Дигар наво намехезад зи шохсори урёнам,

Агар баҳори гул будам, кунун шаби зимистонам.

На мурғакони рангоранг, на монда нағмаю оҳанг,

Дилам зи ғусса бандад занг,

                                        чӣ шуд ба шавқу илҳонам.

Зи гӯши бомҳои шаҳр кашида шӯшаҳои ях,

Зи сардӣ ар сухан гӯям кашанд гӯш дар онам.

Дигар куҷост гармие дар ин дилу дар ин дида,

Чӣ ҳарфи хона мегӯям, ки ях занад тану ҷонам.

Чӣ нахли орзуҳое ба сина сабз мекардам,

Кунад самуми навмедӣ ҷавонамарг армонам.

Чӣ сон ба ашки беҳосил фурӯ барам фиғони дил,

Ки ҷӯ кашида ашконам, ки лаб газида дандонам.

Ҳазор пурсишу посух зи довари замон дорам,

Дилам ба меҳри худ бикшо, ки сар ба муҳр мемонам.