Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Агар аз баҳор имрӯз натавон паём гуфтан,
Ба шукуфаҳои фардо натавон салом гуфтан.
Агар аз чаман нахезад саҳаре насими Наврӯз,
Даму накҳати гул ояд магар аз «калом» гуфтан.
Ба ҳазор ҳарфи «ҳалво» нашавад чу ком ширин,
Нарасад ба гӯш савте фақат аз «мақом» гуфтан.
Чу мақом булбулонро ба гулӯи хусравонист,
Чу калоғҳо нашояд «қар»-и бенизом гуфтан.
Сухану ду гӯши сомеъ ту агарчи боз ёбӣ,
Вале он чӣ ҳол гӯйӣ, натавон мудом гуфтан.
Чӣ кунам, ки ин замона ба ғиреви шерсонаш,
Надиҳад ба кас маҷоле на алиф, на лом гуфтан.
Ту ки чун гули зимистон шукуфӣ ба гармхона,
Назанад ба хона сардат зи ҳавои бом гуфтан.
Чӣ кашанд мардуми кор зи барои ними ноне,
Пас аз он чӣ гуна шояд зи шаробу ҷом гуфтан.
Ҳама он чӣ метавонӣ, ки ба гӯши хос гӯйӣ,
Вале он калом ҳаргиз натавон ба ом гуфтан.
Мани шоир он надонам, ки куҷост хосу оме,
Магарам илоҷ ин аст на ҳама тамом гуфтан.
Агар аз баҳор имрӯз натавон паём гуфтан,
Ба шукуфаҳои фардо натавон салом гуфтан.