Маро ту хор мехоҳӣ, ҳазор бор хорам ман,

На пойи кас биозорам, ки хори гулнисорам ман.

Зи бас ба ту сарӣ дорам, ки ақлу ҳушу сар дорам,

Сарам ба дор мехоҳӣ, сари баланди дорам ман.

Аҷаб ту бовиқор астӣ, ки бар харе савор астӣ,

Бирав, бирав раҳат боз аст, ки осмонсаворам ман.

Аз он даме, ки додам ман ба дасташ ихтиёрамро,

Инони ихтиёрам нест, ки соҳибихтиёрам ман.

Ба кору корсози давр на зӯру зорие дорам,

Ба чашми ӯ, ки бекорам, ҳазор корзорам ман.

Вале ба назди он деҳқон, ки пинаҳош дар даст аст,

Ба пинаҳои худ дар дил ҳазину шармсорам ман,

Ки ӯ ба хокҳои сабз ҳазор тухм мекорад,

Вале ба сина тухме ҷуз санои Ҳақ надорам ман.

Сухан зи додаи Эзид гузини шоҳкоре буд,

Ба ман чу додаш аз он дам ба дурри шоҳворам ман.

Ба амри ӯ сухан гуфтам, чу дарди ин ватан гуфтам,

На як сухангузорам ман, ҳазору сад ҳазорам ман.