Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Забони мо на ҳар розе кунад ифшо, ки ӯ роз аст,
Чу ғофил розро аммо зи мо пурсиданаш ноз аст.
Ниҳон аст ошкори ӯ чу гавҳар дар дили дарё,
Валекин рози мо чун орази дарё ба ӯ боз аст.
Ниҳон дар ошкоро суҳбате кардан, чӣ хуш бозист,
Агар ин бар ниҳонбозии тифли ишқ оғоз аст.
Лабонаш бӯсахоҳу бӯйи ишқ ояд зи ҳар ҳарфаш,
Вале дил доданашро кай диҳад тан, ӯ, ки танноз аст.
Ману рухсори ӯро дидану гуфтор бишнидан,
Чу чашму гӯш во созам, ҷаҳон ҳусн асту овоз аст.
Агар ишқи туам сабр аз дилу ҷон ронд, ҳақ бо ӯст,
Магар ҷойе касе дида, ки ишқу сабр анбоз аст.
Агар сабр аст чун занҷири по, ишқ аст ошиқро
Ба авҷи осмон парвоз дода, айни шаҳбоз аст.
Намедонам тариқи сарфарозирову медонам,
Агар по мениҳӣ ту бар сари ҳар кас, сарафроз аст.
18.02.2019