Хушо, хушо, ки расад бар висол булбулу гул,

Ки доғи боғ бувад гул ба боғ бе булбул.

Фидои булбулеям, к-ӯ ҳазор ғулғуларо

Ҳамон хамӯш кунад бо танини як ғул-ғул.

Шамими атри гуле ҳам димоғ пур созад,

Ки ҳеҷ шишаи холӣ намекунад қул-қул.

Ҳазорҳо гиреҳ аз кори даҳр бикшояд,

Шабе, ки даст бупечад ба печи як кокул.

Бақо куҷост вале васли дӯстдоронро,

Ки ним дам бувад айёми сулсулу сунбул.

Набуда заррае озарм чархи гардунро,

Ки гул ба сар биравӣ ё ки дар ду поят ғул.

Зи дасту пой канад банди Аҳриман Рустам,

Чу Рахш мекашад ӯро ба ҷониби Зобул.

Забони аҳли башар кай ба дил шавад якто,

Ки бар фалак бирасад бурҷи нимаи Бобул.