Ин чӣ ноз асту чӣ фахри бемаҳал,

Чун бародаркуштагонем аз азал.

Мо магар Қобилзода нестем,

Кушта ҳам Ҳобилро пеш аз аҷал.

Он, ки моро сохт, ҳамсонаш бисохт,

Чун вале кардем мо худро масал.

Мо шикамхорем, в-арна кас кунад,

Як биҳишти адн бо гандум бадал?!

Баъд аз ин моро раҳо кард он Худой,

Он, ки будаш ҷонишинсозӣ ҷадал.

Мо кунун дунёи ӯ барҳам занем

Бехабар бо худ ба сад макру ҳиял.

Носипосӣ шеваи мо будааст

Бо Худо, пайғамбаронаш дар амал.

Чун бувад аҳволи мо, Борӣ агар

Н-оварад ёд аз вакили мубтазал?!