Ман дигар ҳавсалаи кор надорам, оре,

Ки маро кори бузургест кунун бекорӣ.

Кор, коридани чизест, агар дар марзе,

Марзи ман ҳеҷ намондаст, ки чизе корӣ.

Ҳар чӣ дар марзи дилам ҳаст, бурун андозам,

То ки боре ба дили худ бикунам дилдорӣ.

Дилу ман ё ману дил, ин ду мусофир чӣ кунад,

Баҳри растан накунад гар зи ҷаҳон ҳамёрӣ.

Растам аз ҳар ду ҷаҳон, то ки гузаштам зи яке,

Ёфтам ҳар ду ҷаҳонро ба ҷаҳони ҷорӣ.

Ҷустам онро, ки пайи ҷустани худ водорад,

Ҷуз ба дил лек набуд нақшу нишони Борӣ.

Дили ман, эй дили ман, хонахудоят, кӣ бувад,

Чист сирре, ки ту бо хонахудоят дорӣ.

Чун тавон гуфт, вале фош аз он роз, ки ҳаст,

Он, ки ҳарфе зад аз ин, рафт сараш бар доре.

Ману бекории ман сарфи ҳамин бедорист,

Кор дигар чӣ бувад назди чунин бекорӣ?!