Эй бомдоди наврӯзӣ, эй ояи аҳуройӣ,

Ин худ биҳишт меояд ё ҳуриёна меойӣ?

Пайғоми анбаринатро аз моварои ҳафт иқлим

Рақсону хушдимоғ орад атри насими саҳройӣ.

Гоҳе ки осмон рафта дар абрҳои андеша,

Нозад замин ба нози гул мафтуни чеҳраоройӣ.

Чун чашми чашмае бинад ҳафт осмони нилиро,

Хоҳам бадал шавад, эй кош, доноиям ба бинойӣ.

Боду буди ду олам ҳам сирри вуҷуди одам ҳам

Дар ҷоми бодаи ҳумӣ*1пайдост, бо гуворойӣ.

Сабзии ишқҳо дар туст, Лайло ба сабзият некӯст,

То даҳрро кунад Маҷнун он ёри сабзсимойе.

Наздат зи муъҷизи Исо шояд магар задан ҳарфе,

Азбас ба ҳар нафас дорӣ сад муъҷизи масеҳойӣ.

Ҳар дон, ки мераҳад бо неш аз ҳабси пӯст зери хок,

Дорад зи ту сари сабзаш оҳанги авҷу болойӣ.

Аз ҳар куҷо, ки меойӣ - аз қаъри хок ё з-афлок,

Бас бо шукӯҳу фар ойӣ, фармой, ҳар чӣ фармойӣ.

Фардо, ки мерасад пойиз наврӯзие зи ту хоҳам,

Бархезаму шавам помол чун сабза дар таҳи пойе…

Эй бомдоди наврӯзӣ, эй ояи аҳуройӣ,

Ин худ биҳишт меояд ё ҳуриёна меойӣ?