ҲАМСУҲБАТИ ТАНҲОӢ

Чу аз тифлӣ дили шайдоиям буд,

Навои ишқи ту лолоиям буд.

Набудам ҳеҷ гаҳ танҳову бекас,

Ғамат ҳамсуҳбати танҳоиям буд.

 

ҲАЗОРОН  КАҲКАШОН

 

Умеди васли ту болу парам дод,

Ба сайри олами улвӣ сарам дод.

Чу бигзаштам шабе аз ҳафт гардун,

Ҳазорон Каҳкашони дигарам дод.

 

 

ИКСИРИ ҲАСТӢ

 

Зулоли чашмаҳо дар ҷӯ равон шуд,

Ҷавонӣ бармаҳал аз ман ниҳон шуд.

Вале дарёфтам иксири ҳастӣ,

Чу гаштам ошиқат, дил ҳам ҷавон шуд.

 

 

БАДАНДЕШ

 

Замон хайри маро мӯҳри гунаҳ кард,

Зи роҳам зад, равон бар сӯи чаҳ кард.

Чӣ бадкину чӣ бадқасд аст ин зол,

Ки мӯямро сафеду дил сияҳ кард.

 

 

РЕША ДАР ДИЛ

 

Баҳорон чун ту гул орад-наорад,

Ба пояш булбуле зорад-назорад.

Магар дар тирамоҳон барг резад,

Гуле, ки дар дили ман реша дорад.

 

 

ТӮФОН

 

Чу боде дар биёбонҳо ситезад,

Магар хоки раҳи худро набезад?

Кӣ медонад, ки тӯфон аз дили баҳр

Ва ё аз соҳили хомӯш хезад?!

 

 

МАЗҲАРИ ПОКӢ

 

Сабо дар шохи гул оҳанг мезад,

Баҳорон домани худ ранг мезад.

Чу дарё мазҳари ишқи ду дил буд,

Чаро ҳар дам сараш бар санг мезад?!

 

 

ҲАЗОРОН ДИДА

 

Ду зулфат шохи сабзу гул бадан буд,

Ду гелоси лабат нози чаман буд.

Чӣ сон нағзат намедидам, ки сӯят

Ҳазорон дида дар аъзои ман буд.

 

 

АВВАЛУ ОХИР

 

Агар чашмат чунин, соҳир чӣ бошад,

Агар хашмат чунин, қоҳир чӣ бошад.

Нигоҳи гӯшаи чашмат маро кушт,

Агар аввал чунин, охир чӣ бошад?!

 

 

ШАБҲОИ БЕСИЁҲӢ

 

Сияҳмастии чашмат дил рабояд,

Ки занги ғам зи ҷону дил зудояд.

Сиёҳӣ нест дар шабҳои ошиқ,

Ки чун моҳе равад, хуршед ояд.

 

 

ЗУЛМАТЗУДО

 

Яке доғе ба рӯйи моҳ бинад,

Дигар маҳтоби рӯ дар чоҳ бинад.

Касе зулмат зудояд аз дили шом,

Ки субҳе дар рухи бегоҳ бинад.

 

 

ИШҚИ ҶАВОНӢ

 

Касе аз зиндагонӣ сер гардад,

Ки барноӣ накарда пир гардад.

Ба ҷуз ишқу ҳавас дар ҳар ду олам

Ҳама зуде, ки бошад, дер гардад.

 

 

БУЛӮРИ ХАНДАҲО

 

Ду дил он шаб ба як оҳанг мезад,

Сари зулфат диламро чанг мезад.

Ба ҳам мехӯрд чун паймонаҳомон,

Булӯри хандаҳоят занг мезад.

 

 

 

ЧӢ БИГЗАШТ?!

 

Шаби Варзобу дар дил ишқ ҷӯшид,

Бари мо рӯд кафкӯбон хурӯшид.

Миёну мову ту он шаб чӣ бигзашт,

Ки маҳ хандиду рӯ бо абр пӯшид?!

 

ҲАРФИ ТАКРОР

 

Агарчи шеъри ҳассон дил рабояд,

Барои ҳарфи тоза мағз бояд.

Агар  мағзат чу кӯҳе санг баста-ст,

Ба ҷуз такрор ҳарф аз ту наояд.

 

 

ДАРЁВУ ТӮФОН

 

Яке кӯҳу дигар дарё навардад,

Нагӯям ҳеҷ ин хуб асту он бад.

Ба оромӣ бувад дарё нагунсор,

Ба тӯфон пушти дарё кӯҳ гардад.

 

 

РӮЗИ МАРГ

 

Хазон гаштӣ, магар даври хазон шуд,

Ва ё хунин дил аз ҷабри замон шуд.

Чӣ мегӯям, чунин шуд ё чунон шуд,

Ту рафтӣ, рӯзи маргат ҷовидон шуд.

 

 

ДАРКУШОӢ

 

Чӣ нав шуд, расми дунёи дудар монд,

Ҳамон ки мушти пар буд, мушти пар монд.

Чӣ шӯре шуд гаҳи аздардароӣ,

Касе, к-ӯ дар кушод, аз пушти дар монд.

 

 

ШАМЪИ СИНАИ ЗАН

 

Ба бӯйи васл шаб мадҳуш гардад,

Шабистон як ҷаҳон оғӯш гардад.

Чу шамъи синаи зан шӯъла гирад,

Чароғи тори сар хомӯш гардад.

 

 

ДАРЕҒ

 

Ба ваҳми кас ҷаҳон дудар намояд,

К-аз ин дар ояду з-он дар барояд.

Дареғи мурдани одам дар он ҷо

Кафан, к-аз одамӣ қиматтар ояд.

 

 

ФАРЁДИ ГАРОН

 

Агар кӯҳе фуруд омад  сари мард,

Бубояд дод зад, на нола сар кард.

Сабук, гуфтам, кунам дардам ба фарёд,

Гарон омад, вале фарёдам аз дард.

 

 

ҚИЁМИ РӮЗ

 

Ба ҳар ҷанге, ки оламсӯз бошад,

Магар бад бар бадӣ пирӯз бошад.

Ба ҷанги шом бояд рафт бо субҳ,

Ки фардоят қиёми рӯз бошад.

 

 

ДУ МОҲУ ШИРМАҲТОБ

 

Гиребон чок зан, моҳе барояд,

Яке на, он ду маҳ бо ҳам намояд.

Шабам з-он ҳар ду гардад ширмаҳтоб,

Ба тобам ораду хобам рабояд.

 

 

НАНГИ ХАЗИДАН

 

Кӣ аз қулла раҳи аъмоқ гирад,

Баландандеш кай  пастӣ пазирад?!

Зи нанги он ки заъфаш мехазонад,

Уқоб аз осмон афтода мирад.

 

 

САЙРИ ДАШТ

 

Гар аз мардист ҳарфат, гуфт бояд,

Хасу хошоки олам рӯфт бояд.

Кунӣ, то сайри дашт озод, аввал

Сари морони афъӣ кӯфт бояд.

 

 

ҚАРИ ЗОҒ

 

Ба домони чаман чун гул кушояд,

Гаҳе булбул, гаҳе сулсул сарояд.

Дар он боғе, ки тарсаш карда хомӯш,

Қари зоғи сиёҳе ҳам хуш ояд.

 

 

БИМИРАМ

 

Биҷӯям дил, дигар чун ман биҷӯяд,

Магар ҳарфе, ки ман гӯям, бигӯяд.

Агар коре зи дастам барнаояд,

Бимирам, то касе ҷоям бирӯяд.

 

 

ДАРДИ ОҲ

 

Мусофир рӯйи мижгон гард дорад,

Кӣ бардорад ғаме, ки мард дорад.

На бедард аст ҳар чизи сабукхез,

Сабук аст оҳ, аммо дард дорад.

 

 

БАҲОИ УМР

 

Чӣ фарёде маро беинтиҳо кард,

Зи қайди ҷумла побандӣ раҳо кард.

Чӣ маънӣ довари ҳастӣ аз он ёфт,

Ки умрамро ба фарёде баҳо кард.

 

 

ХӮШАИ АНГУР

 

Ба он гулбоғи нав раҳро кӣ донад,

Ба гӯши гул суруди дил кӣ хонад?

Агар токи ҳамон боғӣ, азизам,  

Чиро он хӯшаи ангур монад?!

 

 

ЧАШМИ ДИЛ

 

Зи тухме ду ниҳол оё барояд,

Зи як ҷӯе ду ҷӯе об ояд.

Аз ин дунё, Худоё, чашми сарро

Чӣ сон бандам, ки чашми дил кушояд?!

 

 

ШОХАИ РАЙҲОН

 

Касе аз шохи гул бурҳон бихоҳад,

Ки гул мебошаду алҳон бихоҳад.

Бихон, булбул, дар он боғе, ки он ҷо

Гадояш шохаи райҳон бихоҳад.

 

 

ДУНЁИ БӮҚАЛАМУН

 

Калоғе шохаи коҷе бихоҳад,

Сиёҳе гардани оҷе бихоҳад.

Чу бошад гурба дар болои уштур,

Сари лайси гадо тоҷе бихоҳад.

 

 

ДАВОИ ЧАШМ

 

Ту нурӣ, нур, дар зулмоти беҳад,

Набошад лек суд аз гуфтани бад.

Ту аввал чашми нобино даво кун,

Ки фарқи нур аз зулмат шиносад.

 

 

МУСУЛМОНГАВҲАР

 

Агарчи хирқаам бар тан набошад,

Мусулмонгавҳаре чун ман набошад.

Парастидан Худоро аз иродат

Фақат бар зону афтодан набошад.

 

 

ХУРШЕД ДАР КАНОР

 

Касе, к-ӯ дидаро равшан фурӯзад,

Қиёми меҳр бар маҳ чашм дӯзад?

Худоё, з-одамизода магар кист,

Ки хуршеде канор орад, насӯзад?!

 

 

СУРУДИ МАН

 

Агар аллаҳ суҷуди ман пазирад,

Ду оламро дуруди ман бигирад.

Агар рӯзе вуҷуди ман бимирад,

Вале ҳаргиз суруди ман намирад.

 

 

БОМҲО

 

Касе оё ба ёди ҷон набошад,

Агар ин сон бувад, инсон набошад.

Зи боми хонаву аз боми гардун

Ҷаҳон дидан ба ҳам яксон набошад.

 

 

САЙҚАЛУ ОЙИНА

 

Дили софат чароғи сина гардад,

Ки ганҷе бошаду ганҷина гардад.

Агар оинае зангор ҳам баст,

Ба сайқал боз ҳам ойина гардад.

 

 

БАЙТИ ЭҶОД

 

Агар модар маро боре шабе зод,

Ба тифлӣ бар забонам ҳарф бинҳод,

Ба ҳар байте, ки гуфтам, лек худро

Ҳазорон бори дигар кардам эҷод.

 

 

АНГУБИНСУХАН

 

Ба шохи қоматат атлас чӣ бошад,

Ба пеши сабзаи  гул хас чӣ бошад.

Сухан гар дар лабонат ангубин аст,

Худоё, худ лабонат пас чӣ бошад?!

 

 

АНОРИ СИНАҲО

 

Санои боғбон, ки боғ парвард,

Санои буттае, ки бор овард.

Анори шохро бояд, ки афшурд,

Чӣ бояд бо анори синаҳо кард?!

 

 

САД ДАСТ

 

Агар дастат бувад, бояд ки дар зад,

Дили шоми сиёҳеро шарар зад.

Агар сад даст дорӣ чун чиноре

Фақат баҳри чапак, бояд ба сар зад.

 

 

ЁБУ НОЁБ

 

Ба ёдат дил муҳити об гардад,

Ки ҳар ҷо по ниҳам, гирдоб гардад.

Равад дар қулзуми чашми сиёҳат,

Дилат то ёбад он, ноёб гардад.

 

 

ЯККАГИИ ЧИРА

 

Чароғи рӯйи мизам хира сӯзад,

Дилам бар рӯзгори тира сӯзад.

Ҳамонанде наёбад чирадасте,

Дилам бар яккагии чира сӯзад.

 

 

ТУНДБОД

 

Суоли ту хаёли ман пароканд,

Хуҷанди ман куҷо монду Мароканд.

Ба саҳро тундбоди бехкан хест,

Ба имрӯз омаду аз бун маро канд.

 

 

САДОИ ТЕШАИ ФАРҲОД

 

Агар дунё дилеро шод дорад,

Ду дунёро, ки ишқ обод дорад.

Азизам, гӯш неҳ, ҳар мавҷаи ҷӯй,

Садои тешаи Фарҳод дорад.

 

 

РАГҲОИ ДИЛ

 

Маро ишқ аз азал дар обу гил шуд,

Гуноҳам бо савоби он биҳил шуд.

Чунон бедил шудам дар ишқат, эй ёр,

Ки рагҳои паям рагҳои дил шуд.

 

 

…АММО КӢ МОНАД?

 

Хирад андар китоб, аммо кӣ хонад,

Муаммо содааст, аммо кӣ донад.

Тавон рози ҷаҳон ҳар вақт бикшуд,

Абад монад ҷаҳон, аммо кӣ монад?!

 

 

ДАР АЪРОФ

 

Яке суннӣ, дигар худ шиа номад,

Ду муслим з-ин насақ бо ҳам наомад.

Дар ин аъроф ман Қуръон ба дастам,

Намедонам, чӣ гӯям аз Муҳаммад.

 

 

НАФАҲМИДАМ

 

Начидам ман гуле, ки чиданӣ буд,

Надидам сурате, ки диданӣ буд.

Ман он ҳарфе нафаҳмидам, ки осон

Ба фаҳми ҳар касе фаҳмиданӣ буд.

 

 

МЕРОС

 

Биҳишту дӯзахат як рӯз хонад,

Куҷоят мебаранд, аммо кӣ донад.

Вале донам, дар ин дунё биҳиште

Зи кас ё дӯзахе мерос монад.

 

 

КӢ ЁБАД?!

 

Намегӯям ба ту на неку на бад,

Фақат мегӯямат, донист бояд:

Зари гумгаштаро гумҷӯ биёбад,

Туи гумгаштаро ҷуз ту кӣ ёбад?!

 

 

СИРИШТ

 

Агарчи аҳли дӯзах ё биҳиштанд,

На ёди зодбум аз дил биҳиштанд.

Агарчи з-Одаму Ҳаввоям асл аст,

Зи обу хоки тоҷикам сириштанд.

 

 

ШЕЪРИ РАСО

 

Чу рӯзи пириям қомат дуто шуд,

Магар шеърам ба дасти ман асо шуд.

Намедонам, чӣ сон гуфтам, валекин

Кадомеро задам хат ман, расо шуд.

 

 

ГУЛӮАФШОНИИ БУЛБУЛ

 

Даме  хуршед  оҳанги саҳар кард,

Насим аз соҳили дарё  гузар кард.

Сари шохе гулӯ афшонд булбул,

Ҳавои субҳдамро тозатар кард.

 

 

СӮХТАНИ  ХУРШЕД

 

Ба нури меҳр маҳ шабҳо фурӯзад,

Бигирад аз бади мо, дида дӯзад.

Агар на аз сияҳкории баъзе

Рухи хуршед аз шарми чӣ сӯзад?!

 

 

КУНДУ  ТЕЗ

 

Яке сангу яке кунде  нидо зад,

Агар бо худ нанозад, бо кӣ нозад?!

Агарчанде фасон санг асту кунд аст,

Дами фӯлоди ханҷар тез созад.

 

 

УМР ПАС АЗ  МАРГ

 

Агарчи одамӣ беғам наомад,

Ба ғамҳояш вале ӯ кам наомад.

Касеро, ки сар омад умр бо марг,

Ба дунё, гӯйӣ, асло ҳам наомад.

 

 

СОЗҲОИ МУСИҚӢ

 

Дарахтон созҳои мусиқиянд,

Ки онҳоро навозад мурғаке чанд.

Дарахтонро мабод аз соқа бурранд,

Мабодо мурғакон афтанд дар банд.

 

 

КАШОКАШ

 

Бубин, к-ин одамӣ бо худ чиҳо кард,

Зи дигар хешро бартар баҳо кард.

Агарчи марг бигрифт аз гулӯяш,

Гиребони дигарро кай раҳо кард.

 

 

ЗАНӢ ДЕВОРРО…

 

Ба ишқат дил агар маъво нагардад,

Магар бедор бо балво нагардад.

Чу хоҳӣ дар кушояндат, валекин

Занӣ деворро, дар во нагардад.

 

 

ГУРГУ  МЕШ

 

Ба неке бад бигӯйӣ, мешавад бад,

Ба одам дад бигӯйӣ, мешавад дад.

Агар гург аз муҳаббат мешавад меш,

Зи бухлу кина меше гург гардад.

 

 

ХАЗОНИ  ОДАМ

 

Ба гул мардум сифат сад гуна ҷӯянд,

Хазон чун мешавад, дигар набӯянд.

Хазони одам оё беҳтарин аст,

Ки чун гардад хазон, пас хуб гӯянд?!

 

 

БАҲСИ  ҲИССУ  АҚЛ

 

Ба по шуд баҳс дар байни зану мард,

Яке ҳис, ақл дигар бартар овард.

Вале дидам, ки дар он баҳс охир,

Хирад дар шохаи эҳсос гул кард.

 

 

ДАРАХТОНИ  ОВОЗХОН

 

Баҳор омад, гулистон аз хазон кард,

Ҳазорон муъҷиза дар як замон кард.

Агар қудрат ба эъҷозе набудаш,

Дарахтонро чӣ сон овозхон кард?

 

 

АРҒУВОНИ  АРҒУНУН

 

Баҳор омад, зимистонро забун кард,

Ҷаҳони тирарӯро лолагун кард.

Ба ҷазбаш рафтагонро боз овард,

Ба мурғон арғувонро арғунун кард.

 

 

БОҒИ  МОҲ

 

Шаби найсон зи боғи моҳ гул чид,

Танаш дар зарҳали маҳтоб печид.

Ман аз он чашми бино дар шигифтам,

Ки боғи маҳ надиду доғи маҳ дид.

 

             

АРМОНИ НАВРӮЗ

 

Ниҳоле чун қадат бошад-набошад,

Ки ғарқи гул ба гулшан атр пошад.

Намедонам, ба Наврӯзат чӣ хоҳам,

Ки худ Наврӯз хоҳад чун ту бошад?!

                   

 

РОЗИ НОМАТ

 

Шабе номат гирифтам, шаб саҳар шуд,

Ба дашт ин роз гуфтам, гулбасар шуд.

Дигар аз орзумандон чӣ гӯям,

Ки номат бурдаму дунё дигар шуд.

 

 

МАҒЛУБИ ХУДӢ

 

Дар одам сад бало бо ҳам ситезад,

Ки хоҳад хоки одамро бубезад.

Касе, к-ӯ аз худӣ аз по дарафтад,

Ба ҷони дигаре бо ҷанг хезад.

 

 

ДЕВ - ХУДО

 

Дар оғози ҷаҳон, к-аслаш садо буд,

Ҳаюлои сифат н-аз ҳам ҷудо буд.

Баду нек ончунон бо ҳам даромехт,

Ки ин Деви кунун аввал Худо буд.

 

 

ХУДГИРО

 

Агар нахле ба гардун қад физояд,

Маро дар хеш афзудан бибояд,

Ки инсонат кунад на сарфарозӣ,

Шавад инсон, касе бар худ гирояд.

 

 

ОҒОЗУ АНҶОМ

 

Дар аввал ишқ ҷонафзост беҳад,

Ба охир лек, гуфтӣ, ҷон бикоҳад.

Биё, мо ҷонфизо оғоз созем,

Ки анҷомаш ба Ӯ, то ҳар чӣ хоҳад.

 

 

ОГОҲИ РОЗ

 

Чӣ дилро ҷониби ту мекашонад,

Намедонам, агар Аллаҳ надонад.

Вале оне ки огоҳ аст аз ин роз,

Туро оё ба ман як шаб расонад?!

 

 

ХУД ОН ДАРДАМ...

 

--Бубин, ишқат, чӣ дарде бар сар овард,

Ақиқи чеҳраатро заъфарон кард.

--Ба таъни дард ишқи ман маёзор,

Ки ман, охир, худ он дардам, худ он дард.

 

 

ОҒОЗИ РӮЗ

 

Маро дилсӯз шав, ҷоно, на ҷонсӯз,

Лабамро бо лабонат ханда омӯз.

Аз он шаб, ки дар оғӯшам биёӣ,

Маро дар зиндагӣ сар мешавад рӯз.

 

 

ШАҲДИ ЛАБҲО

 

Гули нозам, гули нозам, гули ноз,

Шавад айёми ширини гул оғоз.

Агар донӣ, ки лабҳоят чӣ шаҳданд,

Магар чойи асалдорам диҳӣ боз?!

 

 

САРОҒОЗ

 

Саҳарнозу саҳарнозу саҳарноз,

Ба гӯшам мерасад ҳар субҳ овоз.

Агар ёрам фаромӯшам намекард,

Саранҷоми ҳаётам буд сароғоз.

 

 

ҶУНБИШ

 

Бишав на бар дигар, бар хеш пирӯз,

Ҷаҳон натвонӣ афрӯзӣ, худ афрӯз.

Ту охир одамӣ, ҷунбиданат, ку,

Зи ҷунбиш мешавад об оташ имрӯз.

 

 

МУРҒИ ИНСОНУ ХУДО

 

Худо мурғ офариду боли парвоз

Бидодаш, то барад пайки башар боз.

Вале мурғе ки инсон сохт, афсӯс,

Гулӯла мебарад аз кину аз оз.

 

 

ФАРДОБИНӢ

 

Касе фардои худ медонад имрӯз,

Кӣ ҳарфи қисматаш меронад имрӯз?

Ҳамон мурғе ки дон диду нахӯрдаш,

Ба рӯйи шохи он мехонад имрӯз.

 

 

МУРДАНУ ЗИНДА ШУДАН

 

Чу додӣ, корсозо, корам оғоз,

Ба кори хештан корам чунин соз,

Ки шаб аз бӯсае хушбахт мирам,

Саҳар аз бӯсае зинда шавам боз.

 

 

МЕЪЁР

 

Дизе монда гар аз Дорову Парвиз,

На ин дорад ягон арзиш, на он низ.  

Маҷӯ беҳуда дунёро иёре,

Ки инсон аст меъёри ҳама чиз.[1]

 

 

ИМРӮЗИ ҶОВИДОН

 

Агар шамъӣ, ҳамин шаб пок месӯз,

Ҳамин як шомро чун рӯз афрӯз.

Маҷӯ дирӯзу фардои абадро,

Ки ҷовидонат имрӯз аст, имрӯз.

 

 

ВАТАНХОҲӢ

 

Ту, эй ғоратгари халқи сияҳрӯз,

Ки дорӣ, гӯйӣ, аз сӯзи ватан сӯз,

Ватанхоҳии ту аблаҳфиребист,

Ватанхоҳӣ, бирав, аз мардум омӯз!

 

 

АЛИФ

 

Кӣ дида бар китобе дӯзад имрӯз,

Улуми ҷисму ҷон андӯзад имрӯз.

Ҳама Суқроти фардоем, аммо

Кӣ моро як алиф омӯзад имрӯз?!

 

 

ИЛҲОМИ  ҚАҚНУС

 

Дар авҷи нағма Қақнуси хушовоз

Зи шавқ оташ бигирад, маҳзи эъҷоз!

Ту ҳам сармаст шояд сӯзӣ, аммо

На ҳар хокистар эҳё мешавад боз.

 

 

БИСТАРИ  НОЗ

 

Ба номат мешавад субҳи ман оғоз,

Ба номат рӯзи ман шаб мешавад боз.

Бувад оё ба коми дил шаберо,

Ба рӯз орем мо дар бистари ноз?!

 

 

ШОХОБУ ДАРЁ

 

Ману мо мешавад дунёи дигар,

Шаб аз субҳи сафо фардои дигар.

Ду шохоби ҷудо аз ҳам равона

Ба ҳам резад, шавад дарёи дигар.

 

 

ПУШТИ ПО

 

На ҳар худсӯз шуд мурғи самандар,

Ки он аз нав зи хокистар занад пар.

Ҳама гӯё ба дунё пушти по зад,

Хароботе ҷаҳон шуд, ку қаландар?!

 

 

ХОБУ БЕДОР

 

Агар умрам равад як рӯз беёр,

Шавам аз оламу аз умр безор.

Агар бо ёди ту хобам барад, ҳеҷ

Намехоҳам шавам аз хоб бедор.

 

 

ҒАМСЕР

 

Надонам, омадам ман зуд ё дер,

Вале бо ман замона дошт тақсир.

Агарчи гушнаи ноне набудам,

Зи сериҳо вале аз ғам шудам сер.

 

 

САПЕДӢ

 

Маро гӯйӣ, зи хушбахтӣ навид ор,

Ба ноуммедҳо пайки умед ор.

Ба даври бешаи торик, аммо

Сапедие намонда ҷуз сапедор.

 

 

ТАКРОР

 

Зи такрор арчи шоир мешавад хор,

На аз такрори зебо мекунам ор.

Чӣ гирӣ хӯрда, к-он кӯҳи азиме

Кунад бо он бузургӣ ҳарф такрор.

 

 

МӮРИВУ РАВЗАН

 

На ҳар чӣ дар баландиҳост манзур,

На ҳар кӣ дар баландиҳост масрур.

Агарчи ҳар ду ҳам дар тоқи хона-ст,

Зи мӯрӣ дуду аз равзан расад нур.

 

 

ҚУЛЛАИ НАНГ

 

Ба пойи кӯҳ аз кӯҳам фаротар,

Куҷо кӯҳест бо рӯҳам баробар.

Агар куҳ ҳайкали беҷони санг аст,

Ман охир қуллаи нангам, бародар!

 

 

ФАРМУДИ ХУДО

 

Сипеҳр абру сипеҳр абру сипеҳр абр,

Замин ҷабру замин ҷабру замин ҷабр.

Худо фармояд аммо бандагонро

Башар сабру башар сабру башар сабр.

 

 

ХАМРИ ЁД

 

Ба ёдам мерасӣ аз дур, аз дур,

Зи ёдат мешавам масрур, масрур.

Чӣ хамре ёди рӯят дорад, эй ёр,

Ки медорад маро махмур, махмур.

 

 

САРЕ ҲАЛЛОҶ

 

Яке дар дор, дигар дар таҳи ор

Бимирад, навбат ояд охири кор.

Саре Ҳаллоҷ бояд дошт, в-арна

На ҳар сарро баландӣ медиҳад дор.

 

 

РАШК

 

Бихонад шоире дар васфи дилбар:

Зи рӯйи ту бувад шомам мунаввар.

Занаш донад агар, к-он рӯйи ӯ нест,

Кунад рӯзи варо аз шаб сияҳтар.

 

 

ҲАВАСПИР

 

Агарчи мекунад касро нафас пир,

Намемонад вале кас бенафас дер.

Туро пиронасар хушбахт хоҳам,

Вале асло нагардӣ ту ҳаваспир.

 

 

РОЗИ ШЕЪР

 

Кӣ дид аз сурати ӯ диданитар,

Зи савту сози ӯ бишниданитар.

Агар имрӯз нофаҳмост, фардо

Зи фаҳмоҳо шавад фаҳмиданитар.

 

 

БА УСТОД РӮДАКӢ

 

Надидам шеър аз шеърат равонтар,

На оҳуе  зи оҳуят давонтар.

Ҳазору анд сол аз мо ту пирӣ,

Ба шеъри худ вале аз мо ҷавонтар.

 

 

АМРИ ЗАМОН

 

Чӣ кор ояд дурусту рост, рев[2] ор,

Фаришта дархури мо нест, дев ор.

Дар ин дунё, ки бору[3] боядаш канд,

Занад ҳар кас ба гирди хеш девор.

 

 

ЛУТФИ БАДТАР АЗ ҶАБР

 

Маро гуйӣ, ба зулмат боядат сабр,

Равад меғу барояд офтоб аз абр.

Бирафт абру вале  хуршедро бурд,

Чӣ лутф аст ин, ки сӯзад бадтар аз ҷабр?!

 

 

ХОНУМИ ПОЙИЗ

 

Биомад хонуми пойизи пурбор,

Кашида ғозаи барге ба рухсор.

Сафедор аз баландӣ қарс мезад,

Ба рақси атрии шохи  биҳизор.

 

 

ДУРБИН

 

Тавон бо дурбине диданат дур,

Туро  гар дидани дур аст манзур.

Вале дар дидани наздики умре

Тамоми дурбинҳо бошадат кӯр.

 

 

САРОПО ШЕЪР

 

Ба дӯшат обшоре мехамад – шеър,

Аз ин сӯ ду ғизоле мерамад - шеър.

Ба рези обшор, оҳуи тарсу,

Зи ман фаввораосо медамад шеър.

 

 

СЕБИ НУҲУФТА

 

Агар шаб, хуфта дар ҳар ҷост, шоир,

Саҳар бо ёди ту бархост шоир.

Азизи ман, маранҷ аз шӯхии субҳ,

Ки ду себи нуҳуфта хост шоир.

 

 

ОЛИТАРИН ШЕЪР

 

Ба ҷони ошиқон омад қарин шеър,

Замин пур кард то чархи барин шеър.

Ба ёдам лек ҷуз номат наёмад,

Маро номат, ки буд олитарин шеър.

 

 

КӢ ДОНАД?!

 

Зиҳӣ ёре, ки ман дорам, зиҳӣ, ёр,

Аҷаб меҳрозмову сахт айёр.

Дили моро, кӣ донад, чун бибурдаст,

Ба айёри-ш ё бо меҳри бисёр?!

 

 

ДАРЁИ БЕШИНОВАР

 

Бигуфтанду бигӯям бори дигар,

Равӣ дар баҳри ишқ, аз хеш бигзар,

Ки аз оғоз то анҷоми дунё

Дар ин дарё набуда як шиновар.

 

 

ҒИЗОЛИ ИШҚ

 

Сар афрозад гаҳе, гаҳ сар ниҳад кас,

Мабодо аз муҳаббат вораҳад кас.

Ғизоли ишқ агар дар дашти дил нест,

Палангеро ба оҳу сар диҳад кас.

 

 

ҚАСРИ ХАС

 

Наӣ оҷиз, магард аз роҳ вопас,

Ки набвад ҳеҷ қулла дастнорас.

Бинои умр хоҳӣ аз ҳавас ту,

Магар аз хас кунад қасре бино кас?!

 

 

ЁВАРИ ҒАМ

 

Камам бе ту, ту аз камҳои ман бош,

Сароғози ҳама дамҳои ман бош.

Агар устоди шодиҳои ғайрӣ,

Биёву ёвари ғамҳои ман бош.

 

 

 

ТАРС АЗ СОЯ

 

На ҳар кӣ сар кашад аз мояи хеш,

На ҳар кӣ по ниҳад дар пояи хеш.

На ҳар кӣ офтоби рӯз хоҳад,

Агар  метарсад ӯ аз сояи хеш.

 

 

САД КӮРА ОТАШ

 

Сифатсозе куҷо донад сифоташ,

Надонам оташ аст, об аст зоташ.

Лабаш сарчашмаи нӯшини нӯш аст,

Вале дар бар барад сад кӯра оташ.

 

 

ҲАВАСҲОИ ҶАВОНӢ

 

Тамоми умр кардам сулҳу пархош

Ба ишқи гулрухон пинҳониву фош.

Надорам пириву лек ақл гӯяд,

Ҷавонӣ рафту монд аммо ҳавасҳош.

 

 

ЗАБОНИ ИШҚ

 

Ба дарё додаӣ мавҷи равонаш,

Ба саҳро додаӣ боди вазонаш.

Худовандо, чунин ишқам, ки додӣ,

Забон ҳам кай диҳӣ баҳри баёнаш?!

 

 

РАҲУ РАҲНАМО

 

Ба тори сар бувад боли ҳумояш,

Магар яксон бувад арзу самояш.

Агарчи як раҳи маргу ҳаёт аст,

Раҳи ҳар кас ҷудову раҳнамояш.

 

 

СУКУТУ ФАРЁД

 

Ба озодӣ агар зодӣ, ту хуш бош,

Агар бодӣ дар ободӣ, ту хуш бош.

Миёни ин ҳама, ки дар сукутанд,

Абас ҳам гар задӣ доде, ту хуш бош.

 

 

ЛАНДАҲУР

 

Ҳамон гурге, ки ризқи ӯст дар по-ш,

Ситонад рӯзияш бо макру пархош.

Чу гург ин ҷост, донӣ, ландаҳуро,

Бирав бар гӯсфандонат шубон бош.

 

 

ОҲУЧАҲО

 

Ду оҳу дар барат, оё баремаш

Ва ё сарро таҳи он оваремаш.

Чаро хоҳад магар оҳучаҳоят,

Агар не, деҳ иҷозат мо чаремаш.

 

 

ЗАНБӮРУ ЗАНБӮРА

 

Агар шоҳӣ ту ё з-он беш дарвеш,

Равӣ бояд ба зери рояти хеш.

Ва занбӯрӣ агар, бояд диҳӣ нӯш,

В-агар занбӯраӣ, бояд занӣ неш.

 

 

САБҚАТ

 

Чунон дидам ҳама, ҳам шоҳу дарвеш

Давон дар погаҳи дунё пасу пеш.

Туро бар дигаре сабқат чӣ арзад,

Тавонӣ як қадам рав пеш аз хеш.

 

 

СУХАНҲО

 

Суханҳо сабз кардам дар дили хеш,

Ки ёбад баҳра аз он шоҳу дарвеш.

На дарвеше вале бар он назар кард,

На шоҳе монд сӯяш як қадам пеш.

 

 

ХОРУ ГУЛ

 

Надорад  хор бӯву мехалад неш,

Аз он бар ҷо бувад дар ҷогаҳи хеш.

Чу гул дил мебарад, канда барандаш,

Хазон созандаш аз рӯзи хазон пеш.

 

 

ТУИ ТИРАМ…

 

Туӣ тирам, маро бинӣ ту бо хеш,

Ки бо ту мезанам чархе каму беш.

Бубин, чархи дучарха ҳам начархад

Ба гирди тири худ, кай меравад пеш.

 

 

НАМЕГАРДАД ЗАБОНАМ…

 

Бирафту монд дар дил ҷойи худ реш,

Биомад, то бубинад кардаи хеш.

Намегардад забонам, ки бипурсам,

Ман аҳволи дил аз хушрӯи бадкеш.

 

 

ОҒӮШИ ГУЛҶӮШ

 

Ба ҳар ҷо по ниҳӣ, гул мезанад ҷӯш,

Чаманҳо мешавад сурху чаканпӯш.

Чу барг аз шохаҳо мерӯяму субҳ

Гуландоми туро мегирам оғӯш.

 

 

БИЁВУ БИЁ!

 

Ҷавон будам зи нав дар ишқат, эй кош,

Ки буд фасли  маро васли ту подош.

Парастуи баҳоронам набудӣ,

Биёву қумрии фасли хазон бош!  

 

 

ИШҚУ УМЕД

 

Зи нав сабзу ҷавон мебудам, эй кош,

Ки ёрат мешудам, ёри қаламқош.

Агар ишқи нахустинам набудӣ,

Биё акнун умеди охирин бош!

 

 

СОФКОРӢ

 

Чӣ гӯям одамиро, Қоф то Қоф

Ба мурдоби гунаҳ ғӯтид то ноф.

Агар ҳам софкорие бикард ӯ,

Бикард ӯ аз ҷаҳон инсофро соф.

 

 

ЛОФИ ҒАЗАЛБОФ

 

Наям аз тортанҳои ғазалбоф[4],

Ки наздам аз ғазалбофӣ занӣ лоф.

Дар ин раҳ Ҳофизам ҳамсуҳбат ояд,

Ки паймудаст онро Қоф то Қоф.

 

 

ҲУШМАНДИ ДЕВОНА

 

Биҳишт оё бувад ҷуз хонаи ишқ,

Ҳақ аст оё ба ҷуз афсонаи ишқ.

Наёбӣ дар ду олам ҳушманде,

Ба ҷуз он к-ӯ бувад девонаи ишқ.

 

 

 

ДОВАРИ ИШҚ

 

Ҳамеша будаам хушбовари ишқ,

Ҷаҳонро дидаам худ ёвари ишқ.

Ба ҳар навъе, ки кардам зиндагонӣ,

Қабули ман набуд ҷуз довари ишқ.

 

 

ҒЕШАВУ РЕША

 

Агар раҳ мебарам дар бешаи ишқ,

Хаёлам мебарад андешаи ишқ,

Ки дар ин олами анбӯҳ ҳатто

Нарӯяд ғеша ҷуз аз решаи ишқ.

 

 

БАҲОРОҒӮШ

 

Чу шохи арғувон гулпӯшам аз ишқ,

Ба бебаргии худ меҷӯшам аз ишқ.

Чу дар ёдам бувад ёди канорат,

Зимистон ҳам баҳороғӯшам аз ишқ.

 

 

ТАМАЛЛУҚ

 

Кунад марде чу бар марде тамаллуқ,

Магар дорад ба мардон ӯ тааллуқ?!

Агар мардист ин сон косалесӣ,

Заифиҳои занҳоро тасаддуқ!

 

 

АФТАД СИТОРА

 

Чу барге мефитад аз шоха бар хок,

Хаёлам, мешавад камтар зи афлок.

Агар аз боми арш афтад ситора,

Чӣ сон таскин диҳам ин қалби ғамнок?!

 

 

ШАРАР

 

Дило, дорӣ дар ин дунё чӣ оҳанг,

Гаҳе шодӣ зи хешу гоҳ дилтанг.

Шарар мехоҳаму аммо, чӣ чора,

Ниҳон бошад шарар дар синаи санг.

 

 

ОЙИНАВУ САНГ

 

Агар ойинаҳо бошанд садранг,

Ба зиште зишту шангуланд бар шанг.

Агар ойинаҳоро акси шом аст,

Ба номи субҳ бояд санг зад, санг.

 

 

ТОҚАТ

 

Чӣ миқдоре тавонӣ буд коҳил,

Зи дарди мардуми бечора ғофил.

Кадомин дил тавонад кард тоқат

Тапиданҳои моҳиро ба соҳил.

 

 

БЕДИЛ

 

Аз он рӯзе, ки шуд мавҷуд бедил,

Даме бе ёри дил н-осуд бедил.

Биё, дар пойи дил, эй ишқ, сар неҳ,

Ки кай як зарра ишқе буд бедил.

 

 

САЛСОЛ Ё ҒАМСОЛ

 

Чу мепурсӣ касеро ҳолу аҳвол,

Бувад аз ғуссаву ғам бепару бол.

Гиле, к-аз он Худо Одам сиришта-ст,

Набуд салсолу оё буд ғамсол?!

 

 

ДИЛ ДИДАН ОМӮЗ

 

Марав роҳе ба ҷуз ҷӯйидани дил,

Ба ҷӯйидан бубин рӯйидани дил.

Агар чашмат бувад дил дидан омӯз,

Зи олам диданат беҳ дидани дил.

 

 

ГУЛПУЛ

 

Ту, эй қаддат ниҳолу қоматат гул,

Саропойи ту афсунсози булбул.

Манам ин сӯйи дарёву ту он сӯ,

Ба сӯят мезанам аз шохи гул пул.

 

 

ҲОСИЛ

 

Чӣ ширинӣ, ту, эй шириншамоил,

Диле набвад, ки набвад бар ту моил.

Намедонам, чӣ мегардад дар охир

Зи майли мову бемайли-т ҳосил.

 

 

ҶАҲОН ХОЛИСТ

 

Ғами дунё бувад дарду ғами дил,

Каму бешаш бувад бешу ками дил.

Ҷаҳони чандмилярда-ст холӣ,

Набошад гар туро як ҳамдами дил.

 

 

БАҲСҲОИ НОТАМОМ

 

Замонҳо баҳс кардам дар масоил,

Мурод аммо нашуд аз баҳс ҳосил.

Бирафтам ман, тамоми баҳсҳо монд,

Ҳамон сон нотамому сахту мушкил.

 

 

БОДИ МУҚОБИЛ

 

Ту бар боди мувофиқ дил манеҳ, дил,

Ки бар авҷат барад на боди муқбил.

Агар азму пари парвоз дорӣ,

Ба гардунат барад боди муқобил.

 

 

СУХАН ГУЛ МЕКУНАД

 

Зи шарми рӯйи ту гул мезанад гул,

Зи шохи қоматат  гул меканад гул.

Чӣ хосият лабонатрост, эй ёр,

Ки дар он ҳар сухан гул мекунад,гул.

 

 

УРЁНШУКУФӢ

 

Ҳамин зардолу аввал мекунад гул,

Ки Наврӯз асту монад дар тағофул.

Сипас шармида аз урёншукуфӣ,

Бипӯшад ҷомаи сабзи таҷаммул.

 

 

ДИЛБАРЕ АЗ БУРҶИ АСАД

 

Аҷаб шере, ки аз мо мебарад дил,

Хиёбон дар хиёбон мечарад дил.

Агар бо ишқ бинвози-ш, ғуррад

В-агар ғуррӣ, ба ҷоят медарад дил.

 

 

МАРГИ ГУЛ

 

Агар фардо асири доғу дардам,

Зи роҳе, ки гирифтам, пас нагардам.

Гули хандидарӯ бо хор мегуфт,

Ҷавон мирам, ки хори кас нагардам.

 

 

НОЗИ СУНБУЛ

 

Худой азбаски булбул офаридам,

Адои хирмани гул офаридам.

Агарчи нолаи дил ҳосилам буд,

Туро аз нози сунбул офаридам.

 

 

ПАЙМОНАИ ЁД

 

Аз он рӯзе, ки дил бар ту ниҳодам,

Агар шодам, ба ғамҳои ту шодам.

Биёву лаб ба лаб оҳиста бигзор,

Ки ман паймонаи лабрези ёдам.

 

 

ҲАДИСИ ДИЛ

 

Куҷоӣ дил, ки аз бедил нависам,

Бубинам одаму аз гил нависам.

Агар ҳам як диле боқӣ намонад,

Ҳадиси дил барои дил нависам.

 

 

НА ЁРОВУ НА ЁРЕ

 

На ёрое, ки ман ёри ту бошам,

Дил аз ту бурда дилдори ту бошам.

Гулу гулбарги бехорӣ, ту, эй ёр,

Биё, эй гул, ки ман хори ту бошам.

 

 

ПОЙБАНД

 

Саломе аз Хуҷандат мефиристам,

Паёме дилписандат мефиристам.

Агар ҷое таҳи пойи ту холист,

Диламро пойбандат мефиристам.

 

 

АФСОНАИ ШАҲРИ ИШҚ

 

Ҷунун дард аст агар, мо аҳли дардем,

Ҷунуни ишқро мо фарди фардем.

Ба ними ҷав хирадмандӣ фурӯшем,

Ба шаҳри ишқи ту  афсона гардем.

 

 

АРЗОНФУРӮШ

 

Гунаҳкорам, гуноҳеро харидам,

Ба сад шодӣ як оҳеро харидам.

Аҷаб ин ёри мо арзонфурӯш аст,

Ба ҷон ними нигоҳеро харидам.

 

 

САДОҚАТ

 

Туро, эй ёри ҷон, миннатпазирам,

Назират не, ки ман ҳам беназирам.

Ҳамин мегӯям аз меҳру садоқат,

Ки ту то зинда бошӣ, ман намирам.

 

 

ОЙИНАГУНА

 

Расад то дар ҳаёт одам ба одам,

Бувад ойинагуна расми олам.

Назар дӯзӣ агар – ҳастӣ, вагарна

Набинӣ – нестӣ, валлоҳу аълам.

 

 

ДАСТГИР

 

Асират ман, агар хоҳӣ асирам,

Амират ман, агар хоҳӣ амирам.

Вале ҷуз соғаре, к-он ҳам шикаста-ст,

Чӣ бошад аз ғами ту дастгирам?!

 

 

ВАЪДАИ ДИДОР

 

Намегӯям, ки ман Маҷнуни даштам,

Вале он қадр муштоқи ту гаштам,

Ки баҳри ваъдаи шакдори дидор

Ҳамон дам аз сари дунё гузаштам.

 

 

РАНҶИШИ БӮСА

 

Рабоӣ ҷонаму гӯям, ки ҷонам,

Дигар ҳаргиз дигаргунат нахонам.

Чӣ ранҷӣ, к-аз лабат бӯсе гирифтам,

Агар хоҳӣ, биё, дар ҷо-ш монам.

 

 

АЗ ИН БЕШАМ…

 

Агар хоҳӣ шукуфтан, ман баҳорам

В-агар хоҳӣ шунуфтан, ман ҳазорам.

Баҳору нағмаву шодӣ манам, ман,

Аз ин бешам, агар бошӣ ту ёрам.

 

 

АЗИЗИ НОЗАНИН

 

Азизи нозанин, нозат кашидам,

Дучандон кардиву бозат кашидам.

Кашидам нозату чашме набудам,

Чиҳо, к-аз чашми ғаммозат кашидам.

 

 

НОЛАВУ ЛОЛА

 

Ману ту шоири ошиқтаборем,

Ки дар дил ишқи садҳосола дорем.

Биё, ҷоно, ба дашти ҳасрати ишқ

Ба ҷойи нола акнун лола корем.

 

 

ПЕШАИ ИШҚ

 

Ба гардун мебарӣ аз остонам,

Баландӣ  медиҳӣ бар достонам.

Чӣ гуна пешаӣ, ишқо, ки теша

Ба сар орӣ фуруд аз осмонам.

 

 

ПАРЧИНИ ЗАМИН

 

Заминам ё ки худ чархи баринам,

Ту месозӣ чунонам, ё чунинам.

Фаро аз ҳафт гардун мебариям,

Ки созӣ боз парчини заминам.

 

 

БЕБОК

 

Гадорӯе набуд дар пушт-пуштам,

Ҳама дасти кушодам ман, на муштам.

На тарси маргам аст охир, ки худро

Ба дасти хеш ман сад бор куштам.

 

 

ВАЪДАИ ШОМ

 

На шом ояд, ки ман шамъе фурӯзам,

На бом ояд, ки сӯяш дида дӯзам.

Чу додӣ ваъдаи шом омадан ту,

Дигар шоме наояд баъди рӯзам.

 

 

ГИРДОБИ ДИЛ

 

Баҳои нози ту донам-надонам,

Туро ҳамрози худ хонам-нахонам.

Ба заврақ дар лаби дарё нишастам,

Ба гирдоби дилат ронам-наронам.

 

 

ОФТОБУ МОҲТОБ

 

Шикоятҳои дил гӯям – нагӯям,

Давои дарди дил ҷӯям – наҷӯям.

Маро бас офтобӣ, дасти кам ту

Макун чун моҳтобе зардрӯям.

 

 

ҶОМИ ЛАБ

 

Азал ҷо кард ишқе дар замирам,

Ки ҳайронам, гадоям ё амирам.

Занам бар санг садҳо ҷоми Ҷамро,

Агар ҷоми лабаш бар лаб бигирам.

 

 

БЕ ОБИ ЧАШМ

 

Хаёли рӯят омад дар суҷудам,

Дили об аз басар ҷорӣ намудам.

Чӣ мешуд ҳоли ин бечораи дил,

Агар бе оби чашмат дида будам.

 

 

ҚАРЗДОРИ ХУБОН

 

Чунон аз ишқи гулрӯён шукуфтам,

Ки аз шарми хазон рӯро нуҳуфтам.

Зи хубон қарздори ҳар ду олам,

Ки байте аз лаке ҳоло нагуфтам.

 

 

ҒАМУ МАЙ

 

На ман аз пеши худ най офаридам,

Худо ҳузни паёпай офаридам.

Барои хотирам ғам офарид ӯ,[5]

Барои рафъи ғам май офаридам.

 

 

ҲАРФИ ЗАРУРӢ

 

Басе шабҳо, ки бедору нахуфтем,

Ба шуғли гавҳарӣ дурре насуфтем.

Агарчи гуфтаву гуфтем бисёр,

Вале ҳарфи заруриро нагуфтем.

 

 

РАМ ГИРИФТАМ

 

Бидидам дарди ёре, ғам гирифтам,

Ки бо ӯ дам барам, ҳамдам гирифтам.

Бурунаш дӯстиҳое ба ман дошт,

Дарунашро чу дидам, рам гирифтам.

 

 

ХАРОШИ УСТУХОН

 

Саропо маҳви пайки орзуям,

Ки дар гулшан гули уммед бӯям.

Ҳавоятро нафас гирам замон, лек

Хароши устухонӣ дар гулӯям.

 

 

ОСМОНИ ҲУБОБ

 

Мапиндор остонат остонам,

Қарини достонат достонам.

Агар абре биборад рӯйи дарё,

Ҳубобе низ гӯяд осмонам.

 

 

КАБӮТАРБОЗӢ

 

Кабӯтарбаччаи чарси дилором,

Ба ин бегонагӣ кай мешавӣ ром.

Кабӯтарбозиям мебояд аз нав,

Агар шоме фуроӣ аз лаби бом.

 

 

ПАЛАНГ

 

Ду пои пеш ҷойи даст дорам,

Қаду басте, ки зебанда-ст, дорам.

Палангам ман, ки баҳри сайди мақсуд

Фақат як дав, фақат як ҷаст дорам.

 

 

ХОНАБАНД

 

Раҳо кардам ҷаҳонро, пас фикандам,

Нашуд, аз шеър аммо дил накандам.

Насибам шуд чунон озодӣ аз шеър,

Ки якумрист карда хонабандам.

 

 

 

КАШФУЛАСРОР

 

Чӣ дорад ҳусни ту асло надонам,

Вале лол аст дар пешаш забонам.

Маро рози ҷамоли хеш бикшой,

Ки дигар кашфуласроре нахонам.

 

 

БАРНАХЕЗАМ

 

Ба ёдат ҳамчу ҷоми рез-резам,

Куҷо аз ёди ту дигар гурезам.

Вале  ёдат саҳар бо ман набошад,

Зи ҷойи хеш ҳаргиз барнахезам.

 

 

БАНДИ МУҲАББАТ

 

Биё аз лобаҳо лабханд созем,

Лаберо бо лабе пайванд созем.

Агар олам канад аз банд-бандаш,

Ҷаҳонро дар муҳаббат банд созем.

 

 

ЁРИ ХАЁЛ

 

Туӣ нозуктар аз тори хаёлам,

Ки баҳри диданат зори хаёлам.

Кунам шукри Худовандат шабу рӯз,

Ки ӯ карда туро ёри хаёлам.

 

 

ДАР ҶОЙИ ҶОН

 

Ватан гуфтам, вале давлат нагуфтам,

Раҳи хоки ватан бо мижжа рӯфтам.

Агар ман дар ватан рӯзе нагунҷам,

Варо дар ҷойи ҷон ҷо дода рафтам.

 

 

ҒУНЧАИ ФИКР

 

Нахуст аз ақлу дониш ҳарф гуфтам,

Садои дил кам, афсӯсо, шунуфтам.

Ба худ чун ғунча печидам ман аз фикр,

Раҳояш кардаву чун гул шукуфтам.

 

 

ОҒОЗУ АНҶОМ

 

Ба дасте шишаву дасти дигар ҷом

Ту медонӣ, чӣ мехоҳам аз айём.

Ба номи ту диҳам оғоз имрӯз,

Ба номи ман ту  фардоро деҳ анҷом.

 

 

РОҲИ ОМАДАН

 

Надонам, то куҷо бошад шитобам,

Зи пушти моҳ ҳамчун офтобам.

Чунон бурдӣ маро аз худ, азизам,

Ки роҳи омадан бар худ наёбам.

 

ЧУ ҚАҚНУС

 

Ман аз илҳому илҳон пар гирифтам,

Ки авҷи пардаи ахзар гирифтам.

Чунон масти наво гаштам, ки рӯзе

Чу Қақнус аз сурудам дар гирифтам.

 

 

СОДАГӢ

 

Сари пул мову ту истода будем,

Ба мавҷи шӯх мо дил дода будем.

Равон буд рӯду ҷон месӯхт моро,

Аҷоиб ташнакому сода будем.

 

 

ХУДОҶӮЁНИ  БЕҒАМ

 

Ба ҷонам з-ин худоҷӯёни беғам,

Ки ёде н-оваранд аз ранҷи одам.

Гарон набвад Худоро ёд кардан,

Ба ёди мардумӣ бошед як дам.

 

 

УМР

 

Магар як лаҳзае ман орамидам,

Агарчи як-ду гул чидам-начидам.

Диламро гулфишон дар пойи Варзоб,

Сарамро қуллаи пурбарф дидам.

 

 

ЗАМОНИ РАФТАНӢ

 

Чу ояд, меравад як рӯз одам,

Бувад ин рафту омад расми олам.

Намемонад нарафта ҳеҷ чизе,

Равад ҳатто замони рафтанӣ ҳам.

 

 

МАН  КӢ  ҲАСТАМ?

 

Лаби ҷӯйи равон бе ту нишастам,

Ба ёдат шохаи ҳулбӯ шикастам.

Шунидам, сабзаҳо дил бо ту баста,

Пас, охир, ин мани ҳайрон кӣ ҳастам?

 

 

ҲАРБИ ЯК БА ЯК

 

Ба ҳарби як ба як хонад дамодам

Туро дар зиндагӣ андӯҳи олам.

Вале холӣ кунӣ як шишаи май,

Дилат холӣ шавад якбора аз ғам.

 

 

ҶОНОШНО

 

Ба садҳо шева Маҷнунро ситоем,

Ки дар ишқу вафо ҷоношноем.

Биёбон дар биёбон ишқ ӯ буд,

Хиёбон дар хиёбон ишқ моем.

 

 

ТУ  ХУШНОЗӢ

 

Баҳорию баҳорат боз хоҳам,

Ту хушнозию бозат ноз хоҳам.

Ту анҷоми суруди мо бихоҳӣ,

Ба ҳар анҷом сад оғоз хоҳам.

 

 

ПАЙҒАМБАРИ  ШОДӢ

 

Ҷаҳон вайрону ободӣ бихоҳам,

Аз он нододрас доде бихоҳам.

Паямбарҳо ҳама буда ғамомӯз,

Яке пайғамбари шодӣ бихоҳам.

 

 

ШОДИИ ОФАРИНИШ

 

Аз он дам лаззати ҳастӣ чашидам,

Ҳама мавҷуди олам шод дидам.

Худоро офариниш шод медошт,

Ки шод аз хоки шодон офаридам.

 

 

ҒАРИБИ ДИЁРИ ХУД

 

Надонам, ноҳабибам ё ҳабибам,

Гарон аз ту вале бошад насибам.

Ғарибӣ ту агар дар мулки ғайре,

Ман охир дар диёри худ ғарибам.

 

 

ОҒӮШИ ПАНОҲ

 

Ба роҳат канда шуд чашми нигоҳам,

Биё, дар хилвати заррини моҳам.

Ҷаҳон ях бандад аз сардии дилҳо,

Бидеҳ дар оғуши гармат паноҳам.

 

 

НОЗУКУ НОЗУКПАРАСТ

 

Чӣ нозук мениҳӣ дастат ба дастам,

Ту нозуктабъу ман нозукпарастам.

Ба барги гул лабат хандида мегуфт,

Ту нозуктарҳу ман нозуктарастам.

 

 

ХАМӮШАТ МЕПАРАСТАМ

 

Фаровон ошиқат, ман дигар астам,

Кӣ донад, бартар астам, камтар астам?!

Гар онон дӯстат доранду гӯянд,

Ман онам, ки хамӯшат мепарастам.

 

 

ДУ ЗЕБАНДА

 

Зи рӯят об мехӯрда нигоҳам,

Ки рӯи дигаре дидан нахоҳам.

Ту зеби мову мо зеби ту дорем,

Биё, бошем, ду зебанда бо ҳам.

 

 

ЧӢ СОЗЕ?!

 

Туӣ, ту, сархати розу ниёзам,

Ҳикоятҳои кӯтоҳу дарозам.

Ба дасти ман чӣ соз астӣ, надонам,

Ки бо лаб ё ба ангуштат навозам.

 

 

ҲАЗОРОВОИ ЗОҒ

 

Сари девори ту биншаста зоғем,

Ба зоғӣ, лек дар ишқи ту доғем.

Ба бемеҳрӣ ту моро зоғ кардӣ,

Вагарна мо ҳазоровои боғем.

 

 

БЕГУНОҲ

 

Агарчи дар назар бе оҳу воҳем,

Вале бар сӯзи худ мо худ гувоҳем.         

Ҳазоронро ба нози хеш куштӣ,

Ту моро зинда кун, ки бегуноҳем.

 

 

БОЛУ ПАРЕ ЗАН!

 

Зи танҳоӣ ба ҷон ойӣ, даре  зан,

Чу паст ояд само, бар он саре  зан.

Магар кирмӣ, ки ту бар худ бупечӣ,

Баро аз хештан, болу паре  зан!

 

 

ҲАРФЕ

 

Чӣ дорад шеваи дидан-надидан,

Дарозе  монда кӯтаҳро буридан.

Зи ман хоҳанд ҲАРФЕ, гар бигӯям,

Магар дорад, кӣ ёрои шунидан?!

 

 

РАВУ ОЙ

 

Агар ойӣ ба кӯи ғуссадорон,

Кунам хоки раҳатро бӯсаборон.

Раву ойи аҷоиб дорӣ, эй ёр,

Равӣ дай ояду ойӣ баҳорон.

 

 

РАНГИНКАМОНИ ОРЗУҲО

 

Зи гардун то замин фасли баҳорон

Парешон мешавад гесӯи борон.

Баро, рангинкамони орзуҳо,

Ба шодиҳои мо - уммедворон.

 

 

ОБ АЗ САР ГУЗАШТУ…

 

Зи як наззораат афрӯхтам ман,

Туро ин шева то омӯхтам ман.

Азизо, дар чӣ об андохтиям,

Ки об аз сар гузашту сӯхтам ман.

 

 

ДАР ФАСЛИ БОРОН

 

Гули гулҳо бувад аз насли борон,

Туӣ покизатар аз асли борон.

Магар рангинкамони чашмам астӣ,

Ки пайдо мешавӣ дар фасли борон.

 

 

ДИНУ ОЙИН

 

Намедонам чӣ дорад дину ойин,

Ки медорад ҷаҳонро шоду ғамгин.

Чу дин набвад, паямбар ҳам набошад,

Паямбарро паямбар мекунад дин.

 

 

ҶОДУГАРӢ

 

Маро ту қиссаи ҳуру парӣ кун,

Бихон афсунаму аз ҳуш барӣ  кун.

Ман аз ҳушёрии олам ба ҷонам,

Биё, дигар маро ҷодугарӣ кун.

 

 

ДИЛСУПОРӢ

 

Туро аз матни гул хуш кардаам ман,

Туро дар батни дил парвардаам ман.

Ту аз ман дил ба майли худ набурдӣ,

Диламро худ ба ту биспурдаам ман.

 

 

БИНВИШТАЮ НАНВИШТА

 

Бидуни ҳарф бояд ҳарф рондан,

Бидуни пояе дар пой мондан.

Ҳама бинвиштаро хондан тавонанд,

Тавон нанвиштаро бояд ки хондан.

 

 

ДУБАЙТИИ ТАҲИ ПО

 

Хушо дилро дар оғӯшат нуҳуфтан,

Шабе то субҳдам бо ту нахуфтан.

Бағалҳоят кашидан бо ғазалҳо,

Дубайтиро таҳи пойи ту гуфтан.

 

 

САР ЗАН

 

Ҷаҳон дорад дигар хӯи дигаргун,

Таровад то кай аз ҷӯи ҷигар хун.

Биё, сар зан ба авҷи чархи гардун,

Ки сар аз баҳри зону нест акнун.

 

 

ЧАТРИ САБЗИ АРЧА

 

Канори кӯҳу рустанҳои торон,

Ба гӯш ояд тараннумҳои борон.

Ману ту зери чатри сабзи арча

Чӣ сон бошем аз парҳезгорон?!

 

 

ҶИГАРДОРОН ҶИГАРХУН

 

Дигар шуд шеваи даврон, дигаргун,

Ҷигардорон шуданд акнун ҷигархун.

Ту, ки дар кӯи адл аз роҳ мондӣ,

Чӣ сон гардонамат, эй чархи гардун?!

 

 

РОЗ

 

Надодиям ҷаҳони дил нишеман,

Бувад, ҳаққо, ҷаҳондорият аҳсан.

Чӣ розе бо ҷаҳон дорӣ, ки дунё

Ба ҳадди дурият дур аст аз ман.

 

 

САВДОИ МУФТ

 

Тавонӣ дасти ҷононе гирифтан,

Надорад аҳду паймоне гирифтан.

Чӣ ёреро чунин муфт аст савдо,

Ки бӯсе додану ҷоне гирифтан.

 

 

НА МАҶНУНУ НА ЛАЙЛО

 

Хиромӣ ту хиёбон дар хиёбон,

Ман овора биёбон дар биёбон.

На ман Маҷнуну на Лайло туӣ, лек

Ниҳем аз чӣ саре ёбон ба ёбон?!

 

 

СУБҲИ Ӯ

 

Насими субҳдам кам-кам гузар кун,

Шаби тори маро кам-кам саҳар кун.

Агар аз шоми мо ӯро хабар нест,

Биё, аз субҳи ӯ моро хабар кун.

 

 

ҶАВОНМАРДӢ

 

Турову бо адолат аҳд бастан,

Чу бандияш, намешояд гусастан.

Дар он майдон, ки майдондор адл аст,

Ҷавонмардӣ бувад худро шикастан.

 

 

НАХУФТАН

 

Баҳор омад, шукуфтан бояд акнун,

Ду ҳарфи ишқ гуфтан бояд акнун.

Агарчи субҳ булбулро барад хоб,

Бари ёре нахуфтан бояд акнун.

 

 

ПАНОҲОН

 

Намегӯям маро ту ину он кун,

Зи шеърам рух намою ҷовидон кун.

Фақат гӯям, паноҳон дар канорат,

Зи чашми одаму олам ниҳон кун.

 

 

НИМИ ИНСОН

 

«Фалони муҳтарам гуфтанд ин сон»,

Чӣ мегӯйӣ, ту худ, эй ними инсон.

Фалонӣ ҳар чӣ хоҳад, бе ту гӯяд,

Ту ҳам бе ӯ бигӯ як ҳарфи шоён.

 

 

ҲАҚИҚАТ

 

Ҳақиқат офтоб асту чӣ инсон

Нигаҳ кардан тавонад рост бар он.

Назар кардан ба сӯяш аз паси абр

Ва ё бо айнаки торик осон.

 

 

РАҲДУР

 

Магар аз хеш розӣ будаам ман,

Магар аз ҷустуҷӯ осудаам ман.

Зи хоболудагон дурам нигаҳ дор,

Ки раҳдури шитоболудаам ман.

 

 

БАҲОИ ЯК НИГОҲ

 

Агар чашмӣ, ба сӯйӣ ӯ назар кун,

Зи шавқи як назар олам дигар кун.

Агар хоҳӣ баҳои як нигоҳаш

Ба ним оне зи ду дунё гузар кун.

 

 

АЗ  ҒАМ ТИҲӢ КУН

 

Ғаме дорам, маро ту дилдиҳӣ кун,

Ба сар соя маро сарви саҳӣ кун.

Чунон саршорам аз ғамҳот кардӣ,

Ки акнунам, биё, аз ғам тиҳӣ кун.

 

 

НАМОНДА  ВАҚТИ  МОНДАН

 

Хирад андар китобу нест хондан,

Чӣ суд аз ин муаммо ҳарф рондан.

Чу ақлат мерасад бар сар, бубинӣ,

Ки шуд умру намонда вақти мондан.

 

 

ЗАВОЛИ ОЛИ СОМОН

 

Набуд ар Рӯдакӣ аз тирачашмон,

Ба чашми хеш меафшонд домон,

Ки дар пирию заъфу нотавонӣ

Набинад ӯ заволи Оли Сомон.

 

 

ҒАМИ ҒАМХОРА

 

Куҷоӣ, эй ғами бечораи ман,

Ки аз туст ин дили садпораи ман.

Ғаме дорам, ки ғамхоре надорӣ,

Ба ғайри ман ғами бечораи ман.

 

 

МАЪНОИ  БУДАН

 

Чӣ сон ишқи туро бояд сурудан,

Ки охир бартарӣ аз ҳар ситудан.

Зи ман сад бор агар боло набудӣ,

Маро оё чӣ маъно дошт будан?!

 

 

РИСОЛАТ

 

Агар ҳам майдаӣ майдон гирифтан

Бибояд, на раҳи сайрон гирифтан.

Агар донӣ, рисолат чист моро,

Заминӣ будану кайҳон гирифтан.

 

 

БАХТИ  ТАНҲОӢ

 

Зи танҳоии танҳо ёфтам ман

Қарори ҷони танҳо, роҳати тан.

Куҷо донӣ, ту ҳайфо, ин чӣ бахт аст,

Ба худ хандидану бо худ гиристан.

 

 

БУБАХШЕДАМ…

 

Шумоён бо ҳаму беҳам манам, ман,

Ки танҳо худ ба худ ҳамдам манам, ман.

Ба ин хилқат агар одам шумоед,

Бубахшедам, ки ноодам манам, ман.

 

 

НОҚОБИЛҚИЁС

 

Зи бӯҳтони ту, эй нодони кавдан,

Нагардад тирарӯ хуршеди равшан.

Ба наздики адаб сад бор беҳ аст

Зи «хушноми»-и ту «бадноми»-и ман.

 

 

САФАР ДАР ХУД

 

Зимистон асту оҳанги дигар кун,

Ҳавои гулшукуфиро ба сар кун.

Агарчи оламеро барф  гирад,

Баҳори лоларо дар худ сафар кун.

 

 

ҲИҶРОНИ ШИРИН

 

Чу ёди ту хаёле нест ширин,

Ки бе фоли ту ҳоле нест ширин.

Мабодо қисматам он сон, ки гӯям,

Чу ҳиҷронат висоле нест ширин.

 

 

БАРҚИ НИГОҲ

 

Ту бо шеър омадӣ дар синаи ман,

Ки рангинтар кунӣ ганҷинаи ман.

Чӣ муъҷиз дошт он барқи нигоҳат,

Ки мисро кард зар, зарринаи ман.

 

 

ХОБИ РӮИ СИНА

 

Бишав, эй ёри нав, деринаи ман,

Ки ту зарринаи ганҷинаи ман.

Агар шаб мерасад, эй кош, бинам,

Барад хобат ба рӯи синаи ман.

 

 

ОИНИ СЕБ

 

Ба шохи қоматат ду себи ширин

Буни куфрам биларзонду буни дин.

Агар як шаб ба лаб гирам ман он себ,

Ба даҳр орам ман он шаб  тоза оин.

 

 

БАЙТИ ТАР

 

Лабат як байти тар шуд дар лаби ман,

Ки шодобу ғазалгӯ шуд таби ман.

Сипас дар косагардонии гардун

Ду ҷоми лаб ба лаб шуд ҳар шаби ман.

 

 

НАВРӮЗӢ

 

Сабоҳат хайр, эй оҳуи заррин,

Фарохо рӯзи ту то Моҳу Парвин.

Зи ту наврӯзие дигар чӣ хоҳам,

Ки ширин омадӣ, шав ёри дерин.

 

 

ДИЛИ РАҚСОН

 

Баҳорию сафар дорӣ ба Қурған,

Ки талҳоро шукуфонӣ чу гулшан.

Ба истиқболи худ дар лолапушта

Ту рақсону шукуфон бин дили ман.

 

 

ХУДСӮЗӢ

 

Ба Наврӯз омадӣ, наврӯзии ман,

Ки сӯзи ишқ кардӣ рӯзии ман.

Дигар гулхан чӣ афрӯзӣ, ки садчанд

Тамошо дорад ин худсӯзии ман.

 

 

БОЛУ ПАР АЗ ТУ

 

Баҳорон омаду омад парасту,

Баҳороғӯш шуд ҷонам пур аз ту.

Пару боле дилам мехост як умр,

Гирифтам як шабе болу пар аз ту.

 

 

МЕОМАДӢ ТУ

 

Гулу булбул, ҳама рафтанд он сӯ,

Ба он сӯ карда шохи настаран рӯ.

Зулоли чашмаҳо ҷорӣ ба он кӯ,

Чӣ шуд?  З-он сӯйи раҳ меомадӣ ту.

 

 

ХОКИ ПОЙ

 

Ба субҳам чун сапеда дар назар ту,

Ба шомам чун шафақҳо  ҷилвагар ту.

Ниҳоят хоки поят мешавам ман,

Ки шояд мекунӣ хоке ба сар ту.

 

 

ХУШГӮ

 

Суман дидам, набуд хушрӯтар аз ту,

Чаман дидам, набуд хушбӯтар аз ту.

Ба бозӣ ҳамдигарро дил фиребем,

Ту хушгӯиву ман хушгӯтар аз ту.

 

 

ГУНҶИШКАК

 

Ба ҳар девору дар сар мезанӣ ту,

Ба сад ҷон гӯиё ҷон меканӣ ту.

Кунун, ки нашнавандӣ наъраи шер,

Чу гунҷишкак чӣ чиқ-чиқ мекунӣ ту?!

 

 

ПЕШАИ ТУ

 

Ҳазорон хуни дил дар гардани ту,

Аҷаб дил бурдану овардани ту.

Биё, чун бурдани дил пешаи туст,

Диле дорам барои бурдани ту.

 

 

ОБИ БЕМИРОБ

 

Вазад тафбоди саргардон ба ҳар кӯ,

Куҷо заврақ расад бесамту бору.

Ҷавонӣ раҳбаре хоҳад, вагарна

Равад чун оби бемироб ҳар сӯ.

 

 

ДАРЁИ БЕСОҲИЛ

 

Ало абри ҳаво, селе бизан ту,

Чӣ нам-нам мезанӣ, хеле бизан ту.

Надорад соҳиле дарёи ин ишқ,

Дило, сӯйи миён беле бизан ту.

 

 

БИЁБОН ДАР БИЁБОН

 

Биё, боре гузар з-ин раҳгузар ту,

Ба сӯйи ман бикун боре назар ту.

Биёбон дар биёбон чанд хушкам,

Ки ман Омуяму баҳри Хазар ту.

 

 

КАФИ ҲИММАТ

 

Маро ойинаи ибрат туӣ, ту,

Мисоли олии иззат туӣ,ту.

Намедонам дигарҳоро чӣ бошӣ,

Маро аммо кафи ҳиммат туӣ, ту.

 

 

БАРГИ ГУЛ

 

Ниҳоли навбари гулпираҳан ту,

Баҳори сабзи гулдаргулбадан ту.

Агарчи чашми дил аз  гул хурад об,

Биё  ин барги гул баркан зи тан ту.

 

 

ПАРИХОНӢ

 

Киро дил медиҳӣ ё мебарӣ ту,

Ки дар ҳусн аз париён дилбарӣ ту.

Бигӯяндам, парихонӣ гузашта,

Чӣ гӯям ман, чу мебошӣ парӣ ту?!

 

 

ҒАМИ ШИРИН

 

Бидонад, ҳар кӣ бошад, ҳамдами ту,

Ки ҳар беше кам аз лутфи ками ту.

Ҳар он, к-ӯ қадри ту донад, ки донад,

Зи ҳар шодист ширинтар ғами ту.

 

 

БИЁ, ЭҲЁ БИКУН

 

Биёву даштро дарё бикун ту,

Биёву гӯшаро дунё бикун ту.

Агар аз назди мо нозон гузаштӣ,

Биёву куштаро эҳё бикун ту.

 

 

МОҲИИ ЯКТО

 

Чу мавҷ ойӣ шикан андар шикан ту,

Ба дарёи дилам гирӣ ватан ту.

Агар бемар бувад моҳӣ ба дарё,

Ягона моҳии дарёи ман ту.

 

 

ШЕЪРИ ҒАМ

 

Ба тарсими сухан дорӣ такопӯ,

Бирав, рози абадро аз азал ҷӯ.

Чу асли шеъри Одам шеъри ғам буд,

Ба шеъри шод ҳам оё расад ӯ?!

 

 

МОИНДАРӢ

 

Ватан, гуфтам, сарамро сарварӣ ту,

Зи ҷону дил азизу бартарӣ ту.

Ба ҷойи модарат хондам, ки имрӯз

Ба ҷони ман кунӣ моиндарӣ ту?!

 

 

МАГАР?

 

Ватан гӯему гардем аз сари ӯ,

Диҳем ин ҷону дил мо аз бари ӯ.

Вале фарзанд агар зору ғариб аст,

Магар хушбахт бошад модари ӯ?!

 

 

ПАСТИИ ТУ

 

Ҷаҳон олуда шуд аз ҳастии ту

Зи ҳирсу озу аз чапдастии ту.

Ба олам ҳеҷ пастие набошад

Ба пастӣ пасттар аз пастии ту.

 

 

ЭЪТИРОЗИ МАҶНУНБЕД

 

Маро доим занад таъни самар ӯ,

Ки бедию  набошӣ борвар ту.

Чӣ донад, бандаи меъда, ки дар даҳр

Зи ишқи Лайлие беҳтар самар ку?!

 

 

СИПЕҲРГУМКАРДА

 

Ҳавои молу зар парвардаӣ ту,

Куҷо хеш оқибат овардаӣ ту,

Ки дунё ҷуставу дар олами хок

Сипеҳри хешро гум кардаӣ ту.

 

 

НОЗУ НОЗАНИН

 

Агар нозе набошад, нозанин ку,

Дили аз нозҳо шоду ҳазин ку?

Гар аз ишқи замин гардун нагиряд,

Табассумҳои гулҳои замин ку?!

 

 

ДАСТИ КАМ

 

Ба дарё даршаву асрор бишнав,

На чун амвоҷ шав рӯ-рӯ раворав.

Зи хас ҳам гар камӣ, боре ба жарфо

Ту дасти кам ба гирдобе фурӯ шав.

 

 

ЧАШМАИ ҶОН

 

Ба боғат омадам чун дузди шабрав,

Лабонат ғунчаӣ, як лаҳза во шав.

Ту нӯшин чашмаиву ҷон диҳам ман,

Бимон аз  нӯши лаб  ҷон гирам аз нав.

 

 

ХОРИ ШУКУФТА

 

Ба шохи қоматат сунбул шукуфта,

Чӣ ҷойи ҳарфи гул, булбул шукуфта.

Агар хоре ба домони ту часпад,

Чу боғе мешавад гул-гул шукуфта.

 

 

ҶОЙИ ДИЛ

 

Дамида рӯди ман, соҳил намонда,

Дар он соҳил яке манзил намонда.

Чунон шуд синаам лабрези ишқат,

Ки ҷо дигар барои дил намонда.

 

 

ДУ МУРҒ

 

Дубайтӣ гӯямат ман ошиқона,

Ки дар сина диҳияш ошёна.

Ду мурғе, к-аз канори дил парида-ст,

Куҷо дорад дигар парвои лона?!

 

МИЁНСОЛӢ

 

Ҷавониям, ки буд бо азму ёра[6],

Пиёда мегузашт аз ҳар савора.

Равам имрӯз ҳам ҳарчанд рӯпеш,

Дамодам пушти сар дорам назора.

 

 

ШАБ

 

Шаб омад, рӯймоли шоли ранга

Сарандозаш, ба нақши танга-танга.

Биё, ин тангаҳоро мо бичинем

Ба даври лаълии маҳтоби янга.

 

 

МОҲИ БЕСИТОРА

 

Ба гирди моҳ гардад моҳвора,

Дили ошиқ ба гирди моҳпора.

Ту ҳар шоме, ки берун мебароӣ,

Равад дар абр моҳи беситора.

 

 

ПИРӮЗ

 

Сурудам мардумиро ошиқона,

Ки шуд дилҳои халқам ошёна.

Алайҳам гар замон пирӯзи рӯз аст,

Манам пирӯзи шаб бар ин замона.

 

 

ТАСБЕҲИ СИТОРА

 

Шаб омад, осмони беканора

Биҳишт ояд маро андар назора.

Ту, эй бонуи зарринмӯйи маҳтоб,

Чӣ мехонӣ ба тасбеҳи ситора?!

 

 

БАРҚИ ЛОЛА

 

Дамида сабзаву гул ёла-ёла,

Ба барги буттаҳо рахшида жола.

Чу Наврӯз аз канори дашт бигзашт,

Даманҳо дар гирифт аз барқи лола.

 

 

ҲАРОС

 

Ҳало, эй марди саркаш, саршикаста

Беҳ аз зору низору паршикаста.

Ҳаросе аз шикастанҳо мабодат,

Дар ин дунёи қалби варшикаста.

 

 

ТУХМИ ИШҚ

 

Худоро муъҷизе бошад фаришта,

Ки аз нури самовоташ сиришта.

Магар, эй ёр, донӣ, тухми ишқат

Кӣ дар марзи дилам з-афлок кишта?

 

 

ГУФТУГӮ

 

- Агарчи покӣ аз ҳуру фаришта,

Бидеҳ як бӯсае моро накушта.

- Магӯ, бо бӯсае сӯзат нишинад,

Ки бо равған  касе оташ накушта.

 

 

ПОСУХИ СИТОРА

 

Чу шаб созӣ ба гардунҳо назора,

Варо бо хеш бинӣ ҳамҷавора.

Ба ҳар ҳарфе, ки бехи гӯш гӯйӣ,

Диҳад чашмакзанон посух ситора.

 

 

МАЪЗУРИ ҲАЛЛОҶ

 

Саре дорам, сари сад дор гашта,

Ки дори даҳр аз он бедор гашта.

Чунон аз ишқи ӯ саршор гаштам,

Ки дил дигар ба ман сарбор гашта.

 

 

ГАРДИ БИҲӢ

 

Куҷо бинӣ дигар хандида писта,

Сари себе зи осебе шикаста.

Касе хоҳад беҳӣ аз рӯзгорон,

Ба рӯяш чун биҳӣ гарде нишаста.

 

 

АҶАБ ДОРАМ

 

Маро аз баҳси мардум дил гирифта,

Ки аблаҳ хешро оқил гирифта.

Така дӯшидаву беде шинонда,

Аҷаб дорам, ки ҳосил ҳам гирифта.

 

 

МОҲИ ДУҲАФТА

 

Туӣ дар осмон моҳи дуҳафта,

Дили ман дар замин сӯзону тафта.

Куҷо сард аст моҳи осмонҳо,

Кунад хокистарам ҳарфе нагуфта.

 

 

НАКҲАТИ ЗУЛФ

 

Ба рӯйи мавҷҳо абре хамида,

Зи чанги бодбон боде рамида.

Зи баҳр ояд насиму накҳати хуш,

Магар зулфи парешонат шамида?

 

 

ДОҒУ АШК

 

Зи тухми кин гиёҳи меҳр руста?!

Агарчи одамӣ сад чора ҷуста.

Вале ашкат илоҷи доғ ҳам нест,

Нагардад доғи хун бо ашк шуста.

 

 

ЗИНДАГӢ – СУРЪАТ

 

Магар боре нишаста дар қатора,

Ту аз дашту даман рафтӣ савора.

Агар суръат туро тунд аст, ҳатто

Дар атрофи ту чархад бурҷу бора.

 

 

ШЕЪРИ ҒУНЧА

 

Навиштан хостам номат ба нома,

Ба ҷои номи ту омад чакома.

Ту шеъри ғунча будӣ дар дили ман,

Ки бишкуфтӣ саҳар дар шохи хома.

 

 

ҲАЗОРОН ГУЛ

 

Гулафшон  шуд чаман, атрат шунуфта,

Лабони ғунчаҳо – рози нуҳуфта.

Агар гулҳо ба навбат мешукуфанд,

Ҳазорон гул туро якҷо шукуфта.

 

 

ХУРШЕДИ ХОНА

 

Чу аз хуршед зан дорад нишона,

Бубояд офтобаш хонд ё на?

Барояд офтоби кишвар аз кӯҳ,

Барояд офтоби ман зи хона.

 

 

ДАЪВАТ

 

Ҳазорон байти дилро, ошиқона,

Равон кардам ба сӯят содиқона.

Гули хатлонии ман, лоақал ту,

Бикун даъват самарқандӣ ба хона.

 

 

ФАРШИ ЛОЛА

 

Ту ҳаждаҳсолаву ман бистсола,

Ба ҳам рафтем рӯзе пушти ёла.

Чу дид он ҳамбари дастобагардан,

Ба таҳ густурд моро фарши лола.

 

 

ҚУДРАТИ ЯК НИГОҲ

 

Зи шаҳр озурдаам, на камтар аз деҳ,

Набуд ҳафт осмон ҳам аз замин беҳ.

Ба сӯям, гар тавонӣ, як нигаҳ кун,

Маро бо ҳар ду олам оштӣ деҳ.

 

 

СУОЛ

 

--Набарда, ҷангро бо худ ту шойӣ,

Ки бар худ ғолибу пирӯз ойӣ.

--Чӣ сон охир ба худ ман ҳарб карда

Шавам ғолиб, ки дар он ҷо ту ҷойӣ?!

 

 

БОЛОВУ ПАҲНО

 

Зи паҳнову баландии заминӣ,

Намедонам, кадомеро гузинӣ.

Ҳамин фарқест дар болову паҳно,

Ки гар боло наӣ, паҳно набинӣ.

 

 

ДАҲРИ ХАРОБ

 

Агар шаҳрӣ, аҷаб шаҳри азобӣ,

Агар наҳрӣ, аҷаб наҳри саробӣ.

Ба ин озу гадорӯии табъат

Агар даҳрӣ, аҷаб даҳри харобӣ.

 

[1] Аз Протогор, файласуфи Юнони қадим

[2] Рев – макру фиреб

[3] Бору – девор 

[4] Таъбир аз Бозор Собир

[5] Бедил гуфта:

Барои хотирам ғам офариданд.

[6] тавоноӣ, ҷуръат