Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Агар ёдат набуд, аз ёди дунё рафта будам ман,
Ба ёди даҳр мондам ман, ки ишқатро сутудам ман.
Чӣ ҷойи ҳайрат аст ин ҷо, ки то умр аст мебурдам
Ба як дил чор уқёнуси ишқат дар вуҷудам ман.
Ту зери ҳафт гардун як Замин сайёраи ишқӣ,
Туӣ дар ман, ки бо ту коиноти беҳудудам ман.
Чӣ сон бо ишқу бо ёдат нанозам ман, ки сар то по
Ҳама шавқу суудам ман, ҳама рақсу сурудам ман.
Ҳама олам гирифта бонги нӯшу гармии оғӯш,
Ба як ишқи ту бар ин даҳр сад каррат фузудам ман.
Магар дар рӯзи растохез дунё мешавад охир,
Агар оғози дигар бахшам онро бо дурудам ман,
Ки ҳоло нест арзи ишқи Ӯро нуқтаи таммат,
Ки бар пояш чу бар маъбуд дар ҳоли суҷудам ман.
Надонам пешаи дигар ба ҷуз як ишқ варзидан,
Агарчи гуна-гуна касби дигар озмудам ман.
Чӣ ҳарфи дигарат гӯям, ки ман то будаму ҳастам,
Ҳарими ишқи ту будам, агар ҳатто набудам ман...
23.02.2019