На дуруде, на суруде, на навои хуши уде,

Ду ҷаҳон маҳви сукут аст, на изҳори вуҷуде.

На ба дил шавқи каломе, на ба лаб ҳарфи паёме,

На ба сар фикри такопӯ, на ғами буду набуде.

На биҳишт аст, на дӯзах, ҳама ин мазҳари барзах

Бизан, эй Бор Худо, оташу буброр ту дуде.

Ба сазо дӯзахиёнро агар аъроф биҳишт аст,

Набувад ҷумлаи моро, ки аз он хайреву суде.

Сияри мо, ки сиришта ҳама аз сохтани мост,

Набувад шеваи мо бесамар ин гуфту шунуде.

Ба мусалмонӣ аз хештан инсоне созем,

Ки бибӯсад кафи моро ҳама тарсову яҳуде.

Магар эзид ба ҳама аҳли фалак ҳукм накардаст,

Ки ҳамин одами хокист сазовори суҷуде.

Дилат, эй ҷони азиз, ар бигирифт аз ҳама ин ҳарф,

Сухан аз ишқу самоъ овару бардор ту руде.