Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
БИБОРӢ, БОР…
Сафо мебоядат чун осмонҳо,
Ки софӣ оядат бар ҷисму ҷонҳо.
Чӣ абрӣ, ки чакишҳоят ҳисобист,
Биборӣ, рез, чун аз новдонҳо.
УМРФИЗО
Расад рӯзе, ситоям умри худро,
Накӯ фоле кушоям умри худро.
Ба рағми марг коҳад хомаи ман,
Ба ҳар байте физоям умри худро.
ФАРЗАНД
Туро меоварад модар ба дунё
Барои модари кишвар ба дунё.
Чу рӯзат мерасад, бошад, бимирӣ,
Ту чун фарзанди баҳру бар ба дунё.
САР БАРДОРАМ ИН ҶО
Ба беқадрӣ мақоме дорам ин ҷо,
На коре дораму даркорам ин ҷо.
Агар рӯзе ба ҷое сар гузорам,
Вале он рӯз сар бардорам ин ҷо.
РОЗИ ҲАСТӢ
Чӣ меҷӯйӣ ту асрори абадро,
Сир аз гаҳвора то кунҷи лаҳадро.
Тамоми рози ҳастӣ мешиносӣ,
Агар донӣ ту фарқи неку бадро.
ДАР ҶОЙИ МО БОШ
Ту моро бад мабин, баҳри Худоро,
Ки бадмеҳри-т на чандон гуворо.
Фақат боре, биё, дар ҷойи мо бош,
Ки донӣ, мерасад аз ту чӣ моро.
ДУ МОҲИИ ТИЛЛО
Куҷо шоме ба зебоии рӯъё
Чу шоми соҳили заррини дарё.
Лаби дарё туро ин шом дидам,
Танат - дарё, ба ду моҳии тилло.
ВАТАНҲОИ ВАТАНҲО
Туро хоҳам, туро, танҳои танҳо,
Ки бар ҷон омадам аз мову манҳо.
Ватан гар дар ватан рӯзе наёбам,
Ту бошиям ватан ҷойи ватанҳо.
ЧАШМЕ БАР ДАРУН
Дари дилро ба хайр, андеш, бикшо,
Ки пешат дар набандад, пеш бикшо.
Ҷаҳон гаштию чизеро надидӣ,
Кунун чашме даруни хеш бикшо.
ХАРСАНГИ ФАРДО
Ба гӯшат нест гар оҳанги фардо,
Наёбӣ ҳеҷ амон аз нанги фардо.
Гар имрӯзат ба фардо нест ҳамсанг,
Туро сар бишканад харсанги фардо.
ПЕШОБАҒАЛИ ЁР
Кушодам тукмаи пешобағалро,
Зи хотир бурдам айёму маҳалро.
Нагирӣ бар хасе кишваркушоӣ,
Агар донӣ, ахири он амалро.
ТАНҲО ТУ БОШӢ
Зи гулҳоям хуш ояд гулбаданҳо,
Ба Ёсину санамҳо ёсуманҳо.
Зи танҳоӣ биҳиште хуштарам нест,
Чу дар танҳоиям бошӣ ту танҳо.
ЧАРОҒИ РАҲНАМО
Зи по уфтанд хумҳо аз майи мо,
Найистонро ба шӯр орад найи мо.
Ба раҳгумкардагон дар зулмати шаб
Чароғи раҳнамо гардад пайи мо.
РАНГИНКАМОНИ ОРЗУҲО
Ниҳоят ёфтам дар ҷустуҷӯҳо
Туро, эй навбаҳори рангубӯҳо.
Ҷаҳон беранг бе ту буд, туӣ, ту,
Маро рангинкамони орзуҳо.
БУБАХШО, ДИЛ
Дило, бар шавқи ноёбам, бубахшо,
Ба ин завқи табу тобам, бубахшо.
Агар сангиндиле обат кунад боз,
Бубахшо, эй дили обам, бубахшо!
БА ДОНАНДАИ РӮҲУ РАВОНҲО
Ту, эй донандаи рӯҳу равонҳо,
Ба ақлу рой ҳусни достонҳо,
Чу ҳурие ба гардун меравӣ ту,
Фаро ё мерасӣ аз осмонҳо?!
БА ШЕРИ ДИЛБАРОН
Куҷоӣ, шери ҷангалҳои зебо,
Фурӯғу ҷилваи ёли фиребо,
Ки бе ту байни ин рӯбаҳмизоҷон,
Ба ҷон омад маро ҷони шикебо.
МАҲТОБНӮШӢ
Зулоли чашма буд заррин зи маҳтоб,
Канори чашма мо бо чашми бехоб.
Ба ташна косаи обе бидодӣ,
Чӣ маҳтобе бинӯшидам ба он об.
ПАЁМ
Паём аз боғи гулҳо омад имшаб,
Ки шуд ҷоми лабон аз ҳам лаболаб.
Магар хуршед ин шаб мебарояд,
Ки нӯшад шабнами гулро шабошаб.
КУЛОҲИ АҚЛ
Бувад сарчашмаро фарқе зи поёб,
Тафовутҳои сар аз пой дарёб.
Сари бесар чӣ бисёр аст, аммо
Кулоҳи ақл ноёб аст, ноёб.
ИСОВУ ОСӢ
Занандат силие, Исои маслуб,
Ту гуфтӣ, рӯйи дигар дорияш хуб.
Ту, ки пайғамбарӣ, ин метавонӣ,
Мани осӣ кунам-ш аммо лагадкӯб.
ЭЙ КОШ, ГӮЙӢ...
Ба ёдат боз ҳам бедорам имшаб,
Азизу хуштарат медорам имшаб.
Ба хоби нози хеш, эй кош, гӯйӣ,
Ки ӯ он ҷову ман беёрам имшаб.
АЙБ
Дилам бе ишқи ту кӯшиданӣ нест,
Ки ҷуз нӯши лабат нӯшиданӣ нест.
Чӣ сон ин айбро аз халқ пӯшам,
Ки домони тарам пӯшиданӣ нест.
МАРДУМГИЁҲ
Агарчи дар дилам сад сина оҳ аст,
Зи як лутфи ту нашкуфтан гуноҳ аст,
Ки ту поро агар бар хор монӣ,
Пагоҳаш бингарӣ, мардумгиёҳ аст.
ОДАМУ НООДАМӢ
Худованде, ки Одам ном додат,
Фаротар аз малак маснад ниҳодат.
Мурод аз одамӣ чун одамӣ аст,
Чаро ноодамӣ бошад муродат.
БЕНИҲОЯТ
Чӣ сон, эй бебаҳо, созам раҳоят,
Ки ҳар кӣ дид, донад бебаҳоят.
Чу меҷӯям раҳе дар олами ишқ,
Ниҳоятҳо туӣ дар бениҳоят.
ХУМОРУ МАСТ
Агар ҳам сар ба сар аз даст мерафт,
На як газ аз баландӣ паст мерафт.
Набудаш бими оташҳои дӯзах,
Ки омад дар хумору маст мерафт.
МЕҲМОННАВОЗИИ ДИЛБАР
Биё, гуфтӣ, маро, аммо дилам нест,
Маро ин бедилӣ оё ситам нест?
Чӣ сон меҳмоннавозие ту дорӣ,
Ки дар хонат ба ҷуз дарду алам нест?!
МОҲЕ ГАРМТАР АЗ ОФТОБ
Қиёмат мекунад чашмат, ки хоб аст,
Ба бедори-ш шӯри беҳисоб аст.
Ту моҳе дар миёни ахтаронӣ,
Маҳе, ки гармтар аз офтоб аст.
СИЁҲИЮ САФЕДӢ
Тамоми ноумедӣ аз умедест,
Ки ҳарҷо мотам аст, анҷоми идест.
На розе беш аз ин дорад ду олам,
Ҷаҳон ҷанги сиёҳию сафедист.
ҲУББИ ВАТАН
Агарчи аз Ватан хуштар сухан нест,
Чӣ созам гар варо, парвои ман нест.
Дигар ҳубби ватан моро маёмӯз,
Ватан марбути як гӯру кафан нест.
ПАНОҲАНДА
Чӣ роҳе меравӣ, мирам ба роҳат,
Паноҳанда шавам ман дар паноҳат.
Азизам, ҳеҷ медонӣ, ки дар даҳр
Сафеди рӯзи ман чашми сиёҳат.
ҒУНЧАИ ЭҲСОС
Лабат дар ханда шуд, гелос бишкуфт,
Раҳо шуд гесувонат, ёс бишкуфт.
Аз он рангу аз он атре, ки мерехт,
Ҷаҳон дар ғунчаи эҳсос бишкуфт.
СОЛИ НУРӢ
Садои хандаат софу булӯрист,
Ҳавои омадат савти сурурест.
Аз он ки хубҳоро хуби хубӣ,
Висол оневу ҳаҷрат соли нурист.
МИРАМ ДАР САВОБАТ
Ман ин ҷову хаёли ҳусни нобат,
Ту он ҷову висоли дерёбат.
Агар дар ишқи ту дорам гуноҳе,
Ту коре кун, ки мирам дар савобат.
ПОКИИ ШАБНАМ
Шаби зулфат саҳар атри дигар дошт,
Ки гулшанро зи хоби ноз бардошт.
Чӣ ҷойи таънаи рухбозии гул,
Ки шабнам ҳам саҳар домони тар дошт.
ЛАБРЕЗИ ДАРД
Бидидам ҳар касе аз халқ фард аст,
Таҷаллигоҳи мардиҳои мард аст.
Аҷаб рӯде маро дар сина ҷорист,
Ки соҳилҳош ҳам лабрези дард аст.
ПИРОҲАНИ РАНГИНКАМОН
Ба зери чатри ту сад бӯстон аст,
Шамими атри ту сад гулситон аст.
Баҳори осмонӣ гар набошӣ,
Чаро пироҳанат рангинкамон аст?!
ИШҚ
Магӯ гул аз ҳаво борад, ки ишқ аст,
Магӯ булбул ба гул зорад, ки ишқ аст.
Агар сад қуфл дорад хонаи ёр,
Калиди яккае дорад, ки ишқ аст.
ОСЕМАСАР
Саворе ончунон метохт дар дашт,
Ки шаш гашташ замину осмон ҳашт.
Чунон осемасар ӯ чанг бардошт,
Ки худ «андар ғубори роҳ гум гашт»[1]
ЛОФИ УҚОБӢ
Далерию ҷасоратро баҳо нест,
Касе, бешак, аз ин даъво раҳо нест.
Ту лофӣ аз катак, мо лек донем,
Катак ҷойи уқоби қуллаҳо нест.
ГИРДИ ОФТОБ
Само сайрони бод асту саҳоб аст,
Саҳоб аз дасти бод андар шитоб аст.
Ба гирди ту, ки мегардам аҷаб нест,
Замин гардон ба гирди офтоб аст.
БЕНОЛА
Ғаме дорам, ки наздаш Қоф гард аст,
Табе, ки оташи сад кӯра сард аст.
Вале бо ин ҳама гӯям, ки, эй дил,
Касе гар заррае нолад, на мард аст.
ҒАЗАЛГӮИИ ҲОФИЗ
Ту ҳолоиву пеш аз ту кӣ будаст,
Агар будаст, чун дил мерабудаст.
Аҷаб дорад ғазалгӯии Ҳофиз,
Туро боре надида чун сурудаст?!
БОЛОИ ТУ
Ба болои сарам моҳи ту метофт,
Ду чашмони сарам роҳи ту мекофт.
Сарам сад бор меовехт худро,
Агар доре ба болои ту меёфт.
ТААҶҶУБИ ПАРВОНА
Бизад парвона пар, то шамъ бишкуфт,
Пасон восӯхту бар анҷуман гуфт:
Аҷаб дорам ман аз Маҷнуни Лайло,
Ки аз сидқу вафо бе ман сухан гуфт.
БОНГИ ЛОФ
Ҳама бонги зафар, аммо зафар нест,
Ҳама лофи ҳунар, аммо ҳунар нест.
Ҳама даъват ба кӯйи бахту тахт аст,
Ба кӯе то расӣ, як куррахар нест.
САРЕ ДОРАМ АГАР…
Баҳори ман ҷамоли дилбари туст,
Кушоди ҳар муродам дар бари туст.
Ба дунёи сару сарвармақомон
Саре дорам агар, он бар дари туст.
СУҶУДИ ОФТОБ
Чӣ ҳарбе дар шимолу дар ҷануб аст,
Ки олам арсаи нохубу хуб аст.
Тулӯъи мо замони сарфарозист,
Суҷуди офтоб андар ғуруб аст.
ШОҲРОҲУ ЧОҲ
Туро ҳар нақши по сад бӯсагоҳ аст,
Маро дар рафтанат сад сина оҳ аст.
Раҳат, ки бар ман орад, шоҳроҳ аст,
Раҳе, к-аз ман барад, сад радда чоҳ аст.
НА ХАСЕ БЕОРЗУ
Башар ҳар ҷо ҳалоки ҷустуҷӯест,
Касеро бо хасе ҳам гуфтугӯест.
Чу бинам як хасе беорзу нест,
Гузаштан з-орзуям орзуест.
АНБОЗ
Ҷаҳон соз аст агар, ҷуз сози ман нест,
Ҷаҳон роз аст агар, ҷуз рози ман нест.
Надорам бо малак ҳарфеву коре,
Ки фардо ҷуз Худо анбози ман нест.
ЗОҒЕВУ САД ДОҒЕ
Агар ҳар зоғ шод аз боғ будаст,
Чӣ боғе дар фироқи зоғ будаст.
Шунидам, ҳар куҷо «зоғеву доғе»,
Чу дидам, зоғеву сад доғ будаст.
МОДАРЗОД
Чунонам ошиқу саршору сармаст,
Намедонам маро бо ту кӣ пайваст.
Аз он рӯзе, ки зодам, бедилам ман,
Магар дилдода модарзод ҳам ҳаст?!
БЕАНДОЗА
Магар дар шаҳри ишқ овозае нест,
Аз ин дилгашта ҳарфи тозае нест.
Чу беандоза буд ишқи ту дар дил,
Ба дардаш низ ҳам андозае нест.
ДАМЕВУ ОЛАМЕ
Агар дар зиндагӣ бешу каме ҳаст,
Навои ишқро зеру баме ҳаст.
Чӣ гӯед аз ҷаҳону они ошиқ,
Ки онро дар даме сад оламе ҳаст.
НОШИНОВАР
Ба якрангии худ дунё дуранг аст,
Ба чашми буздилон гурба паланг аст.
Шиновар нестӣ, дарё марав ту,
Ки дарё ношиноварро наҳанг аст.
ФАХРИ ОСМОНҲО
Ба авҷи кибриёят остонҳост,
Бузургию шукӯҳат достонҳост.
На он мӯрӣ, ки зери хок бошӣ,
Ту инсонӣ, ки фахри осмонҳост.
ЧАТРИ БАҲОР
На дашт аст ин, ки барқи лолазор аст,
Маро ин ҷо ба барги лола кор аст.
Чӣ сон доман тавонӣ тар накардан,
Агар чатри сарат абри баҳор аст?!
ГӮШУ РАЪД
Дубайтиҳои ман оҳу алам нест,
Заифӣ шеваи марди аҷам нест.
Ҳамин ҳарфе, ки хомӯшона гӯям,
Агар гӯшат бувад, аз раъд кам нест.
НАРХИ ОДАМИЯТ
Маҷӯйӣ кайфиятро аз камият,
Ки ҳамдам дигар асту ҳамғамеят.
Ту, ки хоҳӣ харидан мардумиро,
Ба дуллар нест нархи одамият.
КОРИ МАРД
Дар ин даҳре, ки сад куҳсори дард аст,
Сабуксорона мурдан ори мард аст.
Агарчи марг ҳақ гӯянд, аммо
Зи по н-афтода мурдан кори мард аст.
ХОРИ ДОМОН
Дилам меҳри туро тори сар афрошт,
Ба зери пойи ту сад дашт гул кошт.
Ба домони ту буд печида хоре,
Гулам бар хори домонат ҳасад дошт.
ТИЛИСМ
Чӣ розе дар суқуту дар сууд аст,
Хирадманде куҷо ин сир кушудаст.
Тилисми ҷумла дарҳое, ки баста-ст,
Агар будаст, танҳо ишқ будаст.
ҲАЮЛОИ ҲАЁТ
Чӣ роз аст ин ҷаҳонро, ақл мот аст,
На ҳар ҷонзод донад, аз чӣ зот аст.
Бувад ҷое ҳаёт, он ҷост ҳам ишқ,
Ки ишқи мо ҳаюлои ҳаёт аст.
РОЗКОРИИ ИШҚ
Ҷаҳонро бор бошад, бори ишқ аст,
Каму бешаш каму бисёри ишқ аст.
Чӣ кӯшӣ, рози даҳр аз ишқ ёбӣ,
Ҷаҳонро роз кардан кори ишқ аст.
ОНУ ҶОВИДОН
Яке чун кирм асрори абад кофт,
Ба худ печидаву сад қиссае бофт.
Санои он ки ҳамчун барқ рахшид,
Дар оне раҳ ба рози ҷовидон ёфт.
САЛОМ
Саломи ту паёме аз ҷавонист,
Ҷавон гаштан аз он оё раво нест?
Ба пойизон саломе гар фиристӣ,
Баҳорам ман, куҷо донам хазон чист.
ТАЛОТУМҲО
На хезоб аст дар дарё, ки панд аст,
Ки гаҳ паст аз худу гоҳе баланд аст.
Кӣ медонад, талотумҳои дарё,
Талотумҳои гиря ё ки ханда-ст?!
ЁРИ МАҚСУД
Ҳамин дарё, к-арӯси осмон аст,
Се бахш аз чор бахши ин ҷаҳон аст.
Натарсӣ, ёри мақсуд аст, тарсӣ
Ҳазорон бим дар мавҷаш ниҳон аст.
БОЛОИ ЧАШМ
Ба ҷуз ишқат ба дил ҳолу ҳаво нест,
Ба шамнам бистаре ҷуз гул раво нест.
Ту меоӣ, вале ҷое бароят
Ба ҷуз болои чашмам, ҳеҷ ҷо нест.
ТУЛӮЪИ ОФТОБ
Туву ҳамчун кабӯтар пар заданҳот,
Ману қурбони болу пар шуданҳот.
Бувад шоми ғарибон рафтани ту,
Тулӯъи офтоб аст омаданҳот.
НИШОН
Агар даҳрам ҳама дар қасди ҷон аст,
Ҳазорон байти хуб аз ман нишон аст.
Дигар ҳарфам намонда бо замона,
Ки кайҳо ҳарфи ман бо ҷовидон аст.
ГУНОҲ
Агар «оҳ» аз дили ошиқ гувоҳ аст,
Замин то осмонам пур зи оҳ аст.
Агар хокистарам хоҳӣ намудан,
Мазан обе бар оташ, ки гуноҳ аст.
АСФАЛСОФИЛИН
Ба саҳни зиндагӣ ойин ҳамин аст,
Баланду пасти ту бо ҳам қарин аст.
Агар ҳафт осмон ҷойи сари туст,
Паи поят дар асфалсофилин аст.
САВТИ ИЗТИРОБ
Садоят хуштар аз тори рубоб аст,
Ки дар ҳар пардааш сад нағма хоб аст.
Вале, эй ҷони ҷон, аз чӣ ба гӯшам
Фақат як савт ояд, к-изтироб аст?!
ҶОЙИ ЧАРОҒ
Шабе ториктар аз парри зоғ аст,
Ба дасте шишаву дасте аёғ аст.
Чароғ аз зери доманҳо бароред,
Ки пешорӯи сар ҷойи чароғ аст.
АФТОДАН
Агар хас кас шавад, имдоди бахт аст,
Вагарна охураш ҳамтои тахт аст.
Худоё, лек касро хас магардон,
Ки зер афтодани н-афтода сахт аст.
ШУТУРҲИМОЛОЙ
Зи гардун гар наафтад қатра, дурр нест,
Садаф доим зи марворид пур нест.
Шутур боло шавад гар бар Ҳимолой,
Ҳимолой аст ӯ, дигар шутур нест.
МАЪБАД
Ба эҷодаш нигар, неку камоҳист,
Бихонда ҳамди ӯ то мурғу моҳист.
Чӣ суде дорадат эҷоди маъбад,
Замин худ маъбади қудси Илоҳист.
АНОРИ ХАНДОН
Хазон омад ба боғ, эй дӯст, эй дӯст,
Дар ин сардӣ фақат ёди ту некӯст.
Бихандам, то ки дилхун чун аноре,
Маро бар тан кафидан бояд ин пӯст.
ЗЕРИ ТОҚӢ
Нашояд дарди дил бар ину он гуфт,
Зи ранҷи дӯстон бар душманон гуфт.
Сареро, ки кафида чун анор аст,
Вале дар зери тоқӣ метавон гуфт?!
ШИКВАИ БЕД
Ман он бедам, ки табъам талху сард аст
Ва ранг аз бебариям гоҳ зард аст.
Ба ин ҷурмам мазан таъна, ки баргам
Агар хойӣ, туро дармони дард аст.
ФУРӮТАН
Агар аз мақдамат дурру гуҳар рехт
В-агар шире зи ту бо шаҳд омехт,
Фурӯтан ҳамчу токе боядат буд,
Ки борашро ба шохи дигар овехт.
ТАНӮРИ ОТАШ
Чинорам, ҳар баланде оядам паст,
Ки бар домони гардун мезанам даст.
Зи гӯгирде нашояд дар бигирам,
Ки дар сина танӯри оташам ҳаст.
САЛОМИ БОЗ
Чаманро ҳар гаҳе амри тагарг аст,
Хабар аз мотами гулҳову барг аст.
Гаҳе лутфи забонӣ лутф ҳам нест,
Кабӯтарро саломи боз марг аст.
ПОДОШИ АМАЛ
Касеро дил бувад, дилдори дил ӯст,
Касеро дил набошад, бори дил ӯст.
Дар ин дунёи подоши амалҳо
Дилозор аст ҳар кас, зори дил ӯст.
ҚАЛАМБАРДОРӢ
Туро дар дил магар дарду алам нест,
Аламбардор ҳам худ беалам нест.
Аламро аз қалам гар ту нагирӣ,
Қаламбардорият бурди қалам нест.
РАҲИ РАФТАН
Агар субҳи ту беишқу умед аст,
Агар шоми муродат бенавид аст,
Зи ҳар роҳе, ки дорад зиндагонӣ,
Дигар танҳо раҳи рафтан сафед аст.
ОЙИНАИ РАВШАН
Зи дил пурмоятар ганҷинае нест,
Гараш гарду ғубори кинае нест.
Маҷӯ дигар дар ойина ту худро,
Ки равшантар зи дил ойинае нест.
ТИЛОИ ХУН
Агарчи ҳоли мардум ҳой-ҳой аст,
Тилои хуни ӯ дар ҷоми бой аст.
Чунин оғоз шуд озодии мо,
Агар оғоз ин, анҷом вой аст.
ТАЪРИХИ БЕДОР
Замон овори парвозу суқут аст,
Ҷаҳон бозори қути лоямут аст.
Замонро бо ҷаҳон таърих гуфтанд,
Ки бедор охиру аввал сукут аст.
ҲАРФИ БЕЗАМОН
Ғамин шеърат, валекин шеъри ғам нест,
Аламгин ояду шеъри алам нест.
Агарчи ҳарфи ту дирӯза набвад,
Вале фардоиву имрӯза ҳам нест.
ШАККУ ЯҚИН
Ба ҳар сатре маро андеша ин аст,
Магар шеъре, ки мехоҳам, ҳамин аст.
Агарчи ин қадар гуфтам, надонам,
Куҷо шакку куҷо ҳаққу яқин аст.
ҶАҲОН – ФАРМОН
Итоби ин ҷаҳон садҳо китоб аст,
Сари обаш дар ин водӣ сароб аст.
Нагӯяд посухе бар ҳеҷ пурсиш,
Ҷаҳон маҳзи савол асту хитоб аст.
ҶОЙИ ТУ
Туро аз қисмати фардо чӣ савдост,
Ки дӯзах ё биҳишти адн маъвост.
Ба ту мегӯям ин ҳаққуляқинро,
Ки аз ту ҳар чӣ монад, ҷоят он ҷост.
НАВИШТАЕ
шӯхиомез дар зери расми нависанда Абдулҳамиди Самад, ки рассом Сабзалӣ Шариф кашидааст
На ҳар кас феъли мо дар фалла дидаст,
Тарозуро ба ҳар ду палла дидаст.
Агар касро ҳама аз рӯй бинанд,
Чӣ хуб аммо-ш ӯ аз калла дидаст.
ГУНОҲИ МАН
Агарчи шаб само тор аст, маҳ ҳаст,
Агарчи раҳ на ҳамвор аст, раҳ ҳаст.
Агарчи хандаам аз лутфи ту нест,
Маро дар гиряи ту аммо гунаҳ ҳаст.
ДИЁРАМ
Диёрам ошёни моҳу меҳр аст,
Занаш маҳрӯву мардаш шедчеҳр аст.
Ба тавсифаш чӣ гӯям, ки дар ин ҷо
Замин шабҳо дар оғӯши сипеҳр аст.
НАСИБИ АЗАЛ
Агар доданд аз қисмат ҳаминат,
Чӣ кор ояд чуноне ё чунинат.
Само шаҳпар диҳад, гар ту уқобӣ
В-агар морӣ, хазонад дар заминат.
ДАР ОҒӮШИ ҶОВИДОН
Замину осмон ҳушам гирифтаст,
Ба бар дарёву куҳ дӯшам гирифтаст.
Чу онон ҷумла ҷовиданд, бинам,
Ки ҷовидон худ оғӯшам гирифтаст.
ДОНИШИ УМР
Бикӯшӣ, дониши умрат диҳад даст,
Ки бишносӣ баландеро ту аз паст.
Вале з-ин ҷода ширинӣ маҷӯӣ,
Ки дониш дар ҳақиқатҳои талх аст.
ЧАҲ БА РАҲ
Замин ҳарчанд чун чархи барин нест,
Вале чун ӯ маҳалли беҳтарин нест.
Агар чаҳро ба раҳ бинию афтӣ,
Гуноҳи дигарон ҳаргиз дар ин нест.
ДУШАНБЕ
Душанбе як тараф хуршеду тиб аст,
Дигар сӯ гарчи борони муҳиб аст.
Ду дунёи дигар дар ним фарсанг,
Бузург аст он, надонам, ё аҷиб аст?!
ТАЪБИРИ ХОБ
Агарчи ҳар дами касро ҳисоб аст,
Ту хоб астию умрат дар шитоб аст.
Туро аз субҳи бедорӣ чӣ гуям,
Агар таъбири хобат боз хоб аст?!
ДУЗДИ ВАҚТ
Куҷо ёбад, чи ҳушёру чи сармаст,
Кияш бурда тилои умр аз даст.
Матарс аз раҳзану дуздони шабрав,
Ки дузафшори бадтар дузди вақт аст.
ТАНҲОТАРИН ЯКТОТАРИН
Ҳар он ҷо чанд кас бо ҳам қарин аст,
Санову баҳ - баҳу сад офарин аст.
Худоё, ғайри танҳоӣ нахоҳам,
Ки ҳар танҳотарин яктотарин аст.
РОҲИ БЕИНТИҲОӢ
Дар ин дунё чиҳо ҳасту чиҳо нест,
Ки онро ибтидову интиҳо нест.
Агар раҳ меравӣ, рав то уфуқҳо,
Ки дар роҳи уфуқ беинтиҳоист.
АРКОНИ ТАХТ
Дарахт оё зимистонҳо карахт аст,
На, ҳаргиз, интизори фасли бахт аст,
Ки мурғонаш ба сар тоҷе гузоранд,
Ки он бар мурғакон аркони тахт аст.
ХАТИ РОСТ
Агар бидруди ман ҳар вақту ҳар ҷост,
Ба он бошад ҳисобам бекаму кост,
Чу аз марзу замони даврагарде
Равонам чун хати буррандае рост.
ҶОМИ ЛАБ
Ба ғайри азми дил кӯшиданӣ нест,
Маро розест, к-он пӯшиданӣ нест.
Шаш уқёнуси май гардад ҷаҳон ҳам[2]
Ба ҷуз ҷоми лабат нӯшиданӣ нест.
БА РАҚС ОЯМ…
Ту меоӣ, биё, ҷонам фидоят,
Ки бошад дар дилу дар дида ҷоят.
Агар ҳафт осмон ҳам гиряд аз рашк,
Ба рақс оям ба борон пеши поят.
ТУ ШЕЪРӢ Ё...
Маро ёдат ба ёди шеър андохт,
Ки бе ту хотирам шеъре напардохт.
Ҳамоне, к-ин дуро меофаридаст,
Туро аз шеър ё шеър аз ту месохт?!
АФСОНАИ ТУ
Ту оҳуӣ, ки сумҳоят зарин аст,
Агар афсона ҳақ бошад, ҳамин аст.
Ба ёди ту шавам афсона дар ҳақ,
Ки ту гӯйӣ: Маро афсона ин аст!
РАҲИНИ ЗИНДАГӢ
Ниҳоли орзу пуршоху барг аст,
Ҳамеша дар раҳи боду тагарг аст.
Чу ҳаст ӯ бо хатар дасту гиребон,
Раҳини зиндагӣ, мавқуфи марг аст.
НОМИ ТУ
Ба олам чор фасл айёми ишқ аст,
Касе яксар насӯзад, хоми ишқ аст.
Ба номат дафтари дилро кушодам,
Ки номат аввалу анҷоми ишқ аст.
ҲАБИ ШИРИН
Чаро рӯи ҷаҳонро шаб гирифтаст? –
Тани бетоби ёрам таб гирифтаст.
Ҳаби талхе шавад ширинтар аз шаҳд,
Ки ёрам бар лабонаш ҳаб гирифтаст.
НОЧОР
Хушам ояд, ки ишқи дигарат ҳаст,
Ки он ишқат туро раҳ сӯи ман баст.
Ба ночорӣ ба ишқи ту бинозам,
Ки як тан аз дуи мо некбахт аст.
ОҒОЗИ МАНУ ТУ
Ҷаҳон розе бувад, рози ману туст,
Сари созе бувад, сози ману туст.
Агар анҷоми ишқ аз раъи мо нест,
Вале оғозаш оғози ману туст.
ИМКОНИ КОМ
Агар ҳам зиндагӣ ишқ аст, дом аст,
Диҳад гар нақд ҷомат, боз вом аст.
Нашояд з-ин ҳама хун гаштан аммо,
Ситонаш ҳар чӣ, то имкони ком аст.
ЯК ШАБ ТАМАННО
Дар оғӯшат насими дашту саҳрост,
Тароватнокии обу алафҳост.
Ту медонӣ, ки моро дар канорат
Ба рӯз овардани як шаб таманност?!
ДИЛҶУДОВУ ЛАБ БА ЛАБ
Лабонат дар лабонам, дил дигар ҷост,
Чӣ ҳарбе дар миёни ин ду барпост.
Дил ар пирӯз н-ояд бар лабонат,
Ҳама хоки ду олам бар сари мост.
САЛОМИ БЕАЛАЙК
Саҳар аз меҳр мегӯям саломат,
Ба шаб аз моҳ меорам паёмат.
Алайкеву қабуле ҳам нагӯйӣ,
Ҷаҳонро пур кунам аз шеъри номат.
ФАРОМӮШИ ФАРОМӮШ
Хушам ояд, ки ёдам дар сарат нест,
Ба ёди ҳамчу ман дарди сарат нест.
Фаромӯш ончунон кардӣ, ки ҳатто,
Фаромуш карданат дар хотират нест.
СУОЛ АЗ МАҚОЛ
Ба мардон заррае ҳам боварам нест,
Ту гуфтӣ, марди мард, охир, куҷо, кист?!
Ту донӣ, мардро номард ё мард
Кунад зан, гуфтани ин мардум аз чист?!
ТАЪРИХ
Кай оғозид бому шоми таърих,
Кӣ медонад, кӣ бошад моми таърих.
Агарчи асли оғозаш сукут аст,
Ба бедорист лек анҷоми таърих.
АЗХУДГУЗАРӢ
Худоё, ин ҳама ҷонҳои обод
Кунанд аз ҷони маҳзуне магар ёд.
Агар реги биёбонам, бигӯям,
Сари сабзи дарахтон сабзтар бод!
ХАЗОНРЕЗИ ҶАҲОНӢ
Сар ояд умру ишқи ту ба сар бод,
Сарои ишқро ишқи ту сар бод.
Хазонрези ҷаҳонӣ сар шавад ҳам,
Ниҳоли қомати ту гулбасар бод.
АҶРИ ДУО
Намози ман қабул ояд – наояд,
Вале ҷуз номи ӯ дар лаб нашояд.
Агар аҷри дуо рафтан биҳишт аст,
Дуо дорам валекин ӯ биёяд.
ОБДОРӢ
Агарчи нест мақбулат, макун рад,
Чаман ранги тааллуқ кай пазирад.
Ду гул чун лола сӯзад дар лабонат,
Биё обаш диҳам, к-оташ нагирад.
БУРҶИ МИЗОН
Азизеро азизон офариданд,
Азизе хок шуд, з-он офариданд.
Бихонам то ҷаҳонро бар адолат,
Маро дар бурҷи мизон офариданд.
ҲАМҚИРОН
Хушо ҳар ду ҳариф ар ҳамқиронанд,
Ки бо ҳам шерро ҳампанҷа донанд.
Чу бо заргӯши тарсу арса гирӣ,
Ба майдон ҳеҷ гаҳ шерат нахонанд.
ШАМЪ
Назар гоҳе заиферо нагирад,
Вале мардии он ибрат пазирад.
Миёни анҷуман бар шамъ бингар,
Ба рӯйи марги худ хандида мирад.
ҲАЁТИ САБЗ
Насими гесуят ҷонро гуворад,
Ба бозӣ раҳ ба раҳ атре биборад.
Ман аз ҳусни дурангият чӣ гӯям,
Лаби сурхат ҳаёти сабз дорад.
ИШҚИ ЛОЛАРӮЁН
Дилам ҷуз ишқи ту ҳарфе нагӯяд,
Раҳе ҷуз роҳи ишқ асло напӯяд.
Чу умре ошиқам бар лоларӯён,
Зи хокам баъди мурдан лола рӯяд.
РЕША ДАР ИШҚ
Дилам савдои ишқат пеша дорад,
Фақат ишқи туро андеша дорад.
Куҷо бокам бувад аз хушксорон,
Ки ҷонам дар муҳаббат реша дорад.
НИЛУФАР
Бубин, рӯде ба печу тоб бошад,
Шибарзоре, ки доим хоб бошад.
Ба мурдобӣ вале таънаш мазан ту,
Ки нилуфар гули мурдоб бошад.
ГУНОҲОФАРӢ
Барои дин ҷамоат офариданд,
Барои ишқ хилват офариданд.
Агар бӯсидани лабҳо гуноҳ аст,
Чаро ишқу муҳаббат офариданд?!
МӮҲРИ БӮСА
Туро ҷон гуфтаму гӯям дусад чанд,
Зи манъи ту нагирад ин дилам панд.
Нахоҳӣ гар зи ишқат боз гӯям,
«Даҳонамро ба мӯҳри бӯса»[3] мебанд.
БУЛБУЛУ ГУЛ
Арӯсони чаман гесӯ буриданд,
Ҳазорон ҷомаро бар тан дариданд.
Ҷаҳони барабас то як хас арзад,
Маро булбул туро гул офариданд.
[1] Аз Шаҳром Шамспур, шоири Эрон
[2] Яъне ба замми чаҳор уқёнуси мавҷуда боз замину осмон ҳам уқёнус шавад.
[3] Аз Бежан Самандарӣ, шоири Эрон