Синаам бар дили озода чӣ танг аст, чӣ танг,

Баҳр ҷо гашта ба паймона чӣ ранг аст, чӣ ранг.

Уқёнус агар ҷой шавад дар ҷоме

Бо ҳама шӯриши амвоҷ, чӣ нанг аст чӣ нанг,

Баски дилро ба самову ба замин – ҳафт қабат,

Ҳама ҷо маъбару ҷавлонгаҳи шанг аст, ки шанг.

Сина гар ҷойи сукун, дил гузари тӯфон аст,

На ки дар бодияи ишқ даранг аст, даранг.

Лаззати умри тунукмоя мабодо хоҳӣ,

Эй чу рӯде, зада сар ҳар нафасе бо сад санг.

Изтироби ҳама амвоҷи замонҳо дар туст,

Гарчи дар сина тапиш дорӣ бо як оҳанг.

Умре, эй дил, ки ба ҳар бебасаре меҷангӣ,

Чӣ кунӣ, охири ҳар ҷанг, ки сулҳ аст, на ҷанг.

                                                        30.06.2019