Шеър баски нест ҳаргиз ҷамъ ё ҷанги сухан,

Зинда бошад шоире, ки мирад аз нанги сухан.

Хотире аз пеши худ рангинсухан кай оварад,

Баски рангомезии даврон бувад ранги сухан.

Нуктадонро ҳоҷати шарҳу баёни беш нест,

Вазъи давронро шиносад ӯ зи оҳанги сухан.

Гарчи оҳан нест ҳеҷ эмин зи хӯрданҳои занг,

Ҷони одамро хӯрад то мунтаҳо занги сухан.

Тангрӯзу тангмайдон нест он шоир ба даҳр,

Гар фарохӣ ёбад ӯ аз хиттаи танги сухан.

Он сухангӯро набошад ҳоҷате бар санги гӯр,

Санги гӯрашро бимонад гар худ аз санги сухан.