Мо сабукхезтар аз боди сабо  бархезем,

Ҳамраҳи мурғи саҳар нағмасаро бархезем.

Аз сабукхезу гаронхезтарон аст суол,

К-аз куҷо парт шудему ба куҷо бархезем?!

Шоҳбози фалакему ба ҳама хокнишин

Пари парвоз диҳему ба ҳаво бархезем.

Чун ба ҳар зарраи ин хок Туро сад нақшест,

Як назар чашм кушоему само бархезем.

Шавқи дидори рухат медиҳад он ҷо гузаре,

Гар ба роҳи сафар аз рӯю риё бархезем.

Хешро дар сафи мардони Худо андозем,

Майи софӣ бикашему ба сафо бархезем.

Бе лабат басталаби базми ҳазоровоем,

Бо лаби найлабакат савту садо бархезем.

Шаб чу яктост гули чеҳраи моҳат, эй кош,

Субҳ бар гардани худ зулфи дуто бархезем.

Анҷуми ишқи ту моро шарар ангехт чунон,

К- осмон мешавад ин хок, зи ҷо бархезем.

                                                            27.06.2019