Фурӯ рафтам дигар дар кори худ ман,

Чу даркорат наям, даркори худ ман.

Каму беши ҷаҳон фарз аст оё,

Кунам фикри каму бисёри худ ман.

Ба бозорам биандозӣ, намонам,

Харидорам чу дар бозори худ ман.

Ҳазорон рози олам боз гашта,

Надонистам вале асрори худ ман.

Ҳама дар хоби ғафлат роҳатастанд,

Паи бедориву озори худ ман.

Раҳе аз пеш ояд саъбу мушкил,

Магар ёбам раҳӣ сангори* худ ман.

Агарчи аз дарат рафтам ба зорӣ,

Надонам, зори ту ё зори худ ман.

Худо дар сурату сират якам сохт,

Ки ҳастам нусхаи осори худ ман.

 

*сангор – сингор –  дар талаффузи мардум,

                   ҳамсафар, монанди худ

                                         16.01.2019