хори ватан мегузарад.

Мард он аст, ки бо оби ҷабин дар чӯле,

То насозад чаман, аз баҳри чаман мегузарад.

Ҳар кӣ лофе зи ғаюриву ҷавонмардӣ зад,

Дон, ки дар буздиливу тарс зи зан мегузарад.

Бо ҳама ҷинси халалкор сари корам нест,

Баски умрам ҳама дар кори сухан мегузарад.

Ҳеҷ гоҳе нашавад бори касе дар ду ҷаҳон

Он сухансоз, ки бо бори сухан мегузарад.