Эй сабзтарин сабз, зи Наврӯзи баҳорон,

Гулгунтарин аз лолаву аз лолаузорон,

Ин сабзиву сурхӣ ба ҳам омехт чӣ гуна,

Гар нестӣ аз тоифаи оташу борон.

Оташ ба дили мо заниву дашти шақоиқ,

Борониву дар санг бирӯӣ гулу торон.

Оҳанги ту дорад ба равиш чашмаи кӯҳӣ,

Бо лаҳни ту хонанд саҳар селаи сорон.

Аз хандаи ту шӯъла занад чашми чароғам

В-аз гесуи ту мавҷ равад дар найзорон.  

Ҳаргиз ба майи сурхи лабонат ба ду олам

Миннат кашам аз бодаву аз бодагусорон.

Шаб номи ту дар маҳфили гулҳо бишунидам,

Мерафт чу он ҷо сухан аз хешу таборон.

Дидам, ки гули суриву наргис ба тароват

Ҳастанд ба ту аз шумули шукргузорон.  

Чун кор бигирӣ ба чаманзор ту, эй ёр,

Кошам, ки бигирӣ яке аз дастбакорон,

Азбаски миёни ҳама дилбохтагонат

Донанд маро  бедили сарбохта ёрон.