Обҳое бешу кам аз сар гузашт,

То ки қадри оби пеши дар гузашт.

Тарҷрибат омӯхт моро зиндагӣ,

Илмаш аз сад мактабу дафтар гузашт.

Дар замин зодему фикри мо кунун

Паркашон аз олами ахзар гузашт.

Ахтари наҳс ончунон наҳсӣ накард,

Наҳси кас аз наҳсии ахтар гузашт.

Хаскашон бӯҳтон ба марди ҳақ заданд,

Ӯ вале дарёи пургавҳар гузашт.

Ҳар қадар бигзашт умрат, мард бош,

Бештар бигзашт ё камтар гузашт,

Ончунон дар фикри олам бош, чун

Бигзарӣ, гӯянд, олам даргузашт.