Агар замона чунин шуд, замон нахоҳад монд

Ва осмон, ки замин шуд, замон нахоҳад монд.

Ба адлу дод ҷаҳонро, ки поя бинҳоданд,

Чу адлу дод намонад, ҷаҳон нахоҳад монд.

Ба осмон, ки занад эдун остон таъна,

Зи шарми хоки сияҳ осмон нахоҳад монд.

Чу осиёи замон ос мекашад моро,

Бирав, ки дар тани мо устухон нахоҳад монд.

Нишони одамӣ одамгарист, то ӯро

Ҳамин нишон набувад, з-ӯ нишон нахоҳад монд.

Маро, ки ранҷи такопӯйи ошу нон коҳад,

Яке чакомазани ошён нахоҳад монд.

Забон, ки муъҷизи якто бувад, ба садқавлон

Ба як забон наситезад, забон нахоҳад монд.

Куҷост нақши абад дар работи бебунёд,

Ҳамин ки ҳол бигӯйӣ, ҳамон нахоҳад монд.