Эй сабзтар ба қомат аз шохаи баҳорон,

Аз сурхии лабонат гул бурдаанд анорон.

Гар сабзу сурхи гулшан урдибиҳиштгоҳ аст,

Гулрези чор фаслӣ дар дашти рӯзгорон.

Бар мо гузар, ки бӯсем поят в-агар биранҷӣ,

Узр оварему гардем бартар зи комгорон.

Бӯсидани лабу рух дар ваҳми мо нагунҷад,

Гар рух диҳад, нагардем аз хайли тавбакорон.

Поят зи бӯсаи мо гарде нагирад асло,

Чун покӣ аз пайи ту бурданд чашмасорон.

Аз мавҷи гесувонат, к-аз дӯши ту бирезанд,

Кас ҳеҷ дида оё мавзунтар обшорон.

Лабҳои лолаатро дидам, ки дил маро гуфт,

Гирам зи лолазорон, шодам ба лолаворон.

Субҳ ин тағаззули ишқ гуфтам, ки шояд ин шом

Дар гӯши ту бихонад оҳанги боду борон.