Эй баҳори боронҳо, муғчабанди наврӯзӣ,

Хандаи гулам омӯз, на ки гиря омӯзӣ.

Корвони абри ту бор дар уфуқ андохт,

Карда домани гардун лолазору гулдӯзӣ.

Ман, вале ба субҳам рӯй то ба соҳати олам

Дар диҳад чароғашро меҳри оламафрӯзе,

То ба чашми ҷон бинам ман фурӯғи он ойин—

Бар ниёзи худсозӣ имтиёзи худсӯзӣ.

Чун ниҳоят ин раҳро сарзамини хуршедист,

Шаб ба шаб ба ҷонсӯзӣ мерасам ба он рӯзе.

Ҳолиё баҳорам деҳ, сабз баргу борам деҳ,

Эй, ки аз ту сарсабз аст рӯзгору ҳам рӯзӣ.

Шохаи муҳаббатро дар ҳавои ҷон бишкуф,

Дар замини дилҳо сӯз тухми кину кинтӯзӣ.

Ҳайф бошаду сад ҳайф дар диле ба фарвардин

Ҷойи хор-хори гул хориву зуландӯзӣ.

Ошиқона хуш бошад сар ба пойи гул бозӣ,

Дар диҳӣ дилу ҷонро шавқе, оташе, сӯзе.

Дар сипеҳри армонҳо хоҳамат ба ҳар фасле

Моҳтоб ҳар шоме, офтоб ҳар рӯзе.