Ашот Сагратян

 БАРОИ АСКАР ҲАКИМ

 Замоне ки замин буд бехабар аз коғазу аз хат,

Замоне ки халоиқ бехабар з-имлову иншо буд,

Ба худ маъво дар оташхонаҳо бигрифта рӯзу шаб,

Нигаҳдорандаи мероси мардум муғ ба дунё буд.

 

Миёни ҷону тан тавфиқ дидан орзушон буд,

Ва инро то кунун хоҳанд дар ин олами фонӣ.

Қарореро намедонанду дар часпу талошастанд

Барои иттифоқу иттиҳоди ҳар тану ҷоне.

 

Ва мебинанд инро дар рагу пай, печу тоби хун,

Ба ҳар як зодаи муғ рози ин гардиш бувад равшан.

Ибодатхонаро муғ карда маъво, бесабаб набвад,

К-ибодат медиҳад осудагӣ муғро ба ҷону тан.

 

Ибодат баҳри ҳар як муғ бувад мероси аҷдодӣ,

Ибодат баҳри ҳар як муғ бувад шуғли басо дилбанд.

Ибодат ҳар касеро мебарад то осмон боло,

Ибодат медиҳад ҳар обидеро бо Худо пайванд.

 

Вале ҳар он чӣ медонистӣ з-асрори азал Зардушт,

Муяссар гашта буд ӯро фақат бо ақлу идрокаш.

Бувад ӯ аввалин пайғамбар аз пайғамбарон моро,

Зиҳӣ бар гуфтаву кораш, равонии қудсии покаш.

 

Ту гӯӣ чашми Яздон буд худ ӯ, нури имон буд,

Мақом ин сон муяссар кай шавад бар зодаи одам.

Суханҳояш пур аз ҳикмат, «Авасто» – рӯди илҳомаш,

Зи нури ҳикматаш равшан бувад ҳар гӯшаи олам.

 

Тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат