Хоб дидам ба савории қашанг,

Бинишаста ману ту танготанг,

Боз аз ҷумлаи мо, як-ду нафар,

Банди номусу писархондаи нанг,

Он қадар тунду парон мерафтем,

Ҳар кӣ медид, ҳамекандаш ҳанг.

Сад карат тезтар аз суръати тир,

Аз камоне, ки кашиданд таранг.

Ҳар чӣ будӣ ду тараф, чархзанон

Чарх мерафт ҳамоно чун чанг.

Ҳама парвозу шитобу суръат,

Номе аз ист набудиву диранг.

Лек ногоҳ фуруд омад меҳ,

Пеши раҳ парда зада сад фарсанг.

Ғарқи худ сохт ҷаҳони равшан,

Баста шуд мадди назар, дилҳо танг.

Чашм дар қулзуми меҳ меғӯтид,

Гӯш мезад зи дави мошин занг.

Мепаридем вале мо чу садо,

Гаҳ ману гоҳ ту фармон дар чанг.

Ҷони бинанда ба мо меларзид,

Ҳар қадар буд инонтозу заранг.

Гуфтам, эй ҷон, дигар асло набувад,

Ки кунӣ суръати пасте оҳанг.

Ҳар чӣ пеш аст, ҳамон қисмати мост,

Суръат афзой, намебояд ланг.

Он чӣ мо хоста – шаҳроҳе нанг,

Он чӣ он хоста – деворе санг.