Агар ягона туӣ, ман ҳазор чандонам,

Туро ба ман чӣ қиёсест, ман намедонам.

Ману хазинаи маънӣ, тую ҳазинаи мол,

Ту молбандаиву ман азизи инсонам.

Ту он ки ғафлати мардум сариву ҷоҳаш дод,

Ман он ки нозиши фарзонагони давронам.

Дилам, ки ошиқи ишқ асту сина пур зи ҷигар,

Паланги бешааму булбули гулистонам.

Ту рӯбаҳӣ, ки ниҳӣ дом бар паланги ғаюр,

Магар ки доми фиребат канам ба дандонам.

Замонае ки маро дод умеди озодӣ,

Ҳазор банди дигар зад ба пою дастонам.

Чӣ сон зи шавқи гул акнун наво кашам ба чаман,

Ки хун гирифта гулӯи ҳазордастонам.

Зи шарми пучии зоғе, ки мезанад қар-қар,

Агар хамӯш шудам, дар дил аст илҳонам.

Биёву гӯш бинеҳ бар хурӯши синаи ман,

Ки гар як инсонам, сад ҳазор исёнам.