Резаборон бибор, субҳи баҳор,

Шаҳри моро сафои тоза бикор!

Гард мешӯй, эй ту поки зулол,

Аз рухи ин замони чангу ғубор.

В-арна бо мо ба аҳди раҳзанҳо 

Кас надонад, чӣ мекунад раҳдор.

Сангрезасту пойи мо луч аст,

Меравад лек, меравад ночор.

 

Сол азбас чу нол* мегузарад,

Нест фарқаш парер аз перор.

 

Оҳуи бахт меравад дар дашт,

Асп хар гашта, лек зери савор.

Оҳуеро магар ки дарёбад,

Он ки худ пушти хар бувад сарбор.

 

Гул таҳи офтоб месӯзад,

Реша дар об на, дар сари нор.

Гарчи мепарварам ба дил уммед,

Хавф дорам вале зи охири кор...

 

Аз сари мо гузашт селу

                                        намонд

Тарси боронамон, бибор, бибор!

 

*киноя аз чизи дарунтиҳӣ

          28.03.2019