Ғам, к-ошнои мо шуд, танҳо нарафт ҳеҷ,

Бегона гашт шодӣ, бо мо нарафт ҳеҷ.

Садҳо садо зи олами боло ба мо расид,

Аз мо садо ба олами боло нарафт ҳеҷ.

Розу ниёзи даҳр, ки дар дил нуҳуфта буд,

Аз дил бурун ба сафҳаи иншо нарафт ҳеҷ.

Ҳайрони одамам, ки зи дунё ба сад дареғ

Худ рафту аз сараш ғами дунё нарафт ҳеҷ.

Онро, ки зист дар пайи суду зиён, баҳо

Аз як пашизи сӯхта боло нарафт ҳеҷ.

Аз бандагӣ ба ҳукми қазо вораҳид агар,

Озода аз ҳукумати коло нарафт ҳеҷ.

Мавло агарчи гашт ба молу маноли хеш,

Як раҳ қадам ба пояи авло нарафт ҳеҷ.

Ҳошо, ки даҳр наркушию модапарварӣ,

Парвардаат ба якпула савдо нарафт ҳеҷ.

Имрӯз агарчи дӯзахи ҷонҳост, кас вале,

Бо майли худ ба ҷаннати фардо нарафт ҳеҷ.