Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Туро танҳо барои буданат ман дӯст медорам,
Тани дар ҷон, туро чун ҷони дар тан дӯст медорам.
Дилу ҷонам пур аст аз ту, ки ҳадди он муайян нест,
Туро беш аз ҳади он номуайян дӯст медорам.
Агар дар атрбези навбаҳорат бошӣ аз ман дур,
Ба бӯйи атри гесӯи ту гулшан дӯст медорам.
Лабони ғунчаат гулнори сӯзон асту ман сӯзиш
Ду лаб дар оташи гулгуни гулхан дӯст медорам.
Зи байни барфҳо меомадӣ ту тозатар аз барф,
Туро бо барфҳои кӯҳу барзан дӯст медорам.
Агар дуриву дидори ту монои шабу рӯз аст,
Туро бо шоми тору рӯзи равшан дӯст медорам.
Ман аз дору надори даҳр ҷуз як дил надорам ҳеҷ,
Ҳамон дуздидиву ман дузди раҳзан дӯст медорам.
Чу бар ҳар мард ишқе нест аз ишқи зан авлотар,
Агар мардам, туро болотар аз зан дӯст медорам.
Чу ширинии ту бо даҳр пайвандам диҳад, аз хеш
Агар қатъам кунӣ, ман боз қатъан дӯст медорам.
Надонам бар чиям, аммо накӯ донам, ки то умр аст,
Туро танҳо барои буданат ман дӯст медорам.
22.01.2019