Гар набуд хилватнишинро ройи ин дунёияш,

Мепазируфтам ба ҷони хештан танҳоияш.

Гавҳари салсоли инсон дар азал аз ишқ буд,

Лек ваҳшиёна омад фитрати колоияш.

Чун аён дидам чӣ буда дар паси пайдои даҳр,

Сад пушаймон хӯрдам аз ин дидаву биноияш.

Дил гирифтам аз ду рӯйи порсо, тардомане

Хуштарам омад ба якрӯйиву бо якроияш.

То ба номи ишқ тоат кард шоме рӯспӣ,

Ҷонамози шукр кардам домани иброияш.

Гарчи шӯри ишқ Маҷнун кард садҳо Қайсро,

Ишқ оне кам накард аз шеваи лайлоияш.

Осмоно, чанд дорӣ боз қасди суданам,

Ҷонам, охир, нест фӯлод, ин қадар месоияш.

Нобаҷо менозӣ аз худ, к-ахтаронат равшананд,

Тор будӣ, гар набуд меҳри ману маздоияш.

Зулмати Табрез ҳам равшан нашуд аз ҳеҷ Шамс,

Гар Ҷалолиддин набуду фарри мавлоноияш.

Хилвате хоҳам ба ӯ, то рози ҷон ёбам, ки чист,

То нахонам баъд аз ин инҷоияш, онҷоияш.

Ақл кардам гарчи тасхири фалак, то ҳол лек

Гӯш бар афсуни дунё дораму лолоияш.