Озарахш

 Номаат аз ҳар ду сӯ номи худатро дошт:

Гуфтугӯи як мунаққид буд бо шоир,

Суҳбати Аскар Ҳакиме бо Ҳаким Аскар,

Дар ҷавоби моҷарое бесару охир.

 

Қиссат аз қиссаи соҳибкаломе буд,

Дар ҷаҳони ғайбату ҳангомаҳои пуч

Доштӣ исён вале бо эҳтироме хос

Пираҳан медӯхтӣ бар ҳарфҳои луч...

 

Мекашидӣ бо тарозуофтоби хеш,

Аз дили баҳри дамонат ганҷҳоеро

Мениҳодӣ санги худро ҳамчунон алмос,

Менамудӣ кори гавҳарсанҷҳоеро:

 

Эй азизон, мо агар аҳли адаб бошем,

Байнамон ин кинаву рашку танаффур чист?

Он, ки ин ҷо жожҳо по дар ҳаво хояд,

Мешиносад, аз қалам фарқи қаламфур чист?

 

Эй азизон! Мактаби Айнист ин мактаб!

Дарси Турсунзодаро боре ба ёд орем,

Дур не, аз сарнавишти Лоиқи ошиқ,

Чашмаи сарводаро боре ба ёд орем...

 

Эй азизон! Ман шуморо дӯст медорам,

Ончуноне, ки қаламрову қаламкашро

Мешиносам! Мешиносам ҷумла бар ҷумла,

Ончуноне, ки аламрову аламкашро...

 

Номаат аз ҳар ду сӯ номи худатро дошт:

Гуфтугӯи як мунаққид буд бо шоир,

Суҳбати Аскар Ҳакиме бо Ҳаким Аскар,

Дар ҷавоби моҷарое бесару охир...