Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Хами гесӯи туро кард навозиш дастам,
Дар хами гесуят афтода ба зону ҳастам.
Дастам аз домани оғӯши ту чун кӯтаҳ буд,
Дигар уммеди дарозе ба чӣ ҳам мебастам.
Ҳама дар ишқ раҳи бастаи дил бикшоянд,
Ман вале рост гирифтам раҳу дар бунбастам.
Ҳама кӯшанд, ки аз банд раҳанд, аммо ман
Дар гулӯ ҳалқаи зулфат, гуфтам, ворастам.
Агар аз шаст гузаштем, нарафт аз мо шаст,
Хами гесӯи ту дар даст, магар дар шастам?!
Баски дар шасти худ акнун камакак мелофем,
Боварат нест, ки дар домани ҳафтодастам.
Халқ гӯянд, ки ҳафтоду афтод, эй кош,
Гӯяд ин мард ба ҳафтод, ки н-афтодастам.
Дилат, ар, ёр, гирифт аз гапи шасту ҳафтод,
Машканам шаст, ки гӯям: Ман аз ӯ нашкастам.
Пурсиям, к-ин ҳама аз мастӣ ё ҳушёрист,
Аҷаб аст ин ки на ҳушёраму на ҳам мастам.
Чун на ҳушёру на мастам, шояд сармастам,
Баски афтода хами гесуи ту дар дастам.