На маро ҳавои номе, на таҷаммуле, мақоме,

Суханам, ки пар фишонад зи даҳони хосу оме.

Ба ҳамон, ки бенасибам зи муҳаббати башар хост,

Бибар, эй чакомаи ман, ту саломи издиҳоме.

Зи тариқи ақл, гӯяш, ки равонаӣ ҳамеша,

Бирасӣ магар ту боре ба уруҷи фикри хоме.

Ба ҳавои дил раҳоям зи каманди ҳар тааллуқ,

Дигарам куҷо тавонад кашадам касе ба доме.

Дил агар санои бандат накунад дар ин раҳоӣ,

Ту ба як нигаҳ асираш бикуну каш интиқоме.

Чу шавад касеят анбоз ваю моварои афлок,

Чӣ дигар гарон нишастан ба хаёли кунҷи боме.

Ҳама ин мақол бигзор, ки ба ним ҷав наарзад,

Биситон тамоми нақдам, зи лабат бидеҳ ту воме.