Туӣ, дар дил намегунҷӣ, ки дил ҳам дар ҷаҳон гунҷад,

Чу ту дар дил намегунҷӣ,

                              чӣ сон дил ҳам дар он гунҷад.

Чӣ дунёе туӣ дар дил, чӣ дунёе дилам дар туст,

Ки мӯйе ҳам наёрад худ миёни ину он гунҷад.

Чу ин даҳр аст бедарде, дилам пурдарду пур мардест,

Куҷо дидӣ, ки пурмарде ба зери осмон гунҷад.

Замон оё забон додат, ки гӯйӣ ҳарфи ибнулвақт,

Чунон бояд замон гуфтан, ки дар он сад замон гунҷад.

Кушо ин осмон дигар, ки ҷон аз он равад бартар,

Магар ҷоне зи худ бартар ба камтар зарфи ҷон гунҷад.

Зи шавқат ҷон ба ҷӯш омад, туро диду хамӯш омад,

Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар онаш на дар сад достон гунҷад.

Яке хомӯш мегӯяд, дигар ногуфта мемӯяд,

Ки байни ошиқу маъшуқ фақат мисдоқи ҷон гунҷад.

Дило, саъят чӣ беҳудаст, ки дар хешаш бигунҷонӣ,

Ки оне пурнишон омад, фақат дар бенишон гунҷад.